6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»

9159
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»

Эмомзода Алишер Ёфтулло

Директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Корезлоиҳа"



Маълумотнома оид ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Корезлоиҳа"

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа» таърихи зиёда аз 54-сола дошта, ҳамчун пажӯҳишгоҳи ковтуковӣ ва лоиҳакашии соҳаи таъмини об ва рафъи партовобҳо кору фаъолият менамояд.
Аз соли 1966 ҳамчун шӯъбаи лоиҳакашии марбут ба Пажӯҳишгоҳи давлатии «Союзводоканалпроект» - и умумииттифоқӣ дар шаҳри Душанбе ташкил ёфт. Аз соли 1988 ҳамчун пажӯҳишгоҳ аз ҳайати «Союзводоканалпроект» баромад ва ҳамчун Пажӯҳишгоҳи илмӣ, ковтуковӣ ва лоиҳакашии Ҷамъияти саҳомии навъи кушодаи «Водоканалпроект» - и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз 3 августи соли 2010 дар асоси Қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №37 Ҷамъияти саҳомии навъи кушодаи «Водоканалпроект» барҳам дода шуд ва ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа» табдил ёфт.


Тибқи фаъолият ҷамъият корҳои зеринро иҷро менамояд:
– Корҳои илмию-тадқиқотӣ дар соҳаи таъмини об ва рафъи партовобҳо;
– Кофтукови топогеодезикӣ;
– Кофтукови муҳандисию геологӣ;

Лоиҳакашӣ
– иншоотҳои обгирӣ ва обфишорҳо
– коллекторҳои системаҳои таъмини об ва рафъи партовобҳо;
– системаҳои таъмини об ва рафъи партовобҳои шаҳрҳо, касабаҳо ва қишлоқҳо;
– иншоотҳои барои тайёр намудани оби нӯшокӣ ва софкунакҳо;
– лоиҳаи биноҳои маъмурию иҷтимоӣ;
– парма кардани ҷоҳҳои обӣ;
– мустаҳкам намудани соҳилҳои дарёҳо;
– муҳофизати электрокимиёвии шабакаҳои муҳандисӣ
– Системаи дарунии обтаъминкуни ва рафъи партовобии ҳамагуна биноҳо ва иншоотҳо;
– Системаи сухторхомӯшкунии биноҳо ва иншоотҳо.

Назорат дар сохтмон
– Бурдани назорати муаллифи дар сохтмон
– Бурдани назорати техники дар сохтмон

Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа» зиёда аз 57 кормандон кор ва фаъолият мебаранд. Аз онҳо 40 нафар муҳандиси сохтмон дар ҳар гуна ихтисосҳо мебошанд.

Ҳамчун Пажӯҳишгоҳи илмӣ-истеҳсолӣ ба Ташкилотҳои лоиҳа¬кашии марбут ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишгарон оид ба масъалаҳои лоиҳасозии иншоотҳои таъмини об ва рафъи партовобҳо кӯмак мерасонад ва бо масолеҳи меъёрию лоиҳавии пажӯҳишгоҳ таъмин менамояд.

 Барои таҳияи лоиҳаи коллекторҳои системаи таъмини об ва рафъи партовобҳо муҳандисони ҷамъият рӯ ба таърихи пайдоиши обҳои ҷорӣ меоранд. Обҳои ҷорӣ метавонанд ба гурӯҳҳо ҷудо шаванд, ба монанди маишӣ, истеҳсолӣ ва атмосферӣ
 – оби ҷории маишӣ ба биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва комму¬налӣ (ҳаммомҳо, либосшӯйхонаҳо ва ғайра), инчунин хонаҳои маишии корхонаҳои саноатӣ дода мешавад. Ин обҳои ифлосе, мебошанд, ки ба шабакаҳои обпарто аз таҷҳизотҳои санитарӣ (дастшӯякҳо, ваннаҳо, унитазҳо ва ғайра) рехта мешаванд
 оби ҷории истеҳсолӣ дар рафъи истеҳсолот ба вуҷуд меояд. Ба онҳо маҳсулоти молӣ, ба монанди маҳсулоти технологии коркардшуда ва обҳои шустушӯйкунанда, молхонаҳо ва хонаҳои истеҳсолӣ, инчунин тозакунӣ ва хунук намудани партовобҳои газмонанд, тоза кардани партовобҳои сахт ва кашондани он дохил мешаванд
 обҳои ҷории атмосферӣ дар рафти боронгарӣ.

Дар лоиҳасозии чунин иншоотҳо ҳамаи ҷабҳаҳои илмии онро ба инобат мегиранд ва лоиҳаҳоро омода намуда, пешкаши фармоишгар менамоянд.

ШЎЪБАҲОИ ҶАМЪИЯТ
• Шӯъбаи обтаъминкуни ва рафъи партовобҳо
• Шӯъбаи комплексӣ
• Шӯъбаи ковтуковии муҳандисии геодезӣ
• Шӯъбаи ковтуковии муҳандисии геологӣ
ЎҲДАДОРИҲОИ ШЎЪБАҲО
ШЎЪБАИ ОБТАЪМИНКУНИ ВА РАФЪИ ПАРТОВОБИ
• Таҳияи лоиҳаи обгирҳои зеризамини ва руйизамини
- чашмаҳои бароянда ва фурураванда;
- зеризамини то чуқурии 150м;
- ҷуйҳо;
- дарёҳо,
- каналҳо,
- кулҳо;
- обанборҳо.
• Таҳияи лоиҳаи истгоҳҳои таёркунии обҳои нушоки ва партовоби
- барои ҷамоатҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо
- барои истироҳатгоҳҳо, бустонсаройҳо;
- барои биноҳои маиши, истеҳсоли, ҷамъияти
- барои истироҳатгоҳҳо, бустонсаройҳо;
- барои биноҳои маиши, истеҳсоли, ҷамъияти
- Иншоотҳои обфишорҳои обтаъминкуни ва рафъи партовоби
- бе маҳдудияти истеҳсолнокиаш;
- бо фишори то 500м;
- рӯизамини ва зеризамини
- Ҳавзҳои захира ва танзимии оби нушоки
- бе маҳдудияти ҳаҷми об;
- аз конструксияҳои оҳану бетони, оҳани;
- Ҳифзи санитарии обгирҳо ва истгоҳҳои таёркунии обҳои нушоки
- Сухторхомӯшкунии биноҳо ва иншоотҳо
- тариқи обпошии дасти;
- тариқи обпошии автоматикии оби, гази, хокагин, кафин

ШЎЪБАИ КОМПЛЕКСИ
• Таҳияи лоиҳаҳои биноҳо ва маҷмааҳо
- истиқомати;
- маиши;
- ҷамъияти;
- истеҳсоли;
- ҳарби;
- сиҳатбахши (оздоровительные);
- маъмурӣ

ШЎЪБАИ КОФТУКОВИИ МУҲАНДИСИИ ГЕОДЕЗИ
• Кофтукови муҳандиси геодези мегузаронад
- таҳияи харитаҳои топографи;
- таҳияи ҳисоботи кофтуковӣ;
- шинондани иншоотҳо дар ҷои сохтмон ;
- ҳисоби ҳаҷми корҳои сохмонии анҷомёфта дар ҷойҳо;

ШЎЪБАИ КОФТУКОВИИ МУҲАНДИСИИ ГЕОЛОГЇ
• Кофтукови муҳандиси геологи ва гидрогеологи мегузаронад
- кандани чоҳҳо;
- гирифтани намунаи хок;
- санҷиши лаборатории хокҳо;
- тадқиқотҳои гидрогеологи;

Лоиҳасозони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа» дар рафти лоиҳакашӣ дастовардҳои илмӣ-техникии ҳозиразамонро дар соҳаи тоза кардани об истифода мебаранд. Дар лоиҳаҳо ҳисоби софкориҳои шаклҳои гуногуни асбобхои навро барои бесирояткунии хисоби аники сохти ва ванасозии об ва ба бозистифодабарии обҳои тозакардашударо ба инобат мегиранд. Инчунин ба рафти тозакунии об дар лоиха таваҷҷӯҳи аниқ зохир карда мешавад.

Дар солҳои фаъолияташ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа» корҳои зиёдеро дар ин ҷабҳа иҷро намуд. Мувофиқи лоиҳаҳои пажӯҳишгоҳ шабакаҳои обӣ ва қувваи онҳо зиёд гардиданд. Зиёд гардидани шумораи шабакаҳои обгузари коммуналӣ аз ҳисоби зиёд гардидани аҳолии шаҳр ва хонаҳои истиқоматию иншоотҳои саноатӣ ба амал омад.
Миқёси бузурги обтаъминкунӣ ва зиёд шудани талаботи он ба сифати об дар назди лоиҳасозони ҷамъият иҷрои вазифаҳои илмию техникиро оид ба баланд бардоштани таъсирнокии босамари иншоотҳои обиро мегузорад. Барои ҳалли вазифаҳои ба миён омада лоиҳакашон, муҳандисон, конструкторону техникҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа» тибқи талаботи рӯз бомуваффақият меҳнат карда истодаанд.
Инкишофи хоҷагии халқи Ҷумҳурии соҳибистиқлол ва пешравии техникӣ аз кормандони ҷамъият такмили обтаъминкунӣ ва хоҷагидории шаҳрҳо корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагидории шаҳрҳо сифати баланди оби истифодабарандаро талаб мекунад. Ҷамъият лоиҳаҳои обтайёркуниро барои корхонаҳои саноатӣ ва шаҳру шаҳракҳо тайёр намуда, ба фармоишгарон пешниҳод менамоянд.

ҲАМКОРИ БО ФАРМОИШГАРОН
Ташкилоти мо ба худ самаранокии ҳалҳои муҳандисиро ва сари вақт, бо сифат иҷро кардани супоришҳои аз тарафи фармоишгарон дода мешударо ба худ шиор кардааст. То ин замон Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа» бо чандин вазорату идораҳои Ҷумҳури ва берун аз ҷумҳур ҳамкорӣ карда истодааст. Ҳама вақт вазифаҳои ки ба тарафҳо гузошта мешуданд сари вақт, бо сифат ва бо ҳамдигарфаҳми иҷро мешуданд. Ҷамъияти мо кӯмаки худро дареғ надошта, барои сари вақт ва дуруст иҷро шудани супоришҳои дар пеш гузошта шуда ҳамкори мекунад.

ҲАМКОРИ БО ТАШКИЛОТҲОИ ХОРИҶА

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа» бо ташкилотҳои хориҷа низ ҳамкориҳо бо роҳ мондааст. Ин раванд, ба Ҷумҳурии мо ворид намудани технологияҳои муосирро амали месозад. Дар навбати худ бо ташкилотҳои лоиҳакашии ҷаҳон низ рақобат карда метавонад. Дар қатори ташкилотҳои хориҷа инҳоро қайд кардан мумкин аст:

• CES Consulting Engineers Salzgitter GmbH. Мушовири Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе
• MVV Energie AG. Оператори Лоиҳаи якуми обтаъминкунии шаҳри Душанбе
• AquaMundo. Мушовири КВД«Хоҷагии манзилию коммунали» оиди амали созии лоиҳаҳое, ки аз тарафи Бонки аврупои сармоягузори карда мешаванд
• ЗАО «ДАР/ВОДГЕО». Ташкилоти лоиҳасози ва сохтмонии федератсия Россия
• ОКСФАМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
• Филиали ташкилоти Людвиг Пфайффер Хох – унд Тифбау ГмбХ & Ко. КГ, дар Тоҷикистон
• MSDSP ВМКБ
• Ос ОО «K.C.Солюшнс», Ҷумҳурии Қирғизистон
• Барномаи вусъатдиҳии СММ дар Тоҷикистон

Дар хамкори бо ташкилотҳои номбурда, мо, чандин лоиҳаҳои ҳаётан муҳим амали намудем, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.

МЕЪЁРҲОЮ ҚОИДАҲОИ СОХТМОН
Ҳама кору фаъолияти ҷамъият, дар чаҳорчубаи меъёру қоидаҳои сохтмони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ва берун аз он иҷро мегардад. Дар вақти таҳияи лоиҳа, маводу таҷҳизотҳои ҳозиразамон ба назар гирифта мешаванд. Кормандони мо, илму дониши худро истифода намуда, дар таҳияи меъёрҳою қоидаҳои сохмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, саҳми худро гузоштаанд.

• МАЪЛУМОТ ОИДИ ЛОИҲАҲОИ АМАЛИ ШУДА ДАР РАВАНДИ ОБТАЪМИНКУНИ ВА РАФЪИ ПАРТОВОБИ
• ЛОИҲАҲОИ ОБТАЪМИНКУНЇ ВА РАФЪИ ПАРТОВОБИ ДАР ШАҲРҲОИ АШХОБОД, АКТЮБИНСК, ПЕТРОПАВЛОВСК;

• ЛОИҲАҲОИ ОБТАЪМИНКУНЇ ВА РАФЪИ ПАРТОВОБИ ДАР ҲАМА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.


Лоиҳаҳое, ки 10 соли охир таҳия ва амали карда шуда будаанд

• Хатти обрасонии ша{ри Хуxанд ва но{ияи Б.Fафуров.
• «Бообтаъминкунии ш.Кулоб . Резервуарҳо на 2000м³-2шт»
• Стансияи обтозакуни ва рафъи партовобҳо дар шаҳраки Дарбанди н.Нуробод
• «Барқаросози ва азнавсозии стансияи партовобтозакунии ш.Данғара»
• «Маркази тиҷорати дар ш. Душанбе. Хатии обтаъминкунии беруна, гарми ва канализатсия
• «Проектно-изыскательские работы по реконструкции насосных станций II-подъемов Очистной станции напорного и самотечного водопровода (ОСНВ и ОССВ) г. Душанбе» в рамках контракта DWS 43 и т.д.
• Лоиҳакашии системаи обтаъминкунӣ барои муҳоҷирони зарардида аз офати табии дар ноҳияи Хуросон
• Лоиҳакашии системаи обтаъминунӣ барои муҳочирони зарардида аз офати табии дар шаҳри Кулоб.
• «Проектирование (адаптация) скорых песчаных фильтров на Очистной станции Самотечного водопровода ГУП «Душанбеводоканал», производительностью 120000м³/сутки»
• Реабилитация насосных станций подкачек 3-го подъема ГУП «Душанбеводоканал».
• «Хатти обтаъминкуни беруна ва канализатсияи меҳмонхонаи Панҷситорадор дар кучаи И.Сомони ш.Душанбе»;
• «Барқарорсозии хатти обтаъминкунии ш.Кулоб»
• «Барқарорсозии хатти обтаъминкунии ш.Хоруғ»
• «Барқарорсозии хатти обтаъминкунии ш.Бустон н.Мастчоҳ»
• Реконструкция скорых песчаных фильтров на очистной станции напорного водопровода города Душанбе, производительностью 60 000м³/сутки.
• «Ба лоиҳагирии шабакаҳои обу канализатсияи ноҳияи Рушон»
• «Ба лоиҳагирии шабакаҳои обу канализатсияи ноҳияи Ишкошим»
• «Ба лоиҳагирии шабакаҳои обу канализатсияи деҳаи Удоб н.Ванҷ»
• «Ба лоиҳагирии шабакаҳои обу канализатсияи деҳаи Вишхарв н.Ванҷ »
• «Ба лоиҳагирии шабакаҳои обу канализатсияи деҳаи Баравн.Ванҷ»
• «Ба лоиҳагирии шабакаҳои обу канализатсияи деҳаи Гиждарва н.Панҷакент»
• «Ба лоиҳагирии шабакаҳои обу канализатсияи деҳаи Пани н.Панҷакент»
• «Стансияи партовобтозакунии ЯС 3/1 дар ш.Вахдат»
• «Хатти обрасонии чашма Дехмой н.Ҷ.Расулов ш.Хуҷанд»
• «Хатти обрасонии деҳаи Чашма-Арзана ш.Хуҷанд»
• «Ба лоиҳагирии шабакаҳои обу канализатсияи деҳаи Ғуйтан н.Панҷакент»
• «Ба лоиҳагирии шабакаҳои обу канализатсияи деҳаи Тагоб н.Панҷакент»

Дар тули ин солҳо ҷавонони ба кор ҷалб карда шуда ба мутахассисони донишманди соҳа, соҳибкасбони бомаҳорат табдил ёфтанд ва ҳаҷми кор бо сифати аъло зиёд гардид. Дар соли 2021, лоиҳасозон, конструкторон, техникҳо ва муҳандисони пажӯҳишгоҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа» барои сохта ва ба истифода додани иншоотҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ лоиҳаҳо тайёр намуда ба фармоишгарон пешниҳод намуданд:
1. «Беморхонаи маркази дар шаҳраки Поршнев н.Шуғнон»
2. «Беморхонаи маркази дар н.Балҷувон»
3. «Беморхонаи маркази дар н.Ёвон»
4.«Беморхонаи бемориҳои руҳи ва наркологӣ дар шаҳри Кӯлоб»
5.«Беморхонаи бемориҳои руҳӣ дар ш.Бохтар»
6. «Беморхонаи бемориҳои сил дар ш.Хоруғ барои 45-кат»
7.«Беморхонаи бемориҳои сил дар ш.Бустон н.Мастчоҳ»
8. «Беморхонаи сироятии вилояти барои 200 кат дар н.Данғара»
10.«Маркази саломати барои қабули 800 нафар дар як баст дар н.Данғара»
11.«Беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Вранг ҷ/д Вранг дар н.Ишкошим» ва чандин бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳотҷойҳоро пешниҳод намудем.
Биноҳои ситод ва дидбонгоҳои сарҳадӣ барои қушунҳои сарҳади зиёда аз 40 адад дар қисмҳои ҳарбии назди сарҳади ва марказҳои таълимӣ.
Биноҳои маъмурии шуъбаҳои ноҳиявӣ ва минтақави барои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар зиёда аз 15 шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла:
1. Ноҳияи Исмоили Сомонӣ, н. Шомансур, н.Фирдавсӣ ва н.Синои шаҳри Душанбе.
2. Ноҳияҳои Ванҷ, н.Рушон, н. Панҷ, н.Ш.Шоҳин, н.Восеъ, н.Мастчоҳи куҳи, н.Мурғоб, н.Варзоб, н.Балҷувон ва ғайра.
Биноҳои маъмурии шуғли аҳоли дар зиёда аз 10 шаҳру ноҳияҳо:
-н. Шаҳринав, Муминобод, Ш.Шоҳин, н.Балҷувон, н.Темурмалик, ш.Хоруғ, н.Рашт, ш.Панҷакент, н.Шуғнон ва дигарҳо.
Биноҳои маъмурии нозироти андоз дар 10 ноҳия:
-н.Шаҳринав, н.Хуросон, н.Ш.Шоҳин, н.Роштқалъа, н.Ишкошим, шаҳракаи Бустон, н.Балҷувон, н.Қушониён.
Инчунин ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон аз 21июни соли 2018, №335, оиди таҳияи асоснокунии техникию-иқтисодии лоиҳаи барқарорсозии шабакаҳои канализатсияи маркази шаҳру ноҳияҳои дахлдор, аз тарафи ҶСК “Корезлоиҳа” АТИ системаи рафъи партовобии 15 шаҳру ноҳияҳо таҳия карда шудааст:
1.Азнавсозии системаи канализатсияи шаҳри Данғара
2. Азнавсозии системаи канализатсияи шаҳри Бохтар
3. Азнавсозии системаи канализатсияи маркази маъмурии ноҳияи А.Ҷомӣ
4. Азнавсозии системаи канализатсияи шаҳраки Исмоили Сомони ноҳияи Қушониён
5. Азнавсозии системаи канализатсияи шаҳри Леваканд
6. Азнавсозии системаи канализатсияи шаҳраки Обикиик ноҳияи Хуросон
7. Азнавсозии системаи канализатсияи шаҳраки Қубодиён,ноҳияи Қубодиён
8. Азнавсозии системаи канализатсияи шаҳри Истаравшан,ноҳияи Истаравшан, вилояти Суғд
9. Азнавсозии системаи канализатсияи шаҳраки Панҷ, ноҳияи Панҷ
10. Азнавсозии системаи канализатсияи шаҳраки Москва,ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадони
11. Азнавсозии системаи канализатсияи маркази маъмурии Ховалинг, ноҳияи Ховалинг
12. Азнавсозии системаи канализатсияи шаҳраки Балх, ноҳияи Ҷ.Балхи
13. Азнавсозии системаи канализатсияи маркази маъмурии Шаҳристон, вилояти Суғд
14. Азнавсозии системаи канализатсияи шаҳри Истиқлол, вилояти Суғд
15. Таҳияи Асосноккунии техникии иқтисодии (АТИ) “Васеъкуни ва азнавсозии системаи канализатсияи ш.Душанбе”

Сохтмони ҷамоати "Ватан" дар ноияи Фархор


Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»


Бинои маъмурии Раёсати молия дар ноҳияи Тоҷикобод


Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»



Асосноккунии техникии иқтисодии (АТИ) "Васеъкунӣ ва азнавсозии системаи канализатсияи шҳри Душанбе

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»



Бинои маъмурии ҷамоати " Фархор" дар ноҳияи Фархор
[/center]

[center]Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»



Таъмир ва барқарорсозии беморхонаи марказии шаҳри Норак


Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»


Бунёди қароргоҳи меҳмонони хоричӣ дар соҳили кӯли Сарези ВМКБ


Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»




734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Неъмат Қаробоев 54/2
Почтаи электронӣ : Korezloiha@gmail.com тел: 2 33 18 79, 2 33 18 73





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво