Шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
7048
Мирзоавлиёев Саид Сардори шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи ҳуқуқ: Шуъбаи ҳуқуқ бо мақсади иҷрои вазифаҳо, ташкили фаъолияти самаранок, иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои хизматӣ ваколатҳои зерин дорад: - таъмини риояи тартиби қабул ба хизмати давлатӣ, қоидаҳои бастани шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ; - анҷом додани вазифаҳо оид ба масъалаҳои корҳои махсус тибқи санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ; - таъмин ва назорати иҷрои санадҳои ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдошта; - мустақилона ё бо дигар воҳидҳои сохторӣ баррасӣ ва пешниҳод намудани хулосаҳо ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; - таҳия кардани дастурамалҳои мансабии кормандони шуъба ва барои тасдиқ ба раиси Кумита пешниҳод намудан; - иштирок намудан дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Кумита; - қабули шаҳрвандон, баррасӣ намудани муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии онҳо; - таъмини назорати интизоми иҷроия дар шуъба; - таъмини назорати фаъолияти кормандони шуъба ҷиҳати роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ; - тартиб додани маводҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба раиси Кумита барои чораҷӯи пешниҳод намудани онҳо; - дигар ваколатҳоро мутобиқи қонунгузорӣ амали мегардонад. Ҳуқуқҳои шуъбаи ҳуқуқ: Бо мақсади татбиқи ваколатҳо шуъбаи ҳуқуқ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад: - аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва хизматчиёни давлатии Кумита, воҳидҳои сохторӣ оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти шуъбаи ҳуқуқ мансуб буда маълумот дархост намояд; - ҳангоми ба расмият даровардани таъинкунӣ, гузариши кормандон ба дигар воҳидҳои сохторӣ, фиристодан ба сафари хизматӣ ва ба рухсатии меҳнатӣ аз кормандон маводҳои заруриро талаб намояд; - бо тартиби муқарраргардида дар ҳолатҳои зарурӣ кормандони воҳидҳои сохторӣ ва дастгоҳи марказиро дар мувофиқа бо роҳбарони бевоситаи онҳо барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи шуъбаи ҳуқуқ гузошта шудааст, аз ҷумла барои санҷиш ва ҷамъбасти ҳисобот ҷалб намояд; - бо тартиби муқарраргардида машварату семинарҳо ташкил намояд, инчунин дар машваратҳое, ки роҳбарияти Кумита ва дигар воҳидҳои сохторӣ дар доираи масъалаҳои ба доираи ваколатҳо дохил мешаванд иштирок намояд; - лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ таҳия ва бо тартиби муқарраргардида барои тасдиқ пешниҳод намояд; - роҳбарӣ, назорат ва инчунин ёрии методӣ, ташкилӣ ва техникиро вобаста ба масъалаҳое, ки ба раванди таҳия ва тасдиқи дастурамали мансабии мансабҳои воҳидҳои сохторӣ дахл доранд, таъмин намояд; - дар якҷоягӣ бо роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ташкилоти иттифоқҳои касаба, комиссияҳои ҷамъиятӣ рафти риояи интизоми меҳнатиро назорат карда, дар хусуси ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани кормандон пешниҳод манзур намояд; - мутобиқи қонунгузорӣ дигар амалҳоро иҷро кунад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |