12 ноябр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмони дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ

8709
Бухоризода Меҳроҷи Қобилҷон

Сардори Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон

Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмони дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди сохтории мақоми давлатӣ буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара, инчунин Низомномаи Раёсатро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.
Раёсат таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси Кумита фаъолият мекунад.
Раёсатро сардори Раёсат, ки тибқи қонунгузории хизмати давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд, роҳбарӣ мекунад.
Раёсат дар фаъолияти худ бо корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, дигар ташкилоту корхонаҳо вобаста ба масъалаҳои ба салоҳияти он дахлдошта ҳамкорӣ менамояд.
РАЁСАТ ВАЗИФАҲОИ ЗЕРИН ДОРАД:
- таъмини иҷрои дастуру супоришҳо, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои ҳуқуқии ба фаъолияти шаҳрсозӣ вобастабударо танзим менамоянд;
- таъминоти иттилоотию таҳлилӣ вобаста ба фаъолияти Кумита;
- таъмини фаъолияти ташкилию ҳуқуқӣ ва моддию техникии Кумита;
- таъмини иҷрои нақшаву барнома ва консепсияҳои дахлдор;
- таҳия ва мувофиқасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор,
- баррасӣ намудани мактубу дархостҳои шахсони ҳуқуқӣ ва арзу шикоятҳои хаттию шифоҳии шаҳрвандон;
- таъмини иҷрои саривақтии супоришҳои роҳбарияти Кумита;
- иштирок намудан дар таҳияи барномаҳои мақсадноки давлатӣ;
- иштирок намудан дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ.
Раёсат ҷиҳати иҷрои вазифаи пешбинигардида функсияҳои зерин дорад:
- ташкили таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба самти фаъолияти Раёсат дахлдошта;
- омода намудани маърузаҳо, ҳисоботи роҳбари мақоми давлатӣ ва масъалаҳои илмӣ, меъёрию техникӣ дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо;
- иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор;
- тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои роҳбари мақоми давлатӣ ба иҷрокунандагон ва шахсони мансабдори масъул, назорати иҷрои онҳо;
- тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба роҳбари мақоми давлатӣ пешниҳод намудани нақшаҳои кории (фаъолияти) солона, нимсола ва семоҳа;
- таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои Раёсат дар соҳаи дахлдор солона, нимсола ва семоҳа;
- мусоидат барои ташкилу баргузории чорабиниҳои дахлдори соҳа;
- омода ва пешниҳоди маълумот ва ҳисоботу гузоришҳо ба мақомоти болоӣ;
- қабул ва баҳогузорӣ намудани ҳисоботҳои семоҳа ва солонаи фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита;
-назорати риояи интизоми меҳнат дар Раёсат.

РАЁСАТ ҲУҚУҚҲОИ ЗЕРИН ДОРАД:
- аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва хизматчиёни мақоми давлатӣ, сохторҳои системаи он оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти соҳа мутобиқи тартиби муқарраргардида маълумот дархост намояд;
- бо тартиби муқарраргардида кормандонро дар мувофиқа бо роҳбари мақоми давлатӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи воҳидҳои сохтории дастгоҳ вогузошта шудааст, аз ҷумла гузаронидани мониторинг, санҷиш, ҷамъбасти ҳисобот, ҷалб намояд;
- бо тартиби муқарраргардида машварату семинарҳо ташкил намояд, инчунин дар машваратҳое, ки роҳбарият ва дигар мақомоти давлатӣ мегузаронанд, иштирок намояд;
- таъмини назорати дурусти ҳисоботдиҳӣ, роҳ надодан ба камбудиҳо дар фаъолияти Раёсат.
Раёсат дорои дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зарифзода Абдуқодир
Тел: 221-41-37
E-mail: abduqodir_zaripov@mail.ru




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво