7 декабр 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пажўҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар»

6741
Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар»

Директори ҶСК ШАҲРОФАР
Шамсидинов Тоҷидин Сайфидинович


АСОСГУЗОРИ ЛОИҲАКАШИИ БАНАҚШАГИРИИ ШАҲРСОЗӢ ВА СОХТМОНИ
БИНОВУ ИНШООТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шаҳрофар” ҳамчун сохтори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи шаҳрсозӣ пеш мебарад, фаъолияти худро асосан ба таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, ки маҷмӯан ҳуҷҷатҳои бо тартиби муқарраршуда тасдиқгардидаи банақшагирии шаҳрсозии рушди ҳудудҳо, маҳалҳои аҳолинишин, бунёди биноҳо, сохтмон ва таҷдиди объекти мушаххасро дар бар мегирад, равона намудааст. Ба таърихи беш аз 90-солаи мавҷудияти Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии давлатии «Тоҷикгипрострой» (ҳоло Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар») навоварӣ ва дастовардҳои зиёди шаҳрсозӣ, меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд мебошад. Бо танзими дурусти фаъолияти лоиҳакашӣ суръати рушди бемайлони сохтмони асосӣ, тайёр намудани мутахассисони маҳаллии шаҳрсозӣ, меъморию сохтмонӣ, ташкили соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти сохтмонӣ бо таъсиси ташкилоту корхонаҳои лоиҳакашии давлатию ғайридавлатӣ ташаккул меёбад. Бинобар ин, бо эътимод Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар»-ро на танҳо асосгузори кори лоиҳакашӣ, ки дар баробари фаъолити доимии худ вазифаи ҳудудиро оид ба шаҳрсозӣ ва сохтмони манзилию шаҳрвандӣ дар кишвар пеш мебарад, балки тарбиятгоҳи мутахассисони баландихтисоси соҳа ном бурдан мумкин аст. Ҳоло бо ифтихор гуфтан мумкин аст, ки қариб дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он (ИМА, Канада, Олмон, Русия, Украина ва ғайра) лоиҳакашон ва муттахассисони баландпояи ҶСК «Шаҳрофар» бо муваффақият фаъолият доранд ва ҳунуари онҳо намунаи санъати баланди меъморӣ гардиданд. Дар ин қатор Ерзовский Э.В., Пархов Ю.Л., Кауда Т., Куршеитов О., Пашков В., бародарон Безлаковский В. ва Безлаковский И., инчунин бисёр дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки дар рушди меъмории миллӣ ва муосири Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Аз рӯи аксҳои бинову иншооте, ки Ҷамъият то имрӯз лоиҳаи онҳоро барои минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда дар амал татбиқ намудаанд, таърихи ба амал омадан ва рушди мамлакатро дар давраҳои гуногун омӯхтан мумкин аст. Лоиҳаҳои офаридаи аввалин мутахассисони варзида, ки солҳои сиюми асри гузашта аз Санкт-Петербург ба Тоҷикистон омада дар таъсисёбии шаҳрҳои нав асос гузоштаанд ва баъдан меъморони эъҷодкорӣ дигар бо санъати баланди меъморӣ биноҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи ба номи А.Фирдавсӣ (ҳоло Палатаи ҳисоб), Филармонияи Тоҷикистон (ҳоло телевизиони «Сафина», Донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва тиббии Тоҷикистон, Осорхонаи кишваршиносӣ (ҳоло Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон), меҳмонхонаҳои «Пойтахт» ва «Авесто», Қасри маданият ва иттифоқҳои касаба (ҳоло филармонияи Тоҷикистон), Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Чойхонаи «Роҳат», маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод», «Кохи Ваҳдат», Марказҳои ҳисоббарорӣ дар кӯчаи Рӯдакӣ, Бонки сохтмонӣ ва маркази Идораи оморӣ, Маркази давлатии «Табиат», биноҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Иттифоқи нависандагон, истироҳатгоҳи Хоҷа-Обигарм, Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, хонаи маърифат дар шаҳри Хоруғ, хонаҳои истиқоматии 4, 5, 8-9, 12-16 ошёна барои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сохта ба истифода дода шудаанд. Дар таҳия ва сохтмони ин бинову ишооти азим меъморони варзида ба монанди Ерзовский Э.С., Пархов Ю.Н., Исоева С.Д., Ламкин А.И., Пашков В.И., Бобосаидов М., Губиш Г.В., Безлаковский В.Я., Безлаковский И.Я., Максимов Н.С., Подопригора А.А., Ткаченко А.А., Финогеев А.В., Макуха А.И., Кокалевский О.А., Введенская И.А., Еременко В.Ф., Куршеитов О., Николаев А.П., Чеканов В.Г., Солиҳов Э.С., Бирюков В.И., Морозов В.В., Юлдошев В.А., Потехина Т.Ф. ва муҳандисон Авгитов Л.Г., Хомяков В.М., Вавилов И.С., Бирюков В.М., Новокрещенов С.В., Рустамкулов М.И., Вавилова П.А., Микалаускейне Р.С., Смайлов А.С., Гимелштейн Л.И., Гимелштейн В.И., Политова В.Ф., Афанасева Ф.А. ва Потехин Ю.С., Ишанов Б.М. саҳмгузорӣ намуданд.

Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар»

Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар»

Дар солҳои 1991 - пас аз ба даст омадани Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сабабҳои гуногун як қатор мутахассисон ҷумҳуриро тарк намуданд, ки ин ба рушди соҳа бетаъсир намонд. Бо вуҷуди ин, дар пажӯҳишгоҳ мутахассисони озмудае дар кор монданд, ки метавонистанд мустақилона аз уҳдаи таҳияи лоиҳаҳои сатҳи баланди шаҳрсозию меъморӣ ва сохтмонӣ баромада дар ин давраи ҳасос рушди соҳаи лоиҳакаширо таъмин намоянд. Симои имрӯзаи шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Истаравшан, Исфара, Гулистон, Бӯстон, Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат ва дигар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо гувоҳи он аст, ки дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротҳои зийде ба амал омада, намои онҳо аз назари эстетикӣ хело ҷолиб ва хусусияти миллиро доро гардидаанд. Дар ин самт саҳми арзандаи ҶСК «Шаҳрофар»-ро, ки дар он мутахассисони ботаҷриба ба монанди Ишанов Б.М., Бобосаидов М.Б., Примқулов Э.М., Файзуллоев Қ., Суяров С.Ҷ., Филиппова Т.Б., Письменская Т.Б., Давлатова Г.Х., Юлдошев В.А., Азаматова Е.А., Рашидбеков Ҷ.А., Исҳоқов Ю.С., Саидмуродов Х., Ҳомидов Д., Мирзоева Х., Абдуллоев А.Ӯ., Буровсева О.Н., Мелюшкина М.Н., Одинаева М.Н., Назирова Ф.К., Гуля С., Ёгибеков С., Набиев Ш., Раҷабов А., Хасанов Ф.Н., Хасанова З., Мирсаидова М.У., Исмакова Д.А., Муродов Р., Асоев М. ва дигарон дар ин давра кору фаъолият намудаанд, эҳсос намудан мумкин аст.

Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар»


Ба ин нигоҳ накарда, солҳои 1992 – 1994 пажӯҳишгоҳ дар баробари ба қадри зарурӣ надоштани фармоишҳои лоиҳавӣ бо норасоии кадрӣ низ рӯ ба рӯ шуд, ки ин дар як давраи муайян ба фаъолияти Ҷамъият таъсири ҷиддӣ расонид. Аз 600 нафар лоиҳакашони пуртаҷриба 450 нафарашон аз кор рафта, танҳо 150 нафари онҳо дар пажӯҳишгоҳ монданд, ки дар байни онҳо мутахассисон ва таҳиягарони баъзе аз қисматҳои махсуси лоиҳаҳо намерасиданд. Хушбахтона, ба туфайли андешидани тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ мушкилиҳои бамиёномада ҳаллу фасл гардида, иқтидорҳои лоиҳакашии ҷумҳурӣ нигоҳ дошта шуданд, ки имрӯзҳо бо омадани кадрҳои ҷавони болаёқат сафи онҳо пурра гардида аз ӯҳдаи таҳияи лоиҳаи мушкилтарин бинову иншооти меъморӣ ва муҳандисӣ ба осонӣ мебароянд.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки пас аз ҷаласаи таърихии 16-уми Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъият оид ба барқарорсозии хоҷагии халқ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба кор шурӯъ намуда, дар муддати кӯтоҳ як қатор корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯиро оид ба барқарорсозии биноҳои зарардида ба анҷом расонид. Дар ин радиф, таҳияи лоиҳаҳои мустаҳкам намудани конструксияҳо ва таъмиру таҷдиди бинову иншооти муҳим дар шаҳру ноҳияҳои Кӯрғонтеппа (Бохтар), Ёвон, Колхозобод (Ҷ.Балхӣ), Шаҳритуз, Қубодиён, Рашт ва Кӯлоб ба роҳ монда шуданд. Барои як катор иншооти шаҳракҳои Балҷувон, Шӯрообод (Шамсиддин Шоҳин), Комсомолобод (Нуробод) ва ноҳияҳои водии Рашт, шаҳрҳои Кӯлобу Кӯрғонтеппа (Бохтар) ва минтақаҳои дигари вилоят маводи лоиҳавию харҷномавӣ, «Феҳристи ягона барои блоксексияҳои калонҳаҷми 5-9 ошёнаи силсилаи 165» ва қолиби яклухт барои хонаҳои 2- ошёнаи деҳот таҳия карда шуданд.

Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар»

Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар»

Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар»

Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар»

Қайд кардан бамаврид аст, ки нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ асосан аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар» тарҳрезӣ карда мешаванд. Дар ин самт Ҷамъият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона корхонаи касбӣ мебошад, ки базаи мустаҳаками моддию техникӣ ва зеҳнии худро то ҳоло нигоҳ доштааст. Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъият таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳои генералии марказҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро ба роҳ монда, то имруз 65 нақшаи генералиро ба анҷом расонидааст, ки аз он 64 нақшаи генералии марказҳои шаҳру ноҳияҳо бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд (нақшаи генералии маркази ноҳияи Данғара ба анҷом расида ҷиҳати пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида омода карда шудааст). Ҳамзамон, дар ин давра Ҷамъият тарҳи банақшагирии гурӯҳи ноҳияҳои маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, гурӯҳи ноҳияҳои маъмурии минтақаи Кӯлоб, гурӯҳи ноҳияҳои маъмурии минтақаи Бохтар ва гурӯҳи ноҳияҳои маъмурии шаҳри Душанберо пурра ба анҷом расонида барои мувофиқасозӣ ва тасдиқ пешниҳод намудааст.

Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар»

Дар давраи солҳои 2002-2030 дар ВМКБ нақшаҳои генералии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Рошткалъа, Рӯшон, Шуғнон, Ванҷ, Мурғоб ва Дарвоз, дар вилояти Суғд шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Конибодом, Истиқлол, Панҷакент, Бӯстон ва ноҳяиҳои Ашт, Спитамен, Ҷ.Расулов, Зафаробод, Шаҳристон, Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Деваштич ва Айнӣ, дар вилояти Хатлон шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Левакант, Норак ва ноҳияҳои Данғара, Балҷувон, Ш.Шоҳин, Муъминобод, Темурмалик, Восеъ, М.С.Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Ёвон, Хуросон, А.Ҷомӣ, Ҷайҳун, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён, Носири Хисрав, Шаҳритуз, Панҷ ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Роғун ва ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Файзобод, Рӯдакӣ, Варзоб ва Шаҳринав таҳия шуданд. Дар таҳияи нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд, ки аз ҷониби “Суғдшаҳрофар” таҳия гардидааст, мутахассисони ҷамъият ҳамчун муаллифи лоиҳа бевосита иштирок намудаанд. Ҳамзамон, мутахассисони Ҷамъият дар мавриди тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо тахиягари он – пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСП “Гипрогор”-и шаҳри Москва ҳамкорӣ намуда ёрии амалӣ расониданд.

Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар»

Ҷамъият, дар таҳияи лоиҳаи иншооти нодир – Маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ ва ваҳдати миллӣ, ки ба муносибати 1100-солагии Давлати Сомониён дар шаҳри Душанбе бунёд гардидааст, иштирок ва саҳми худро гузоштааст. Муаллиф ва сармеъмори лоиҳа Лауреати ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, академик Зуҳуриддинов Б.А., меъморон Юсупов З.Р., Зуҳуриддинов С.А., Сайфитдинов И., сарконструктор Ишанов Б.М. ва муҳандисон Филиппова Т.Б., Доронина Л.Б.мебошанд.

Ҳамзамон, солҳои охир лоиҳаҳое, ки бо ширкатҳои Федератсияи Русия, Олмон, Туркия, Куриё, Франсия, Қатар, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Узбекистон ва ғайра таҳия шуданд, бо дар назар доштани шароити маҳалл аз тарафи Ҷамъият барои сохтмон дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ карда шудаанд. Меҳмонхонаи 5-ситорадори «Ҳаят», маркази дафтари «Созидание» дар кӯчаи Айнӣ, терминали нави фурудгоҳи байналхалқӣ, шаҳраки «Диёри Душанбе» дар тӯли кӯчаи Н. Ганҷавӣ, маркази саломатӣ дар ноҳияи Қубодиён, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Спитамен, бинои истиқоматии 25-ошёна ва маркази савдо дар шаҳри Хуҷанд ва ғайра мебошад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи сохтмони Корхонаи саноатии истеҳсоли тилло ва сурма дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ бо ҶСП «Талко Голд», ки масъули лоиҳакашӣ ва воридоткунандаи технология мебошад, лоиҳаи корхонаи истеҳсолии нассоҷии ҶДММ “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил” дар ноҳияи Данғара, қисми асосии корҳои лоиҳакашӣ ва мутобиқатсозӣ аз ҷониби Ҷамъият ба иҷро расидаанд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо ширкати IPPR-и Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 2020 таҳия ва мутобиқсозии лоиҳаи бинои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми пурра ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими мазкур тавассути ширкатҳои чинӣ ба роҳ монда шудааст.

Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар»

Дар давраи солҳои 2010 барои таъмини оилаҳои аз офати табиӣ зарардида ва дастгирии оилаҳои фавтидаи ноҳияи Ванҷ аз тарафи Ҷамъият қисми зарурии нақшаи генералӣ оид ба сохтмони хонаҳои истиқоматӣ таҳия гардида, ба фармоишгар пешниҳод карда шуд. Моҳҳои май-июни ҳамон сол барои таъмини оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида ва дастгирии оилаҳои фавтидаи шаҳри Кӯлоб саривақт лоиҳаи хонаҳои якошёна бо истифода аз масолеҳи асосии сохтмонии дастрас (семент, оҳан, бетон, хишт ва шифер), ҳамзамон нақшаҳои генералии зиёда аз 15 мавзеи нав дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ ва Шӯрообод саривақт омода ва пешниҳод карда шудаанд. Инчунин, дар солҳои 2020-2021 мутахассисони Ҷамъият дар ҳайати гурӯҳҳои корӣ ба маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои аз офатҳои табии зарардидаи Кӯлоб, Хуросон, А.Ҷомӣ, Вахш ва дигарҳо сафар намуда, лоиҳаҳои биноҳои истиқоматии ба талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ҷавобгуйро пешниҳод намуданд.

Мустаҳкам намудани сафи кормандон ва тарбияи мутахассисони ҷавон дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ, ҷалби онҳо ба илму касбомӯзӣ ва тарғиб намудани тарзи зиндагии солим, пайваста ба ин баланд бардоштани сатҳи маърифати кормандон, яке аз омилҳои асосӣ дар Ҷамъият мебошад. Дар давраи солҳои истиқлолият афзудани сафи кадрҳои ҷавону болаёқат аз ҳисоби хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар назаррас мебошад. Масъалаи тайёр намудани меъморон, кадрҳои муҳандисӣ ва мутахассисони дигар соҳаҳои махсус барои фаъолият дар Ҷамъият дар маркази таваҷҷӯҳ мебошад. Барои омӯхтани таҷрибаи пешаздипломӣ бо ташкили маслиҳат ва роҳбарӣ кардан оид ба таҳияи диплом дар Ҷамъият шароит фароҳам оварда шудааст. Мутахассисони соҳибтаҷриба комиссияҳои имтиҳонии давлатиро оид ба ҳимояи дипломи муассисаҳои олии таълимӣ роҳбарӣ намуда, бо мақсади тадбирҳои интихоби касбу ҳунар барои мутахассисони ҷавон вобаста ба фаъолияти минбаъда дар соҳаи сохтмон ва меъмории ҷумҳурӣ ҷаҳду талош меварзанд.

Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар»

Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар»

Ҳоло Ҷамъият дорои иқтидори кофии мутахассисони соҳибтаҷриба, насли навраси лоиҳакашон ва шароити зарурӣ барои фаъолият мебошад. Барои ҳалли масъалаҳои минбаъдаи шаҳрсозӣ, тарҳрезӣ ва таҳияи бинову иншоотҳои муҳим ва масъулиятнок Ҷамъият пурра омода мебошад. Ҳамзамон, фаъолияти ҳамарузаи ҳайати кории Ҷамъият ба рушди соҳаи лоиҳакашӣ, бо нигоҳ доштану ташаккул додани анъанаҳои дар фаъолияти бисёрсолаи худ афзуда, нигаронида шудааст. Барои кори эҷодӣ ба шӯъбаҳои банақшагирӣ ва истеҳсолӣ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Вобаста ба лоиҳакашии муосир Ҷамъият бо компютерҳо, дастгоҳҳои пуриқтидори техникӣ, чопию муқовабандии электронӣ, инчунин дигар воситаҳои зарурӣ таъмин буда, аз технологияи пешрафтаи соҳа бархурдор мебошад. Лоиҳаҳои шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ бо истифодаи таъминоти барномавии AutoCAD, ArchiCAD, CorelDRAW, Photoshop, 3ds max, Лира ва ғайра таҳия карада мешаванд.

Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар»

Дар даврони Истиқлолият мутахассисони Ҷамъият таҳияи даҳҳо бинову иншооти таъиноти маъмуриву ҷамъиятӣ, фарҳангию фароғатӣ, таълимию тарбиявӣ, истиқоматию иҷтимоии сатҳи ҷумҳуриявиро саривақт ва бо сифати баланд таҳия намуда ба фармоишгарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ пешниҳод намудааст. Аз ҷумла, лоиҳаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмааи Шаршара, Гимназия барои кӯдакони болаёқат ва бинои баландошёнаи «Душанбе-плаза», маҷмааи манзил «Пойтахт-80», биноҳои истиқоматии баландошёна дар кӯчаҳои Бухоро, М.Турсунзода, Ҳувайдуллоев, Н.Махсум, гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе, Театри мусиқию драмавӣ дар шаҳри Бохтар, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳринав, Боғи фарҳангию фароғатӣ ва варзишгоҳ дар шаҳри Ваҳдат, Бинои маъмурӣ ва таълимии Донишкадаи тиббии Тоҷикистон бо маҷмааи муҷассамаи Абуалӣ ибн Сино, инчунин, бинову иншооти мухталиф ва гулгаштҳо дар маҳаллаҳои нави шаҳраки Нуробод, шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ, Хуҷанд, Роғун ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳамзамон, барои таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз бо азнавсозии Ипподроми шаҳри Душанбе лоиҳаи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бо маҷмааи варзишӣ ва фароғатию фарҳангӣ аз тарафи мутахассисони Ҷамъият таҳия шуда мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини маҳалҳои аҳолинишин бо инфрасохтори иҷтимоӣ аз ҷониби Ҷамъият лоиҳаҳои як қатор иншооти муҳимтарин ба монанди муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, тандурустӣ, коммуналию маишӣ ва ғайраҳо таҳия карда шуда, барои истифодабарӣ дар маҳал ба вебсайти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст. Ҳамзамон, вобаста ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ лоиҳаҳои муосири инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия ва пешниҳод карда шуда, барои такрористифодабарӣ лоиҳаҳои биноҳои истиқоматии паст ва миёнаошёнаи намунавӣ таҳия ва бо дастрасии хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ барои дар ҳолатҳои фаврӣ истифода намудан ба Кумита пешниҳод карда шудаанд.
Дар давоми сол дар Ҷамъият даҳҳо лоиҳаи иншооти муҳим бо таъминоти инфрасохтори муҳандисӣ қариб дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия мешавад ва дар онҳо назорати муаллифӣ ба роҳ монда шуда, новобаста аз шакли моликият назорати иҷрои талаботҳои лоиҳавӣ дар рафти сохтмони иншоот бо таври зарурӣ дар асоси шартномаҳо ба роҳ монда шудааст. Баҳри омӯзиши навовариҳои соҳа ва баланд бардоштани донишу малака мутахассисони Ҷамъият дар машварат намоишгоҳҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.
Даврони истиқлолият барои Ҷамъияти «Шаҳрофар» ин марҳилаест, ки ҳар соли он пур аз муҳимтарин рӯйдодҳост, зеро он бо ташаккули соҳаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистони соҳибистиқлол, тасвири меъморию бадеии шаҳру деҳот, ки дорои таъриху фарҳанги дерина мебошад, алоқаманд мебошад. Вусъат бахшидани фаъолият дар самти сохтмону меъморӣ таҳти сиёсати пешгирифтаи созандагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷаи Ҷамъият буда, минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар рушду нумӯи ватанамон бо дастовардҳои назарраси истеҳсолӣ, бо рӯҳи болида ва меҳнати ғайратмандона саҳмгузор бошем.

Бигзор, давлати тоҷикон, ки пайки ҷовидонист, то абад устувору поянда бошад!




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво