5 октябр 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»

6737


Азизбек Ниёззода

Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»


Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009, №554 дар асоси талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» таъсис дода шудааст.
Корхона дар тобеияти идоравии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои муассисро анҷом медиҳад, қарор дошта, мақсади фаъолияти он аз қонеъ намудани субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ оид ба масълаҳои нархгузорӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ иборат мебошад.
Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» аз шуъба ва бахшҳои зерин иборат мебошад:
1. Шуъбаи мониторинги нархҳои маҳсулотҳои сохтмонӣ, технологияҳои информатсионӣ ва таъминоти барномавӣ.
2. Шуъбаи ташхисию таҳлилӣ.
3. Бахши молия ва хоҷагидорӣ.
4. Бахши умумӣ ва кадрҳо.
5. Бахши маркетинг дар соҳаи сохтмон.
6. Бахши технологияҳои инноватсионӣ дар сохтмон ва татбиқи меъёрҳои нави харҷномавӣ.
Корхона вазифаҳои зерин дорад:
- мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба нархгузории сохтмон ва масолеҳи сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мукаммал намудани низоми нархгузорӣ ва меъёргузории харҷномавӣ дар сохтмон ҷавобгӯи муносибатҳои бозоргонӣ;
- мониторинг ва таҳлили нарх барои масолеҳи сохтмонӣ;
- таҳлили ҷанбаҳои нархгузоришавандаро дар сохтмон, ҳолати бозори сохтмонро дар маҷмӯъ, минтақаҳо, шаҳрҳои алоҳида ва ҳудудҳо, арзиши масолеҳ ва конструксияҳои сохтмонӣ, иншоотҳои омодашуда ва ҷузъҳои онҳоро мегузаронад;
- оид ба масъалаҳои арзиши масолеҳи сохтмонӣ шарҳҳо медиҳад;
- бақайдгирии ҳарсемоҳагии сатҳи воқеии нархҳои ҷории захираҳои дар сохтмон истифодашавандаро мегузаронад;
- тадқиқотҳои маркетингиро дар соҳаи сохтмон мегузаронад;
- дигар корҳоро, ки қонунгузорӣ манъ накардааст иҷро мекунад.
Соли 2021 аз ҷониби Корхона барӯйхатгирии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон аз нав гузаронида шуда, аз натиҷаи он лоиҳаи ҳуҷҷати «Номгӯйи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба нархгузорӣ дар сохтмон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда мебошанд» омода карда шуд, ки он санаи 19 ноябри соли 2021 дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмони Кумита мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои нашр тавсия дода шуд.
Мувофиқи ҳуҷҷати «Номгӯйи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба нархгузорӣ дар сохтмон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда мебошанд», айни замон дар низоми амалкунандаи нархгузории сохтмон 433 ҳуҷҷатҳои меъёрӣ амал мекунанд, ки аз онҳо 2 адад ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқмуайянкунанда, 4 адад меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, 32 адад ҳуҷҷатҳои роҳбарикунандаи системаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, 16 адад ҳуҷҷатҳои меъёрию методӣ, 36 адад дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа, 198 адад меъёр ва нархномаҳои харҷномавӣ, 71 адад маҷмӯаҳои нахҳои базавӣ барои корҳои пешазлоиҳавӣ ва лоиҳавӣ дар сохтмон ва 74 адад ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба захираҳои меҳнатӣ, яъне ЕНиР-ҳо мебошанд.
Баррасии масъалаҳои нархгузорӣ ва меъёргузории харҷномавии сохтмони иншооти стратегии «НБО-и Роғун» мадди назари доимии мутахассисони Корхона қарор дошта, оиди иҷроиши онҳо саривақт чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Соли 2021 зиёда аз 45 масъалаи ба сохтмони иншооти «НБО-и Роғун» тааллуқдошта, аз ҷониби мутахассисони Корхона дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои Кумита баррасӣ гардида, хулосаҳои дахлдор ба ҶСК «НБО Роғун» ирсол карда шуданд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба амалишавии сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти сохтмонии ватанӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ, корхона нашри махсуси маводи иттилоотии «Феҳристи истеҳсолкунандагони маҳсулоти сохтмонии ватанӣ» барориши №01 ва №02 таҳия намуд, ки дар нашри №01 феҳрист рӯйхати 26 корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти сохтмонии ватанӣ бо дарҷи зиёда аз 400 номгӯйи маҳсулотҳо ва дар нашри №02 феҳрист рӯйхати 28 корхонаҳо бо дарҷи зиёда аз 700 номгӯйи масолеҳҳо ҷойгир карда шуданд, ки онҳо барои истифода пешниҳод гардиданд.
Корхона ҳамкориро бо ширкати «ГРАНД»-и Федератсияи Россия хуб ба роҳ мондааст ва дар доираи ин ҳамкориҳо соли 2021 аз ширкати номбурда 12 калиди тафсири нави барномаи «Гранд Смета»-ро бо назардошти заминаи меъёрию харҷномавии дар ҷумҳурӣ амалкунанда дастрас намуда, ба субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ пешниҳод намуд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»


Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»


Мирзоева Анор Ҷумаевна

САРДОРИ ШӮЪБАИ МОНИТОРИНГИ НАРХҲОИ МАҲСУЛОТҲОИ СОХТМОНӢ, ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ, ТАЪМИНОТИ БАРНОМАВӢ


Шуъбаи мониторинги нархҳои маҳсулотҳои сохтмонӣ,
технологияҳои информатсионӣ ва таъминоти барномавии Корхонаи
воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»


Шуъба воҳиди сохтории Корхона буда, дар доираи ваколатҳои худ барои ҳалли масъалаҳои мониторинги нархҳои маҳсулотҳои сохтмонӣ, технологияҳои информатсионӣ ва таъминоти барномавӣ масъул мебошад.
Шуъба фаъолияти худро тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Шуъба вазифаҳои зерин дорад:
- арзиши аслии корҳои сохтмонию васлкунӣ ва сарфу харҷи пудратчиёнро дар асоси ҳуҷҷатгузории тендерӣ ва ё шартномавӣ дар сохтмони иншоот бо назардошти баланд шудани музди меҳнат дар сохтмон, пешравии илму техника, сарфу харҷи гузаронидани чорабиниҳо оиди муҳити атроф дида мебарояд;
- дар омода ва мувофиқасозии шартномаҳои пудратии сохтмони иншоотҳо иштирок менамояд;
- омода ва асоснок гардонидани пешниҳодот оид ба музди аввалаи шартнома ҳангоми гузаронидани савдо ва воридкунии фармоишот дар сохтмон, аз он ҷумла, давлатию ғайридавлатиро ташкил мекунад;
- мониторинги нархҳо (тарифҳо) дар сохтмон дар ду сатҳ: ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ гузаронида мешавад, аз ҷумла;
- дар ҳамкорӣ бо намояндагони ташкилотҳои пудратии хурд, бо фармоишгар ва ташкилоти лоиҳавӣ ҳарҷномаҳои маҳдуд, захираҳои меъёрҳои харҷномавии хусусӣ (индивидуалӣ), нархномаҳо барои корҳои васлкунию сохтмонӣ, нархгузории харҷномаи арзиши маводҳои моддӣ, арзиши истифодабарии соатии мошинҳо (аз он ҷумла, мошинҳои нави пурсамари хориҷӣ) меъёрҳои хусусии харҷи борхатӣ ва даромади харҷномавӣ, ҳисоб кардани музд ва сарфи меҳнат ва ҷамбаст намудани арзиши пешбинишудаи ҳисоби харҷномавии сохтмонро бо иҷозати директори корхона ба мувофиқа мерасонад;
- дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи идоракунии давлатӣ ва дигар ташкилотҳои ҷумҳуриявии зертобеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар шуъбаҳои Корхона мониторинги нархҳои масолеҳи сохтмониро дар бозорҳо гузаронида, ҳисобкунии индексҳои нархҳоро дар сохтмон таъмин менамояд;
- тайёр намудани маълумотҳоро ҷиҳати ҳисобкунии индексҳои миёнаи тағйирёбии арзиши корҳои сохтмону васлкунӣ дар ҷумҳурӣ, барои иншоотҳои таъиноти умумии соҳавӣ, индексҳои тағйирёбии масолеҳҳои сохтмонӣ дар минтақаҳо, намуди корҳо, иншоотҳои алоҳида ва унсурҳои хароҷотӣ, инчунин аз руи гурӯҳҳои калоншудаи масолеҳ, маснуот ва конструксияҳо, индексҳои омории арзиши корҳои сохтмону васлкуниро таъмин менамояд;
- тайёр намудани ҳуҷҷатҳоро барои баррасӣ ва тасдиқи индексҳои нархҳо дар сохтмон тибқи тартиби муқаррашуда амалӣ мегардонад;
- мавриди пешниҳоди корҳои иловагӣ ва ҳаҷми иҷрошудае, ки тибқи нархномаҳо ба назар гирифта нашудаанд, мувофиқатии онҳоро таҳия намуда, бо фармоишгару ташкилотҳои лоиҳавӣ ба мувофиқа расонида, харҷномаҳоро омода месозад;
- дар ташаккулёбӣ, азнавсозӣ ва нигаҳдории нишондодҳо, харҷ ва арзиши захираҳои (сарфи меҳнати коргарон дар сохтмон, вақти кории мошинҳои сохтмонӣ, талабот ба маводҳо, маҳсулот ва конструксияҳо) дар иншоотҳои пай дар пай сохташудаи ташкилот, барои зарурат ва тайёр кардани меъёрҳои калонҳаҷми унсурҳои харҷномавӣ ва нархномаҳо дар омодаи маълумотҳо, тартиб додани санади комиссияи қабули давлатӣ ҷиҳати истифодаи иншоотҳо иштирок мекунад ва талаботи Оинномавии Корхонаро ҳимоя менамояд;
- дигар корҳоро, ки қонунгузорӣ манъ накардааст иҷро мекунад.

Шуъбаи ташхисию таҳлилии Корхонаи воҳиди
давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»

Шуъба воҳиди сохтории Корхона буда, дар доираи ваколатҳои худ барои ҳалли масъалаҳои ташхисию таҳлилии соҳаи нархгузорӣ дар сохтмон масъул мебошад.
Шуъба фаъолияти худро тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Шуъба вазифаҳои зеринро дорад:
- ҳисобкунии арзиши сохтмони 1 метри мурабаъи масоҳати умумии ҳуҷраҳо ва биноҳои истиқоматиро мегузаронад;
- таҷрибаи татбиқи санадҳои меъёрӣ ва қонунгузориро оид ба нархгузорӣ дар сохтмон ва муйяннамоии арзиши барқарорсозии сохтмон, инчунин сохтмонҳои ба анҷомнарасидаро ҷамъбаст мекунад;
- бо фармоиши сармоягузор ваҷҳҳои вайронкунии меъёрҳои амалкунандаи нархгузориро баррасӣ ва таклифҳои дахлдор таҳия менамояд;
- омӯзиши конструксияҳо, таҷҳизотҳо, пудратчиёни биржаҳои минтақавӣ, мақомоти омор ва дигар ташкилотҳоро мегузаронад;
- бюллетенҳои (барои паҳнкуни дар нашрияҳои доимӣ) ҷорӣ ва индексҳои ояндабиниро оид ба шакли сохтмон, ки дар сохтмон истифода мегарданд, тартиб медиҳад;
- ҳисоби арзиши воқеии корҳои иҷрошуда ва хароҷоти анҷомдодаи пудратчиёнро дар иншоотҳои сохташаванда мегузаронад;
- дигар корҳоро, ки қонунгузорӣ манъ накардааст иҷро мекунад.


Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»

Бахши маркетинг дар соҳаи сохтмони Корхонаи
воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»


Бахш воҳиди сохтории Корхона буда, дар доираи ваколатҳои худ барои ҳалли масъалаҳои маркетинги нархҳои сохтмонӣ масъул мебошад.
Бахш фаъолияти худро тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ мемонад.
Бахш вазифаҳои зеринро ба зимма дорад:
- масъалаҳои маркетингро омӯхта, вобаста ба ҳолати нархҳои бозори ҷумҳурӣ масолеҳи истеҳсол намудани корхонаҳои худӣ ва маҳсулоти воридшаванда мониторинги арзиши маҳсулотҳои сохтмониро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту корхонаҳои сохтмонӣ оид ба сохтмони биноҳо, иморату иншоот, иҷрои корҳои омодасозии майдончаи сохтмон, корҳои заминӣ, сохтмони таҳкурсӣ ва таҳдеворҳо, сохтмони конструксияҳои асосӣ ва деворҳои иморату иншоот, сохтмони шабакаҳо, системаҳо ва таҷҳизоти муҳандисии берунӣ, сохтани шабакаҳои муҳандисии дохилӣ, корҳо оид ба ҳифзи конструксияҳо ва таҷхизот, корҳои пардозгарӣ, васлкунии таҷҳизоти технологӣ, иҷрои вазифаҳои пудратчии кулл, иҷрои вазифаи фармоишгар, инчунин корхонаҳои оид ба истеҳсоли масолеҳҳои сохтмонӣ ва маснуоти сохтмониро новобаста аз тобеъияти идоравӣ ва шакли моликият амалӣ менамояд;
- тадқиқотҳои маркетингӣ мегузаронад, хизматрасониҳои амалиро оид ба пешбурди таҳиясозӣ дар самти нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон анҷом медиҳад;
- фаъолияти рекламавӣ - нашриётиро ба манфиати корхона анҷом медиҳад;
- таҳти мониторинг нархҳои масолеҳ, маснуот ва конструксияҳои дар соҳаи сохтмон истифода шаванда, қарор дода мешавад, аз ҷумла:
- дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда (бевосита дар корхонаҳои-истеҳсолкунанда);
- тарифҳои хизматрасонӣ оид ба идоракунӣ ва истифодабарии техникии мошинҳо ва механизмҳои сохтмонӣ, нақлиёти автомобилро ба инобат мегирад;
- тибқи дархостҳо аз тамоми ташкилоту корхонаҳои сохтмонӣ, новобаста аз шакли моликият ва соҳибкорони инфиродӣ маълумотҳои иловагии заруриро вобаста ба иҷрои вазифаҳо ва мақсадҳои дар вазифаҳояшон пешбинишуда дастрас менамояд;
- таҳлил, ҷамъбаст ва баҳодиҳии маълумотҳои ибтидоии дастрасшуда, таҳлили таркиби нархҳо (тарифҳо), ба масолеҳ, маснуот ва конструксияҳои монанд, хизматрасонӣ ва ворид намудани пешниҳодот оиди батартибоварии нархҳоро (тарифҳо) амалӣ менамояд;
- пешниҳоди маълумот дар асоси шартномаҳои басташудаи тарафайн оид ба индексҳои ҳармоҳаи тағйирёбии арзиши масолеҳи сохтмонӣ дар минтақаҳо, намуди корҳо, иншоотҳои алоҳида ва унсурҳои хароҷотӣ, инчунин аз руи гурӯҳҳои калоншудаи масолеҳ, маснуот ва конструксияҳо, индексҳои омории арзиши корҳои сохтмонӣ-васлкуниро (дар намуди электронӣ) амалӣ менамояд;
- ҷамъбаст ва таҳлили пешниҳодҳо оид ба такмили нархгузорӣ дар сохтмон, тартиби ҳисобкунии корҳои (хизматрасониҳои) иҷрошуда, васеъкунӣ, ё ин ки тағйироти номгуи захираҳои мушоҳидашавандаро амалӣ менамояд;
- маҷмуаҳои минтақавӣ ва махсусгардонидашударо оид ба нархгузорӣ дар сохтмон ҷиҳати мувофиқасозӣ дар мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ баррасӣ ва таҳия менамояд;
- дигар корҳоро, ки қонунгузорӣ манъ накардааст иҷро мекунад.


Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»

Бахши технологияҳои инноватсионӣ дар сохтмон ва татбиқи
меъёрҳои нави харҷномавии Корхонаи вохиди давлатии
«Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»


Бахш воҳиди сохтории Корхона буда, дар доираи ваколатҳои худ барои ҳалли масъалаҳои техналогияҳои инноватсионӣ дар сохтмон ва татбиқи меъёрҳои нави харҷномавии Корхона масъул мебошад.
Бахш фаъолияти худро тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Бахш вазифаҳои зеринро дорад:
- барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи нархгузорӣ ба масолеҳи сохтмонӣ мусоидат намуда, дар таҳияи ҳуҷҷатҳои методӣ ва меъёрӣ оид ба ташкил ва гузаронидани музоядаҳои пудратӣ барои сохтмони иншоотҳо бо иштироки пудратичиёни ватанию хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;
- маҷмӯаҳои минтақавӣ ва махсусгаронидашударо оид ба нархгузорӣ дар сохтмон ҷиҳати мувофиқасозӣ дар мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баррасӣ ва таҳия менамояд;
- паҳнкунии таҷрибаи муосир ва маълумотҳои нави ҳуҷҷатҳои меъёриву методиро дар соҳаи нархгузорӣ дар сохтмон ташкил менамояд;
- дар мувофиқа бо тарафҳои манфиатдор дар ташкил ва багузории музоядаҳои алоҳида оид ба сохтмони иншоотҳо ширкат меварзад;
- барои татбиқи меъёр, қоида ва ҳуҷҷатҳои методӣ оид ба нархгузорӣ шарҳ ва маслиҳатҳо медиҳад;
- бақайдгирии ҳар семоҳагии (ҳармоҳаи) сатҳи воқеии нархҳои ҷории ресурҳои дар сохтмони иншоотҳои истеҳсоли истифодашавандаро бо истифодаи корхонаҳои мазкур (истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмонӣ) амалӣ менамояд;
- таҳлили иншоотҳои бунёдгардида, шаклҳои кори иҷрошударо, ки аз шартҳои таъминот ва сохтмонии имкониятҳои техникию технологии ташкилотҳои сохтмонӣ бармеоянд, мегузаронад;
- ояндабинии ҷорӣ ва кӯтоҳмуддати (то 1 сол) индексҳои нахҳоро барои маҳсулоти сохтмонӣ, ки дар сохтмон истифода мешаванд, таҳия менамояд;
- махзани автоматикунондашудаи арзиши нишондодҳоро оид ба иншоотҳои бунёдгардида ва ба истифодадодашуда ва мустаҳкамии истеҳсоли масолеҳи сохтмониро ташкил меуканд;
- махзани маълумотҳоро, ки ҳуҷҷатҳои дастуриро оид ба нархгузорӣ дар сохтмон дар бар мегиранд, ташкил медиҳад;
- маблағҳои барномавиро бо назардошти синфҳои мавҷуда, ки барои амалгардонии роҳҳои нав дар муайянсозии арзиши сохтмон бо шарти мунтазам тағийр ёфтани нархгузорӣ имконият медиҳанд, ба даст меорад ва паҳн мекунад;
- меъёрҳои хароҷоти компютеризатсиякунондашударо барои муайян намудани арзиш ва сохтмони иншоотҳо ташкил мекунад;
- дигар корҳоро, ки қонунгузорӣ манъ накардааст иҷро мекунад.


Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»

Бахши молия ва хоҷагидории Корхонаи воҳиди
давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»


Бахш воҳиди сохтории Корхона буда, дар доираи ваколатҳои худ барои ташкили фаъолияти молиявию хоҷагидории Корхона масъул мебошад.
Бахш фаъолияти худро тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молия Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Бахш чунин вазифаҳои зеринро дорад:
- тартиби ташкили буҷети Корхонаро тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба низом медарорад, сарчашмаҳои маблағворидкунандаро муайян месозад, харҷномаи (сметаи) Корхонаро таҳия ва барои тасдиқ ба Директори Корхона пешниҳод менамояд;
- рафти воридшавии маблағҳои шартномавиро назорат мекунад, ба низом медарорад, оид ба ҳолати буҷети Корхона ба Директор гузориш медиҳад;
- хароҷоти максадноки маблағҳои буҷети Корхонаро ба роҳ мемонад, рафти иҷрои онро назорат мекунад;
- ҳуҷҷатгузории муҳосиботро ба роҳ мемонад, иҷрои онро амалӣ месозад;
- ҳисобботҳои дахлдории ҳармоҳаро таҳия менамояд;
- ҳар семоҳа ҳисобботҳои кварталиро таҳия ва пешниҳод менамояд;
- ба мактубҳо ва ҳуҷҷатҳои воридшуда оиди маблағгузаронӣ ҷавоб медиҳад;
- барои фароҳам сохтани шароити мусоиди корӣ ва таъмини кормандон бо маводи зарурӣ чораҳо андешад;
- ҳисоби хароҷоти молиявӣ барои истеҳсол ва фуруши маҳсулот, баҳисобгирии натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолии Корхона, инчунин назорати маблағҳои воридшуда ва бақияҳои шартномаҳои басташударо назорат ва амалӣ менамояд;
- ҳисоботи давриро дар муҳлатҳои муқарраргардида омода ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд;
- истифода ва нигоҳдошти иншоотҳои таъиноти иҷтимою фарҳангӣ ва манзилию коммуналӣ, истифода ва нигоҳдошти инфрасохтори муҳандисии ба корхона бо ҳуқуқи пешбурди хоҷагидори вобасташударо (системаи барқтаъминкунӣ, обтаъминкунӣ, обгузаронӣ, гармитаъминкунӣ, системаи хунуккунӣ ва тозакунии ҳаво, рӯшноии берунии роҳ ва иншоотҳои роҳдорӣ) таъмин мекунад.
- дигар супоришҳои роҳбари Корхонаро иҷро менамояд.


Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»
Бахши умумӣ ва кадрҳои Корхонаи воҳиди
давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»


Бахш воҳиди сохтории Корхона, дар доираи ваколатҳои худ барои ҳалли вазифаҳои идоракунӣ, коргузорӣ ва кадрии Корхона масъул мебошад.
Бахш фаъолияти худро тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Бахш вазифаҳои зерин дорад:
- таъмини гардиши ҳуҷчатҳои воридотӣ ва содиротӣ, баррасии саривақтии онҳо;
- таҳияи ҳуҷҷатҳо оид ба таъин ва озод намудани кормандони Корхонаи воҳиди давлатӣ, пешбурду нигоҳдории ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва дафтарчаҳои меҳнатии кормандон;
- мактубҳо, ҳуҷҷатҳо ва аризаҳои воридшударо ба қайд мегирад, тибқи супориши роҳбари Корхона ба иҷрокунандагон месупорад, иҷрои саривақтии онҳоро талаб менамояд;
- таҳияи лоиҳаи басти корӣ, ҷадвали рухсатиҳои меҳнатӣ ва ба расмият даровардани сафарҳои хизматиро иҷро менамояд;
- бақайдгирии варақаҳои корношоямии кормандон ва ҳайати хизматрасон;
- назорати риояи вазифаҳои хизматӣ, интизоми меҳнаӣ дар Корхона;
- ташкил ва дуруст истифода намудани маҳорати касбии кормандони Корхона бо назардошти дурнамои инкишофи он;
- риояи тартиби қабул ба кор, бастани шартномаҳои меҳнатии қабул ба кор;
- назорати риояи талаботи тахассусии кормандон;
- гузаронидани таҳлили мансабҳои холӣ дар Корхона;
- омода намудани маводи зарурӣ барои фаъолияти роҳбари корхона ва шуъбаҳо;
- ташкил ва гузаронидани аттестатсияи кормандони корхона;
- таъмини пешниҳодот оид ба гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳо;
- ташкили захираи кадрҳо ва кор бо онҳо;
- ташкили тайёркунии касбӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон;
- таҳлили вазъи таъминоти кадрӣ;
- назорати риояи талаботи синни ниҳоии баромадан ба нафақа;
- таъмини низоми дафтарҳои бақайдгирии муросилоти воридотӣ, содиротӣ, сафарҳои хизматӣ, рухсатиҳои меҳнатӣ ва фармоишҳои роҳбари Корхона;
- гузаронидани мониторинги ҳолати кадрҳои Корхона ва банақшагирии талабот ба кадрҳо, пешбурди истифодаи технологияҳои муосир ва манбаъҳои таълиму тарбияи кадрҳо дар корхона ва берун аз он;
- банақшагирии чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии касбии кормандони нав ба кор қабулшуда, махсусан ҷавонон;
- сари вақт (якҷоя бо бахши молия ва хоҷагидорӣ) таҳлил намудани шаклҳои самараноки амалкунандаи ҳавасмандгардонии моддию маънавии кормандон;
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҳифзи иҷтимоӣ, моддӣ ва ҳуқуқии кормандон дар мавридҳои ихтисоршавӣ, тағйироти ташкилӣ, штатӣ ва сохторӣ;
- ҳамоҳангсозӣ ва ташкили чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ;
- ташкил ва омода намудани маҷлисҳои назди директори Корхона;
- ҳамоҳангсозии масъалаҳои мукофотонӣ;
- бақайдгирии истифодаи вақти кории кормандонро таҳия намуда, ба роҳбари Корхона ва баъди тасдиқ намудан ба муҳосибот пешниҳод менамояд;
- дигар корҳоро, ки қонунгузорӣ манъ накардааст иҷро мекунад.


Суроғаи Корхона: 734025 шаҳри Душанбе,
хиёбони Ш. Ҳусейнзода 34,
бинои ҶСК «Шаҳрофар» ошёнаи 3- юм.
Телефонҳо барои тамос: 227-35-61; 227-35-56; 227-35-39
Сомонаи интернетӣ: Email - ssco.tj2010@mail.ru


Фароҳам овардани шароити мусоид ба амалишавии сиёсати давлатӣ оид
ба баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти сохтмонии ватанӣ


Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба амалишавии сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти сохтмонии ватанӣ дар бозори дохилӣ, инчунин мусоидат намудан ба раванди афзунгардонии ҳаҷми содирот ва коҳиш додани ҳиссаи молҳои воридот нашри махсуси маводи иттилоотии «Феҳристи истеҳсолкунандагони маҳсулоти сохтмонии ватанӣ» барориши №01 ва №02-ро таҳия намуда, барои маълумот ва корбарӣ пешниҳоди субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ намудааст.
Феҳрист нашрияи иттилоотие мебошад, ки барои инъикоси дастовардҳои соҳаи саноати сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории ҷумҳурӣ равона карда шудааст.
Феҳрист ба ҳамаи муҳандисон, фармоишгарон ва пудратчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ, лоиҳакашон ва дигар субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ маълумоти муҳим пешниҳод менамояд, ки он ба баланд бардоштани самаранокӣ ва ҳосилнокӣ мусоидат мекунад.
Дар феҳрист, инчунин ширкатҳои нав, истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмонӣ ва ширкатҳои бузурги ҷумҳурӣ муаррифӣ карда мешавад. Дар қисми мазкур тавсифи пурраи ширкатҳо, рақамҳои телефон ва суроғаҳои почтаи электронӣ, руйхати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва нархи онҳо, инчунин сомонаи онҳо агар мавҷуд бошад, оварда шудааст. Феҳрист барои кӯмак дар пайдо намудани ташкилотҳои лозимии истеҳсолкунандаи маҳсулоти сохтмонӣ таҳия шудааст. Маълумоти мазкур барои таъминкунандагони масолеҳи сохтмонӣ, фурӯшандагони маҳсулоти сохтмонӣ, ширкатҳое, ки дар сохтмон шарикони худро меҷӯянд ва барои ташкилотҳои дигар, ки иттилооти зарурӣ меҷӯянд, ҷолиб хоҳанд буд.
Бисёре аз ширкатҳо манбаи мазкуро пайдо мекунанд ва ташкилотҳои худро бо хоҳиши худ дар феҳрист сабти ном мекунанд. Тавре, ки таҷриба нишон медиҳад, фасли ширкатҳои сохтмонӣ хеле маъмул аст ва ҳар сол феҳристро тақвият бахшида, қисмати мазкур барои боз ҳам осонтар ёфтани маълумот, такмил дода мешаванд.
Феҳрист барои кӯмак ба ширкатҳои сохтмонӣ дар пайдо кардани муштариён ва шарикони эҳтимолӣ маводи зарурӣ мебошад.
Феҳристи истеҳсолкунандагон, ки ба диққати Шумо пешниҳод карда мешаванд, метавонанд на танҳо дар ёфтани шарикон, балки дар ташаккули стратегияи тиҷорат низ ёрии калон расонад.
----------------------------------------------------------
Ба маълумоти корхонаю ташкилотҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти сохтмонии ватанӣ расонида мешавад, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани номгӯйи молу маҳсулоти сохтмонии истеҳсолӣ дар «Феҳристи истеҳсолкунандагони маҳсулоти сохтмонии ватанӣ» омода аст, ки бо ҳамаи корхонаю ташкилотҳо ҳамкорӣ намояд.
Ҷойгиронии маълумотҳо дар «Феҳристи истеҳсолкунандагони маҳсулоти сохтмонии ватанӣ» аз ҷониби ройгон амалӣ карда мешавад.
Соли 2021 «Феҳристи истеҳсолкунандагони маҳсулоти сохтмонии ватанӣ» барориши №01 ва №02 таҳия карда шуда, барои маълумот ва корбарӣ пешниҳоди субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ карда шуд.
Феҳрист имконият фароҳам меорад, ки корхонаю ташкилотҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти сохтмонии ватанӣ пешниҳоди тиҷоратии худро оид ба маҳсулотҳои сохтмонии истеҳсолӣ дар он ҷой дода, ба фармоишгарон, лоиҳакашон, сохтмончиён ва дигар субъектҳои манфиатдор муаррифӣ намоянд.
Бо мақсади афзалият додан ба молу маҳсулоти дар дохили кишвар истеҳсолшаванда, инчунин ба инобат гирифтан зимни таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар бораи озод намудани масолеҳҳои сохтмонии ба ҷумҳурӣ воридшаванда аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ, нусхаи феҳристҳои мазкур барои маълумот ба вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод карда шудааст.
Инчунин, феҳристҳои зикршуда барои корбарӣ ва ба инобат гирифтан зимни таҳия ё баррасии ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавии биною иншоот, ба ташкилотҳои лоиҳакашии воҳиди сохтории Кумита ва экспертизаи давлатӣ пешниҳод карда шуданд.
Барои дастрас намудани матни пурраи «Феҳристи истеҳсолкунандагони маҳсулоти сохтмонии ватанӣ» барориши №01 ва №02 соли 2021, ба Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» муроҷиат намоед.
Суроға:
734025 ш.Душанбе,
кӯчаи Ҳусейнзода, 34
бинои ҶСК «Шаҳрофар»
ошёнаи 2-юм.
Тел.:
(992 37) 227-75-80,
(992 37) 227-35-61,
(992 37) 227-35-56
(992 37) 227-35-39.
Email: ssco.tj2010@mail.ru,
sscomarket@gmail.com.
----------------------------------------------------------



FEHRISTI-ChUMHURIYaVI-2019s.pdf [257,86 Kb] (cкачиваний: 39)

Feristi-istesolkunandagoni-masuloti-sohtmonii-vatani-01.pdf [3,39 Mb] (cкачиваний: 3)

Feristi-istesolkunandagoni-masuloti-sohtmonii-vatani-02.pdf [3,35 Mb] (cкачиваний: 2)




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво