28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Умарзода Улуғбек Хуҷа

1790
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 1 феврали соли 2021 №9
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва
сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Умарзода У.Х.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Умарзода Улуғбек Хуҷа муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Умарзода Улуғбек Хуҷа

Умарзода Улуғбек Хуҷа


22 августи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1995 ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дохил шуда, онро соли 2000-ум бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2000-ум дар “Омӯзишгоҳи касбии техникии №1-и шаҳри Душанбе дар вазифаи муаллим оғоз намуда, сипас фаъолияташро ба ҳайси ассистенти кафедра, муаллими калон, муовини декани факултаи “Сохтмон ва меъморӣ” дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ идома додааст.
Солҳои 2006-2009 аспиранти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ гардид.
Рисолаи номзадиашро соли 2013 дар шаҳри Ростови Федератсияи Россия ҳимоя намудааст. Дотсент, номзади илмҳои техникӣ мебошад.
Аз 28 сентябри соли 2006 сармуҳандиси КВД “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” ва аз 27 феврали соли 2008 сардори Раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ дар сохтмони Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз 18 январи соли 2013 ба вазифаи директори КВД “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ”-и Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, то соли 2014 фаъолият намудааст.
Бо сабаби табдил додани Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2014 ба вазифаи директори КВД “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Аз 1 феврали соли 2021 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво