Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ»
9121
Саломов Муродбек Мухторович Директор КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ «ПАЖУҲИШГОҲИ ИЛМИЮ ТАДҚИҚОТИИ «СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ»-И КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ» (КВД ПИТСМ) мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006, таҳти рақами 311 ташкил карда шудааст ва фаъолияти худро дар асоси фаъолияти хоҷагидорӣ амалӣ менамояд. Муассиси корхона Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Корхона бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, иҷро ва ҳамоҳангсозии барномаҳои мақсадноки давлатие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, барномаҳои бунёдӣ ва амалии корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ, интегратсияи илм, истеҳсолот ва маориф, ҳамкории илмию техникии байналхалқӣ ташкил карда шудааст. Самтҳои асосии фаъолият: - таҳияи лоиҳаҳои биноҳо, иншоот ва иморатсозӣ, инчунин лоиҳаҳои таҷдиди онҳо; - корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ; - назарияи ҳисоби бино ва иншоот; эътимоднокии конструксияҳои сохтмонӣ ва биноҳо; тамсиласозии компютерӣ; таъминоти барномаҳои компютерӣ; - проблемаҳои замонавии меъморӣ ва шаҳрсозӣ; таҷдид ва навсозии биноҳо; - таҳияи меъёрҳои сохтмонӣ, стандартҳои давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ; - таҳлили усулҳои самаранок ва камхарҷи фаъолият дар бозор; такмили усулҳои бамеъёрдарорӣ дар сохтмон; - кор карда баромадани намудҳои нави масолеҳи бинокорӣ, технологияҳои замонавӣ бо назардошти истифодаи самараноки конҳои табиии ашёи хом; - технологияҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи манбаъҳои энергия; барпокунии системаҳои интиқолии камхарҷ, тақсимот ва истифодабарии гармӣ ва қувваи барқ; - такмил ва баланд бардоштани самаранокии кори шабака ва иншоотҳои муҳандисии минтақаҳои аҳолинишин бо назардошти ҳифзи муҳити атроф; - усулҳои самаранок, технологияҳо ва воситаҳои техникии тафтиш, назорат ва санҷиши масолеҳ ва конструксияҳои бинокорӣ; - проблеммаҳои муҳайё намудани муҳити зисти мусоид барои инсон; - экология ва истифодабарии оқилонаи табиат; - гузаронидани такмили ихтисоси кормандони соҳаи шаҳрсозӣ; - таҳияи лоиҳаи ташкили сохтмон (ЛТС); - таҳияи лоиҳаи ташкили кор (ЛТК); - таҳияи харитаҳои технологии раванди сохтмон; - гузаронидани энергоаудит; - иҷрои вазифаҳои назорати техникӣ дар сохтмон; - таҳияи барномаҳои компютерӣ оиди фаъолияти сохтмон; - муоинаи ҳолати техникии биноҳо ва иншоот; - тарҷумаи матни ҳуҷҷатҳои техникӣ бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Дар пажуҳишгоҳ олимон, кормандони варзидаи собиқадор ва мутахассисони ҷавони болаёқат кору фаъолият мекунанд. Пажуҳишгоҳ раванди ҷараёни талаботҳои имрӯзаи илму техника, шаҳрсозӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмонро омӯхта вобаста ба самтҳои афзалиятноки он номгӯи корҳои илмию тадқиқотиро таҳия менамояд ва дар асоси нақшаи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро амалӣ месозад. Андозаҳо ва ҳаҷми маҳсулоти сохтмонӣ ва раванди истеҳсоли онҳо ҳамеша дар мадди назари танзими техникии давлатӣ қарор дорад. Чунин танзимкунӣ дар заминаи низоми ҳуҷҷатҳои меъёрии сохтмонӣ татбиқ карда шуда, он меъёрҳои сохтмонӣ ва стандартҳои давлатии сохтмонии масолеҳ ва ашёро дар бар мегирад. Дар пажуҳишгоҳ таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ба роҳ монда шудааст. Таҳияи меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ва дигар меъёрҳои соҳавӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гардонида мешаванд. Дар ҷараёни таҳия намудани ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони ботаҷрибаи соҳа, пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашию илмию тадқиқотӣ, олимон ва устодони мактабҳои олии мамлакат, намояндагони вазорату идораҳо иштирок менамоянд. Ҷиҳати баланд бардоштани сифати корҳо оиди таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ мунтазам семинар – машваратҳо гузаронида мешавад. Яке аз самтҳои фаъолияти пурсамари пажуҳишгоҳ таҳияи лоиҳаҳои сохтмони иншооти таъиноташон гуногун буда, биноҳои истиқоматии камошёна, баландошёна, муассисаҳои таҳсилоти томактабию умумӣ, муассисаҳои табобатӣ, биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва савдоро дар бар мегирад. Мутахассисони пажуҳишгоҳ дар озмунҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ оиди лоиҳакашӣ фаъолона иштирок намуда, лоиҳаҳои зеринро таҳия ва пешниҳод намуданд: Китобхонаи миллӣ, Масҷиди ҷомеи ҷумҳуриявӣ, Театри миллӣ, Мактаби зеҳнӣ дар шаҳри Душанбе, Маҷмааи муассисаи таҳсилоти томактабии “Меҳри модар” дорои 1200 ҷой”, мактаб барои 1500 нафар, лоиҳаи иморатсозии кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе, Маркази намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ва ғайра. Бояд қайд кард, ки шуъбаи таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ бо таҷҳизоти электронӣ ва барномаҳои замонавии таҳияи лоиҳаҳо ба монанди АВТОКАД, АРХИКАД, ЛУМИОН, Атлантис, Photoshop, барномаи ҳисобии «Лира», Гранд-Смета, Гектор-Проектировщик, АВС ва ғайра пурра ҷиҳозонида шудааст. Ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар соҳаи сохтмон пажуҳишгоҳ барномаҳои махсусгардонидашудаи компютериро аз ҷумла, барномаҳои компютерии “Иттилооти шаҳрсозӣ” ва “Истилоҳоти шаҳрсозӣ” таҳия ва мавриди истифода қарор додааст. Системаи маълумотии «Иттилооти шаҳрсозӣ» Системаи маълумотии «Иттилооти шаҳрсозӣ» дар як барномаи компютерӣ маълумотҳои меъёрӣ-техникӣ ва ҳуқуқии ба мутахассисони ташкилотҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ, таъмирӣ ё васлгарӣ, мақомотҳои назоратӣ ва иҷозатномадиҳӣ заруриро муттаҳид гардонидааст. Барнома маҷмӯи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ: ГОСТ, МҚС ҶТ, МҚ, ҲРС, ММ, ММР, ҲР, дастурҳо, тавсияҳои методӣ, фармоишҳо, қарорҳо, мактубҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳаи шаҳрсозиро дар бар мегирад. СМ «Иттилооти шаҳрсозӣ» бо қарори Шӯрои илмӣ-техникии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, (ҳоло Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо протоколи №2 аз 8.05.2013с. барои истифода тавсия дода шудааст. Барномаи компютерии «Истилоҳоти шаҳрсозӣ» Барномаи компютерии «Истилоҳоти шаҳрсозӣ» луғати соҳавӣ буда барои ба забони давлатӣ ҷорӣ намудани фаъолияти истеҳсолӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ замина мегузорад. Маводҳои барнома ба МҚС ҶТ 10-04-2007 “Истилоҳоти шаҳрсозӣ” ва дигар адабиётҳои амалкунанда мувофиқат мекунад. Шурӯъ аз соли 2014 дар назди пажуҳишгоҳ курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос амал мекунад. Бо ин мақсад иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст. Мутахассисони соҳаи меъморӣ ва сохтмон ба омӯзиш аз рӯи 14 самт, дар асоси дархостҳои онҳо фаро гирифта мешаванд. Дар назди пажуҳишгоҳ озмоишгоҳи “Мавод, масолеҳ ва конструксияҳои сохтмонӣ” таъсис дода шудааст. Озмоишгоҳи “Мавод, масолеҳ ва конструксияҳои сохтмонӣ”-и КВД “ПИТ С ва М” ба талаботҳои системаи миллии сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати озмоишгоҳҳои санҷишӣ мутобиқи СБД ИСО/МЭК 17025-2009с. ҷавобгӯ мебошад. Озмоишгоҳи мазкур аккредитатсия карда шудааст ва дар феҳристи давлатии системаи миллии сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Озмоишгоҳи “Мавод, масолеҳ ва конструксияҳои сохтмонӣ” хизматрасониҳоро оид ба гузаронидани санҷиши сифати масолеҳ ва корҳои сохтмонии зерин пешниҳод менамояд. - Масолеҳи деворӣ (хишт ва сангҳои деворӣ); - Пуркунандаҳои бетон (рег, сангреза ва шағал); - Об; - Масолеҳи часпандаи минералӣ; - Маҳлулҳои бетонӣ ва бетон; - Маҳлулҳои сохтмонӣ; - Масолеҳи асбестусементӣ; - Масолеҳи роҳӣ; - Масолеҳи гармимуҳофиз, садоногузарон ва садофурӯбаранда; - Масолеҳи ороишӣ ва рӯйпӯшкунанда; - Шиша ва маснуоти шишагӣ; - Масолеҳ ва маснуоти бомпӯш, обногузарон ва ҳавоногузаронанда; - Асосҳо ва таҳкурсиҳои бино ва иншоот; - Маснуоти бетонӣ ва оҳанубетонӣ; - Масолеҳи филизӣ ва композитӣ; - Сарфаи энергия дар биноҳо ва иншоот ва самарнокии истифодабарии энергия. Дар асоси иҷозатномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхона фаъолияти полиграфӣ амал мекунад. Барои меҳнати пурмаҳсул ва дастовардҳои соҳавӣ пажуҳишгоҳ соли 2010 ҳамчун ғолиби озмуни панҷуми байналмилалӣ, ки аз ҷониби Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил гардид, пазируфта шуда, соҳиби диплом гардид. Дар қатори ин дастовардҳо мутахассисони пажуҳишгоҳ соҳиби мукофотҳо ва ифтихорномаҳои соҳавӣ мебошанд. Суроға: ш. Душанбе, кӯч. Ҳусейнзода, 34. Тел: (992 37) 227-77-60, 227-77-61, Факс: (992 37) 227-77-60, Е-mail: niisa.tj@mail.ru
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |