2 ноябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Назирзода Абдуҷаббори Савзаалӣ

1866
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 18 июли соли 2024 №406
ш. Душанбе


Дар бораи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва
сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Назирзода А.С.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Назирзода Абдуҷаббори Савзаалӣ муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Назирзода Абдуҷаббори Савзаалӣ

Назирзода Абдуҷаббори Савзаалӣ


14 декабри соли 1991 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуаадаст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилоташ олӣ. Соли 2015 Донишгоҳи давлатии сохтмонии шаҳри Москваи Федератсия Россияро бо ихтисоси муҳандис- гидротехник хатм намудааст.
Солҳои 2015-2016 ҳамчун мутахассиси раёсати саноат ва барномаҳои энергетикии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2016-2020 ба ҳайси мутахассиси Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз мохи октябри соли 2020 сармутахассиси Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас, сардори шуъбаи нозирони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз моҳи марти соли 2021 ба ҳайси сармутахассиси раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз ноябри 2021 сардори раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмонӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 07.09.2023 то 18 июли соли 2024 дар вазифаи Директори МД “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва маниторинги шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Бо қарори Ҳукуммати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2024 №406 муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво