Муассисаи давлатии «Рӯзномаи бинокорон»
7099
Дилбар ТАБАРОВА, сармуҳаррири «Рӯзномаи бинокорон» Рӯзномаро аз давраҳои ба миён омадани нахустин нашрияҳои оммавӣ чунин як унвони ифтихорӣ дода буданд. Воқеан, вақте ки мо рӯзнома мегӯем, чиро дар назар дорем? Пеш аз ҳама, номаҳои ҳар як рӯзро, ки дар бораи рӯйдодҳои ба вуқӯъ пайвастаи як шаҳр ё як кишвар дарак медиҳад – ҳам аз боби сиёсат, ҳам иқтисод, ҳам маънавиёт, фарҳангу ҳунар, варзиш ва ғайра. Рӯзномаҳои ҷиддии ҳаррӯза бошанд, натанҳо хабарҳои муҳимтаринро паҳн мекунанд, балки дар бораи ин ё он тамоили рӯзгори ҷомеъа – сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ мақолаҳои таҳлилӣ пешниҳод мекунанд, барои ҳалли ин ё он масъала дархостҳои мутахассисонро дарҷ намуда, дар ҳалли онҳо саҳм мегузорад. Матбуоти даврӣ ба ин маънӣ на танҳо ба кори саривақт огоҳ кардани омма аз масоили доғ машғул аст, балки барои кушоиши мушкилоти мавҷуда даст мезанад… «Рӯзномаи бинокорон» низ маҳз ба хотири инъикоси навигариҳои соҳаи сохтмон, ки бахшҳои гуногунро касб намудааст, таъсис ёфта, ба мӯҳлати начандон зиёди нашр нигоҳ накарда, метавон гуфт, ки аллакай доираи хонандагону мухлисони худро пайдо намудааст. Тоҷикистони имрӯзаро агар аз тайёра назар андозӣ, як лавҳаи хушобуранг, чун як харитаи басо устокорона кашидаи мъмори хушзавқу моҳир ба чашм мерасад. Дар ин харита нуқтаҳои сохтмонҳои азими нерӯгоҳҳои обӣ мисли – Роғун ва Сангтӯда, роҳҳои васеъи мошингарди байналмилалӣ, мисли роҳи тӯлонии аз Чин оғоз шаванда ва то Бадахшону Кӯлобу Душанбе то Анзобу Чанак равандаро мебинӣ. Шаҳру деҳоти ба таври замонавӣ қоматкашида, иморатҳои хурду бузурги маишӣ-маданӣ, донишкадаҳо, мактабҳою табобатхонаҳо, варзишгоҳҳои нав. Хуллас, ин манзара ҳар як бинандаро, ки дар дил нисбат ба хоки ниёгон меҳре дорад, наметавонад ором гузорад… Кист, ки ин кӯҳанкишварро бо арақи ҷабину обилаи даст ободу зеботар мегардонад? – Бинокор! Маҳз бинокор аст, ки фардои орзуҳоро имрӯз дар амал ҷорӣ менамояд, тасвири зоҳиран хушки тарроҳиро ба боғи хурраму шаҳри ободон табдил медиҳад, дар чеҳраи аз алами бехонагӣ пажмурдаи одамон гули шодӣ мешукуфонад, роҳи дуру дарозро наздик месозад, дӯст, хешу ақрабои дар ғарибӣ афтодаро паҳлӯи ҳам меорад, кӯҳро ба кӯҳ, одамро ба одам мерасонад. Оё хубтару пурфайзтар, бобаракату сафобахштар аз он метавонад ҳунаре, касбе дар олам бошад? Магар ки деҳқон! Ана ҳамин, шахси Бинокори ободкор аст қаҳрамони асосии очерку репортаж, хабарҳои наву тозаи саҳифаҳои «Рӯзномаи бинокорон». Дар синаи мо, рӯзноманигорони ин нашрия қалби бинокор, бо ҳамон меҳру муҳаббати созандагони ҷомеаи нав тапидан дорад. Хишти мо сухани мост ва мо онро мисли бинокори пухтакор бояд ба хотири ободии мулк истифода барем. Панди пиронро набояд фаромӯш кард: Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ! Қиссаи Ҳоҷа Ҳофиз ва хиштрез дар ёдатон ҳаст? Рӯзе Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аз паҳлуи майдончае мегузашт ва дид, ки хиштрезе бо завқи баланд шеър хонда, хиштҳои хомро аз қуттӣ ба рӯи замин барои хушконидан холӣ карда, паи ҳам мечинад. Шоир аз овозу шавқи ба меҳнат доштаи хиштрез хурсанд шуду ба сурудаш эътибор дод – коргар як ғазали ӯро мехонд, вале ғалат мехонд. Хоҷа Ҳофиз ҳам гӯё ба ин кори ношоистаи хиштрез ҷавоб мегардонда бошад, рӯ-рӯи хиштҳои нав аз қолаб фаромада пой ниҳода рафтан гирифт. Хиштрез аз ин кори вай ба ғазаб омаду ӯро девона хонд. Шоир дар ҷавоб гуфт: – Девона туӣ, ки ғазали ба хуни дил иншо кардаи маро ғалат мехонӣ. Шикастани хиштҳо аз ҷониби ман ҷавоб аст бар ғалат хондани шеъри ман аз ҷониби ту. Хикмат: Ба қадри заҳмати дигарон бирас, агар хоҳӣ, ки ба қадри меҳнати ту бирасанд. _______________________________________________________________ «Рӯзномаи бинокорон» Муассисаи давлатии «Рӯзномаи бинокорон» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009, таҳти №78 таъсис дода шуда, аз моҳи августи соли 2009 ҳамчун нашрияи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд. «Рӯзномаи бинокорон» нахустин рӯзномаи соҳавии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ ба шумор меравад ва аз рӯзи аввали таъсисёбиаш Табарова Дилбар Нуровна сармуҳаррири он таъин шудааст. Дар ин муддат рӯзнома рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, фаҳмонидани нуқтаҳои Паёмҳои Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таблиғи дастовардҳои ҷумҳуриамон дар тӯли солҳои Истиқлолият, масъалаҳои арҷгузорӣ ба сулҳу субот, якпорчагии мамлакат, баланд бардоштани тарбияи ахлоқии шаҳрвандон вазифаи муҳими роҳбарони ҳамаи сатҳҳо саҳми худро гузоштааст. Василаи муҳимтарини тарғиби музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ шиносоии сокинони ҷумҳурӣ бо фаъолияти хастанопазири Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқиф гардидан аз фаъолияти мақоми олии қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, огоҳии ҳар чӣ бештар пайдо кардан аз рӯйдодҳои муҳими дохил ва хориҷи мамлакат рӯзномаю маҷалаҳо аст. Беҳуда сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ нагуфта буданд: «Қавме, ки газета надорад, ӯ гӯё забон надорад». Рӯзнома аз ҷумла дастрастарин ғизои маънавии инсоният маҳсуб ёфта, бо дарки вазифаи муқаддаси хеш хонандагонашро бо вазъи рӯз, набзи кишвар ва тозатарин рӯйдодҳо ошно менамояд. Баҳри амалӣ намудани мақсадҳои дар боло зикргардида, инчунин интишори ахбори расмӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, шиносоӣ аз ҳаёти сохтмончиёни мамлакат, чопи маводҳои меъёрӣ ва навгониҳои илмию техникии соҳаи сохтмон, дар назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии «Рӯзномаи бинокорон» фаъолияти худро пеш мебарад. Рӯзнома таҳти рубрикаҳои «Расмӣ», «Мусоҳибаи мо», «Навиди Суғд», «Симои пойтахт», «Сафари хизматӣ», «Ҷашнвора», «Мизи мудаввар», «Фароғат», «Мулоҳиза», «Ҳамкасбони мо», «Устодони мо», «Театр - оинаи зиндагӣ», «Ба пешвози Наврӯз», «Тавсияҳо», «Аз таърихи матбуоти тоҷик», «Фарзонафарзандон», «Нишасти матбуотӣ», «Мавзӯи доғи рӯз», «Назорати сохтмон», «Ватан ва фарзандон», «Ҳастии мо», «Ҷавонон - ояндаи миллатанд», «Сохтмон ва соҳибкорӣ», «Андеша ва пешниҳод», «Забони мо - ҷаҳони мо», «Ғамхори забон бошем», «Масъулияти падару модар», «Оила, фарзанд ва ҷомеа», «Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Соли 2021- Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ИДМ», «Дар сохтмонҳои азими кишвар» ва дигар рубрикаҳое ҳастанд, ки аз ҳаёти имрӯзаи бинокорони ҷумҳурӣ маводи ҷолиб дарҷ намуда, хонандагони худро бо меъёру қарорҳои расмӣ, аз ҷаласаҳои ҳайати васеи мушовара, форуму намоишҳои соҳавӣ, сафару вохӯриҳои судманд бо дигар давлатҳо ошно мегардонад. Саҳифаи фарҳангиву фароғатии «Рӯзномаи бинокорон» барои истироҳату болидарӯҳии бинокорон шеъру ҳикояҳо, мусоҳиба бо одамони наҷиб, ҳаҷвияҳо ва муаммоҳоро ба табъ мерасонад. «Рӯзномаи бинокорон» имрӯз баҳри инъикоси масоили сохтмон ва меъмории кишварамон азм дорад. Бо ҳамин ният «Рӯзномаи бинокорон» аз иншооти мухталифи дар минтақаҳои гуногуни мамлакатамон бунёдшаванда мудом мавод омода карда, ба табъ мерасонад. Инчунин кӯшиш дорад дар саҳифаҳои рӯзнома маводи афроди огоҳи миллатро ба хотири рушди саноат ва сохтмони мамлакат ба табъ расонад. Ҳамзамон Табарова Дилбар Нуровна масъули фаъолияти мунтазами сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.tajsohtmon.tj) мебошад. Сомонаи мазкур бо ахбори навин аз фаъолияти Кумита ва зерсохторҳои он, инчунин ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию мадании ҷумҳуриамон бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълумот дода, хонандагонро бо навгониҳои фарҳангиву варзишӣ, сохтмониву иқтисодӣ ва огоҳ месозад. Яке аз дастовардҳои назаррас ин саривақт таҳия намудани маводи иттилоотию ахборотӣ ва инъикоси онҳо дар саҳифаҳои рӯзнома ва сомонаи интернетии Кумита ба шумор меравад. Фаъолияти «Рӯзномаи бинокорон» ва сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон www.tajsohtmon.tj солҳои охир, хусусан ба муносибати ҷашнгирии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хуб ва бо сифати аъло ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра гузоришҳои иттилоотӣ аз сафарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ, гузоштани санги асос барои бунёди инфрасохтори гуногуни иҷтимоию фарҳангӣ, варзишӣ, саноатӣ ва монанди инҳо, инъикоси ҷараёни сохтмони иншооти аср-бунёди неругоҳи барқи обии Роғун, ва дигар сохтмонҳои азими кишвар таҳия гардида, дар саҳифаҳои матбуоти соҳавӣ ва даврии ҷумҳуриявӣ нашр карда шудаанд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |