29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Файзуллозода Нусратулло Қудратулло

1489
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 1 феврали соли 2021 №10
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва
сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Файзуллозода Н.Қ.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Файзуллозода Нусратулло Қудратулло муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


Файзуллозода Нусратулло Қудратулло

Файзуллозода Нусратулло Қудратулло

9 июни соли 1981 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро бо ихтисоси меъмор хатм кардааст. Солҳои 2003-2005 Мудирияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «КОМБИНЕД-АГЕ-ТЕКАР» (ширкати роҳсозии Туркию - Қувейтӣ), дар шаҳри Душанберо бар уҳда дошт. Солҳои 2005-2007 дар вазифаи муҳандис-меъмори шуъбаи лоиҳакашии иншооти саноатию шаҳрвандии Пажуҳишгоҳи кофтуковию лоиҳакашии “Тоҷикгипротрансстрой»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Сипас, ҳамчун муҳандиси дараҷаи 2-юми шуъбаи лоиҳакашии саноатию-шаҳрвандии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2007-2008 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ваколатдори намояндагии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Фирдавсӣ кор кардааст. Солҳои 2008-2009 мудири бахши ташкилотҳои лоиҳакашии Раёсати сиёсат дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии дастгоҳи марказии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон буд. Соли 2009 ҳамчун сармутахассиси шуъбаи ваколатдори намояндагии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Сино кор кардааст. Аз соли 2009 то соли 2011 ҳамчун сармутахассиси шуъбаи ваколатдори намояндагии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 2011-2012 дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Устувор-2011” ҳамчун меъмор фаъолият намудааст. Солҳои 2012-2014 дар Корхонаи фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и ш.Душанбе ба сифати сармеъмор кор кардааст. Аз соли 2014 то соли 2015 дар вазифаи муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии ”Лоиҳакаш”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2015 то соли 2021 дар вазифаи Сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2021 муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво