ҶСК «Саноатсоз»
3913
Сангов Рустам Ҷӯра Директори ҶСК «Саноатсоз»[/b] ҶСК «Саноатсоз» яке аз пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 1960 инҷониб ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ, истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ бо фармоиши ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ҷумҳурӣ саривақт ва бо сифати аъло, дар муҳлати муайяншуда таҳия менамояд. Ҷамъият таҷрибаи бой дар таҳияи лоиҳаҳои дизайнии иншоот дошта, мутахассисони варзидаро ба ин кор ҷалб намудааст. Қобили қайд аст, ки Ҷамъият чи дар давраи истиқлол ва чи пеш аз он лоиҳаҳои бисёр биноҳо ва иншоотҳои корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматиро бо дархости фармоишгарон таҳия намуда, дар оянда низ омодагии худро эълон медорад. Дар таҳияи лоиҳаҳои биноҳо ва иншоотҳо услубҳои миллӣ ва аврупоӣ ба назар гирифта мешавад. Зимни фаъолияти пурсамари худ Ҷамъият дар давоми соли ҷорӣ дар таҳия намудани лоиҳаҳои бисёр иншоотҳо, аз ҷумла лоиҳаи «Корхонаи истеҳсоли орд дар ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 50 тонна дар як шабонарӯз, анбори нигоҳдории гандуми истеъмолӣ дар ҳаҷми 6000 тонна», фармошгар Агентии захираҳои моддии давлатӣ, лоиҳаи Сементзавод дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, фармоишгар ООО «Хусиан Ғаюр (Суғд) семент», лоиҳаи Базаи ҶСК «Таджик СГЕМ», фармоишгар ҶСК «НБО Роғун» ва лоиҳаи «Сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, бо ҷойгиронии марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар таҳхонаи онҳо, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 132, 134, 136 ва кӯчаи Говоров, 4», фармоишгар ҶДДМ «Ориёнгрупп» саҳми арзандаи худро гузоштааст. Ҳамзамон, ҶСК «Саноатсоз» таъмини иҷроиши Амру Фармонҳои Президенти кишвар, Қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармоишҳои роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода, барои боз ҳам дар сатҳи баланд, хуштарҳу замонавӣ таҳия намудани лоиҳаҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад. Лозим ба ёдоварист, ки ҶСК «Саноатсоз» пажӯҳишгоҳи лоиҳакашӣ ва тадқиқотии касбӣ буда, барои таҳияи лоиҳаҳои ҳама гуна бинову иншоотҳои саноатӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматию маъмурӣ омодааст ҳамкориро бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба роҳ монад. Почтаи электронии мо: sanoatsoz@bk.ru Телефон: 233-32-34. Факс: 2-33-59-60. Амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти комил ва Ваҳдати миллӣ баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим ва калидии кишвар ба эҳёву рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус равона намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намуд. Ҳар сол дар кишвар сохта ба истифода додани корхонаҳои гуногуни хурду бузурги молистеҳсолкунанда ва таъмин гардидани сокинон бо ҷои кори доимӣ далели рӯ ба рушд будани соҳаи саноати кишвар мебошад. Натиҷаи таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа буд, ки дар соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзоиш ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми охирини хеш ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Дар ин замина ин соҳаи ҳаётан муҳим бо ҳидоятҳои Сарвари давлат ру ба рушд асту пешравиҳои назарраси зиёде дар ин бахш дида мешавад. Албатта, фаъолияти пурмаҳсул ва муназзами ҳар як соҳа ба мавҷудияти заминаи мукаммали қонунгузорӣ рабт дорад. Ин аст, ки ба таври мунтазам аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат ҷиҳати такмил додани қонунгузории ҷорӣ тадбирҳо амалӣ мегарданд. Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 2012 инҷониб мавриди амал қарор гирифтааст, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии соҳаи шаҳрсозиро муайян карда, муносибатҳои ҳуқуқии ба фаъолияти шаҳрсозӣ вобастаро танзим менамояд. Меъёрҳои кодекси мазкур асоси фаъолияти шаҳрсозиро ташкил медиҳанд ва риояи онҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад. Дар заминаи ин кодекс, ки аз дастовардҳои мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар маҳсуб меёбад, Қонуни ¬Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтмони манзилҳои шахсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти иқтисодии корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо барои қонуншиканӣ дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» аз эътибор соқит дониста шуданд. Имрӯз бо шарофати соҳибис¬тиқлолии Ватани азизамон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас рӯи кор омадаанд. Дар ҳамин радиф, бахши меъморӣ ва сохтмон низ ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти худ ворид гаштааст. Рӯз то рӯз вусъат ёфтани эъмори иншооти гуногун далели возеҳи пурмаҳсул ва муназзам будани фаъолияти меъморону сохтмончиёни кишвар аст, ки натиҷаҳои онро ҳар рӯз мушоҳида мекунем. Табиист, ки дар татбиқи талаботи кодекси мавриди назар саҳми пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ назаррас мебошад, зеро онҳо ба маънои томаш заминагузори бунёдкориҳо маҳсуб мешаванд. Эътироф бояд кард, ки бисёриҳо доир ба заҳмати меъморону лоиҳакашон ва мушкилоти ин касб маълумоти кофӣ надоранд, заҳмати онҳоро қобили мулоҳизаву арзандаи ситоиш намедонанд. Ҳол он ки заҳмати ҳунарманд бояд ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад, зеро ин як роҳи рӯҳбаланд намудани ҳунарманд аст. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Саноатсоз»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати макони асосии тавлиди лоиҳаи ҳама гуна иншооти сохтмонии мамлакатамон дар рушду нумӯи ин соҳа нақши назаррас дорад. Фаъолияти пажӯҳишгоҳ аз соли 1961 оғоз шудааст. Соли 1963 ба ихтиёри Шӯрои хоҷагии халқи Осиёи Миёна (Средазсовнархоз), охири ҳамон сол ба тобеияти ГОССТРОЙ СССР ва дар охири соли 1965 ба зерсохтори ГОССТРОЙ РСС Тоҷикистон табдил ёфтааст. Соли 1999, тибқи қарори Коллегияи Кумитаи давлатии амволи мамлакат, ба ҶСШК «Гипропром» табдил ёфта, соли 2010 ҶСК «Саноатсоз»-и назди Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ номгузорӣ шудааст. Муҳимтар аз ҳама, ҶСК «Саноатсоз» ягона пажӯҳишгоҳи лоиҳакашӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар асоси дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату кумитаҳо ва шаҳрвандони алоҳида дар самти сохтмони корхонаҳои саноатӣ фаъолияташро роҳандозӣ намудааст ва нишондиҳандаҳои фаъолияташ дар ин самт ҷавобгӯйи талабот мебошад. Иншооти қабули меҳмонони олиқадр дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе, Боғи фарҳангу фароғатии роҳи оҳанчиён дар шаҳри Кӯлоб, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Балҷувону Варзоб, Литсей-интернат дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази савдою истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе, матбаа дар ноҳияи Данғара, шаҳраки сохтмончиёни НБО-и «Сангтӯда», заводи сементбарорӣ бо иқтидори 72 ҳазор тонна дар як сол дар Харангон, иморати нуҳқабата бо маркази савдо дар шаҳри Душанбе, Заводи кабелбарорӣ дар шаҳри Душанбе, заводи хишт дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Данғара, маркази савдою истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе, минтақаи саноатӣ дар майдони сохтмонии НБО-и «Роғун», нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе, Бинои нави Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони бинои қароргоҳи ҳукуматӣ дар ҳудуди ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Гулистон, сохтмони бинои нави бисёрошёнаи филиали Амонатбонк дар ноҳияи Данғара ва даҳҳо сохтмонҳои дигар дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷамъи дастовардҳои пажӯҳишгоҳ аст. Аз суҳбат бо директори пажӯҳишгоҳ Баҳром Мализода маълум гардид, ки дар давоми фаъолият корхона лоиҳаи бинои истиқоматии нуҳошёна, бо ҷойгир намудани маркази хизматрасонии маишӣ, азнавсозии низоми равшанидиҳии Боғи устод Рӯдакӣ, Комбинати металлургии тоҷик, бо иқтидори истеҳсолии 120 ҳазор тонна арматураи сохтмонӣ дар як сол дар шаҳри Ҳисор, ободонии гулгашти Низоми Ганҷавӣ бо ободонии дарёи Лучоб, мутобиқгардонии лоиҳаи масҷиди калон дар шаҳри Душанбе ва ғайраро аз экспертизаи давлатӣ гузаронида, ба фармоишгарон пешниҳод шуда буд, ки онҳо ба таври зарурӣ ва бо тарзу усули замонавӣ бунёд гардиданд. Ҳамзамон, лоиҳаҳои ангоравии гулгаштҳо ва минтақаҳои сабзкорӣ дар шаҳри Душанбе бо сифати баланд омода гардидаанд. Бино ба гуфти мавсуф, нақши пажӯҳишгоҳ дар раванди корҳои сохтмонӣ хеле арзанда буда, марҳилаи асосии эҳёи он ба солҳои соҳибистиқлолии Ватанамон рост меояд. Маҳз дар ҳамин айём доираи фаъолияташ бамаротиб васеъ гашта, заминаи моддиву техникии он пурқувват гардидааст. Ҳоло дар пажӯҳишгоҳ лабораторияҳои илмӣ, устохонаи лоиҳакашӣ, шуъбаҳои гуногун амал менамоянд. Агар гӯем, ки доир ба ҳама самтҳои соҳаи сохтмон ҶСК «Саноатсоз» фаъолияташро дар сатҳи хуб амалӣ карда метавонад, муболиға нахоҳад буд, — изҳор дошт Баҳром Мализода. Аз ин бармеояд, ки дар саргаҳи бунёди иншооти зиёди кишвар маҳз пажӯҳишгоҳи мазкур қарор дорад. Табиист, ки кормандони ҶСК «Саноатсоз» аз ин ифтихор доранд ва дар оянда баҳри беҳбуд бахшидани сифати хизмат¬расонӣ ва васеъ намудани доираи фаъолияташон аз тамоми имконият самаранок истифода намуда истодаанд. Самти асосии фаъолияти пажӯҳишгоҳ, пеш аз ҳама, лоиҳакашӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, фаъолияти он дар бахшҳои дигари ба сохтмону меъморӣ рабтдошта, аз ҷумла муоинаи техникии иншоот, нархгузории сохтмон тибқи талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Дар давоми мавҷудият вобаста ба талаботи замон ва самтҳои фаъолияти лаборатория, шуъба ва равияҳои нав таъсис дода шуданд. Тӯли фаъолияти зиёда аз чилсола дар бойгонии ҶСК «Саноатсоз» теъдод ва номгӯйи зиёди матолиби тадқиқотӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки онҳо дар Маркази миллии патенту иттилоот ба қайд гирифта шудаанд. Табиист, ки дар пешварии кор ва хуб гардидани нишондиҳандаҳои меҳнатӣ саҳми роҳбарият ва кормандони он муассир аст. Кормандони пажӯҳишгоҳ, ки аз мутахассисони беҳтарини соҳа маҳсуб мешаванд, барои дар сатҳи баланд ҷараён гирифтани фаъолияти пажӯҳишгоҳ тамоми неруи зеҳнии хешро сарф карда истодаанд. - Муассир будани саҳми ҶСК «Саноатсоз» дар бунёди иншооте, ки муассисаҳои сохтмонии ватанӣ ва хориҷӣ дар кишварамон бунёд менамоянд, пеш аз ҳама, дар пешниҳоди хизматрасонии баландсифат, таҷрибаи зиёди фаъолият ва сатҳи баланди тахассусии кормандон зоҳир мегардад. Аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, ки дар давоми даҳ соли охир аз ҷониби пажӯҳишгоҳ номгӯйи зиёди иншоот мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки қисмати зиёди онро иншооти воқеъ дар шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд, — мегӯяд Баҳром Мализода. Ҳоло дар пажӯҳишгоҳ коллективи хеле пурқуввати меҳнатӣ фаъолият дорад. Бо вуҷуди ин, бо ибтикори бевоситаи роҳбарият мунтазам бозомӯзии онҳо ба роҳ монда мешавад. Кормандони пажӯҳишгоҳ дар семинарҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳо ширкат варзида, малакаи хешро такмил медиҳанд. Бобати ҷалби мутахассисони ҷавон аз донишгоҳу донишкадаҳо низ як қатор корҳо ба сомон расидааст. Таҷрибаи ҷалби донишҷӯёни курсҳои болоӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таҳия ва коркарди лоиҳаҳо дар пажӯҳишгоҳ хеле маъмул аст. - Ин омил имконият фароҳам меорад, ки донишҷӯ ҳамзамон бо таҳсил маблағ ба даст оварда, дар оянда мутахассиси хуб гардад. Ба ғайр аз ин, пажӯҳишгоҳ маблағи таҳсили ҷавонони фаъолро, ки оянда тасмими фаъолият дар пажӯҳишгоҳро доранд, пардохт менамояд,- гуфт дар фарҷоми суҳбат Баҳром Мализода. Боиси қайд аст, ки дар баробари фаъолияти меҳнатӣ кормандони ҶСК “Саноатсоз” аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда дар ин замина корҳои зиёдеро басомон расонидаанд. Дар корхонаи мазкур аз соли 2013 ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саноатсоз” фаъолият намуда 20 аъзо дорад. Барои пешбурди фаъолияти ҳизби дар ташкилоти мазкур утоқи махсуси ҳизби бо шиору овезаҳо оро дода шуда, фаъолияти он тибқи Оиннома ва Барномаи ҳизб ба роҳ монда шудааст. Аъзои ташкилоти ибтидоии “Саноатсоз” дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ фаъолона ширкат варзида бо сипосномаю ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудаанд. Дар маҷмӯъ, муътақид гардидем, ки ҳадафи кормандони Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Саноатсоз» саҳм гузоштан дар раванди бунёдкориҳои Ватанамон буда, азмашон қавӣ аст.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |