Главная > Роҳбарият > МИРЗОЗОДА Низом Юсуфӣ

МИРЗОЗОДА Низом Юсуфӣ


7-01-2023, 11:39.
МИРЗОЗОДА Низом Юсуфӣ

М А Ъ Л У М О Т Н О М А


МИРЗОЗОДА Низом Юсуфӣ


*Аз январи соли 2023 дар мансаби Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
*Соли таваллуд 10 майи соли 1962 *Миллат тоҷик
*Ҷои таваллуд ноҳияи Муъминобод *Таҳсилот олӣ
*соли 1983 Институти политехникии Тоҷикистон (рӯзона), соли 1989 Мактаби Олии
Комсомолии шаҳри Москваро бо дипломи аъло хатм кардааст
*Ихтисос муҳандис- сохтмончӣ, сиёсатшиносӣ
*Унвони илмӣ номзади илмҳои техникӣ
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
*Вакили Маҷлиси вакилони халқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не:
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014, таҳти №245 бо медали « Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.
Бо Фармоиши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 августи соли 2017, таҳти №68/ф бо нишони соҳавии «Бинокори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
*Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

*Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1978-1983 Донишҷӯи Институти политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1983-1984 Муҳандиси лабораторияи сохтмонии Ширкати «Кӯлобдеҳотсоз», шаҳри Кулоб
Солҳои 1984-1985 Муҳандиси калони Ширкати «Кӯлобдеҳотсоз»шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1985-1987 Котиби озоди Комитети комсомолии совхози «60-солагии СССР», ноҳияи Ленинград (ҳозира ноҳияи Мӯъминобод)
Соли 1987 (07-12) Сармуҳандиси Штаби отрядҳои сохтмонии донишҷуён -ҷонишини мудири шӯъбаи Комитети комсомолии вилояти Кӯлоби ЛКСМ Тоҷикистон
Солҳои 1987-1988 Мудири шӯъбаи ҷавонони коргар ва деҳоти Комитети вилояти Кӯлоби ЛКСМ Тоҷикистон
Солҳои 1988-1990 Мудири шуъбаи масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷавонони Комитети комсомолии вилояти Хатлони ЛКСМ Тоҷикистон
Солҳои 1990-1991 Инструктори шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунистии шаҳри Кӯлоб
Соли 1991 (09-12 ) Сардори шуъбаи Иттиҳодияти вилоятии таъмиру сохтмонӣ вилояти Кӯлоб
Солҳои 1991-1994 Сармуҳандиси Иттиҳодияти вилоятии таъмиру сохтмонӣ вилояти Кӯлоб
Солҳои 1994-1996 Сардори идораи «Райселкомхоз»-и шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1996-1997 Сармутахассиси Дастгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1997-1998 Сардори Муассисаи корхонаҳои коммуналии шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1998-2001 Сардори Раёсати сохтмони асосии Ҳукумати шаҳри Кӯлоб
Соли 2001 ( 04-10 ) Муовини Раиси ноҳияи «Роҳи оҳан»-и шаҳри Душанбе
Солҳои 2001-2002 сардори Раёсати сохтмони асосии Ҳукумати шаҳри Душанбе
Солҳои 2002-2003 Муовини Директори генералии корхонаи муштараки Тоҷикистон-Россия «Таджросселмаш», шаҳри Душанбе
Солҳои 2003-2007 Сардори Сарраёсати ободонии Ҳукумати шаҳри Душанбе
Солҳои 2007-2008 Муовини Директори генералии ҶММ «Роҳи тоҷик», шаҳри Душанбе
Солҳои 2008-2009 Сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи бо оби нушокӣ таъмин намудани аҳолии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ», шаҳри Душанбе
Солҳои 2009-2014 Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2015 Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2020 Муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2020-2021 Муовини Раиси вилояти Хатлон
Солҳои 2021-2023 Муовини якуми Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон
Аз январи соли 2023 то ҳоло Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вернуться назад