7 декабр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Қонуни ҶТ Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият

10018
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №5, мод. 348; соли 2005, №3, мод. 120;
соли 2006, № 7, мод. 343; соли 2007, № 6, мод. 433; соли 2008, №1 қисми 2, мод.14; №6, мод. 457; №10, мод.)


Маҷлиси намояндагон 14-уми апрели соли 2004 қабул кардааст
Маҷлиси миллӣ 29-уми апрели соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст


Қонуни мазкур намудҳои фаъолиятеро муайян мекунанд, ки иҷозатномадиҳиро талаб намуда, асосҳои ҳуқуқии додани иҷозатнома (литсензия)- ро барои ҳуқуқи машғулшавӣ ба намудҳои мушаххаси фаъолият муқаррар карда, ба риояи стандартҳо ва талаботи зарурии тахассусӣ барои таъмини ҳимояи манфиату амнияти шахс, ҷамъият ва давлат нигаронида шудааст.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
иҷозатнома (литсензия) – иҷозати махсусе, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ онро мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ додааст;
намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда (литсензияшаванда) – фаъолиятест, ки барои амалӣ намудани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни мазкур бояд иҷозатнома гирифта шавад;
иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ) – чорабиниҳоест, ки ба иҷозатномадиҳӣ, аз нав ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома, бекор кардани он ва ба назорати мақомоти иҷозатномадиҳанда оиди аз тарафи иҷозатномадор риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ҳангоми ба амал баровардани намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда вобаста мебошад;
шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ – маҷмӯи шарту талаботе, ки бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар шудаанд, ки иҷрояшон барои иҷозатномадор ҳатмист;
мақомоти иҷозатномадиҳанда – мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки мутобиқи Қонуни мазкур иҷозатнома медиҳад;
иҷозатномадор (литсензиат) – шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас иҷозатнома доранд;
довталаби иҷозатнома – шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродиест, ки ба мақомоти иҷозатномадиҳанда барои фаъолияти мушаххас ҷиҳати гирифтани иҷозатнома бо ариза муроҷиат намудааст;
феҳристи (реестри) иҷозатнома – маҷмӯи маълумот дар бораи додани иҷозатнома, аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатнома, боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома ва бекор кардани онро тасдиқ мекунанд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст.

Моддаи 3. Принсипҳои асосии иҷозатномадиҳӣ
Иҷозатномадиҳӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ мегардад:
- таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муқаррар намудани номгӯи ягонаи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда;
- муқаррар кардани тартиби ягонаи иҷозатномадиҳӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муқаррар намудани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ тибқи низомнома оиди хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият;
- ошкорбаёнӣ дар иҷозатномадиҳӣ;
- риояи қонуният ҳангоми иҷозатномадиҳӣ.

Моддаи 4. Меъёрҳои муайян кардани намудҳои фаъолияте, ки барояшон иҷозатнома дода мешавад
Ба намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда намудҳои фаъолияте дохил мешаванд, ки амалӣ шудани онҳо метавонад ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва амнияти давлатӣ, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад ва танзими онҳо ба ғайр аз иҷозатномадиҳӣ бо роҳҳои дигар имконнопазир аст.

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иҷозатномадиҳӣ салоҳиятҳои зеринро доранд:
- низомномаро дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият тасдиқ намояд;
- мақомоти ҳокимияти иҷроияеро муайян намояд, ки барои намудҳои мушаххаси фаъолият иҷозатнома медиҳад.

Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти иҷозатномадиҳанда
1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда салоҳият доранд, ки:
- иҷозатнома диҳад;
- ҳуҷҷатҳоеро аз нав ба расмият дароранд, ки вуҷуд доштани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд;
- мӯҳлати амали иҷозатномаҳоро дароз намоянд;
- амали иҷозатномаро боздоранд;
- амали иҷозатномаро барқарор созанд;
- иҷозатномаро бекор кунанд (дар мавридҳои пешбининамудаи моддаи 14 Қонуни мазкур);
- феҳристи иҷозатномаҳоро тартиб диҳанд;
- назорати аз тарафи иҷозатномадорон риоя шудани шарту талаботи иҷозатномаро ба амал бароранд.
2. Тартиби амалӣ намудани ваколати мақоми иҷозатномадиҳанда, ба истиснои санҷиши фаъолияти шахси иҷозатномадор ҷиҳати муайян намудани мутобиқати он ба шарту талаботи иҷозатнома, тибқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар карда мешавад.

Моддаи 7. Амали иҷозатнома
1. Ба ҳар як намуди фаъолият, ки дар моддаҳои 17 ва 18 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, иҷозатнома дода мешавад.
2. Намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки иҷозатнома гирифтааст, метавонад амалӣ гардонида шавад.
3. Амали иҷозатнома дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад.
4.Дар ҳолатҳое, ки бевосита қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, амали иҷозатнома метавонад танҳо дар ҳудуди муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн гардад.
5. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ метавонанд бо шарт ва тартиби барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида иҷозатнома гиранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад. Шахси ҳуқуқии хориҷии довталаби иҷозатнома бояд филиал ё намояндагии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад.

Моддаи 8. Мӯҳлати амали иҷозатнома
1. Мӯҳлати амали иҷозатномаҳо барои намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаи дар моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида на камтар аз 5 сол, барои намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаи бо моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида на камтар аз 3 сол мебошад.
2. Мӯҳлати амали иҷозатнома барои намуди алоҳидаи фаъолият, ки дар моддаи 17 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, барои соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти онҳо бе истифодаи меҳнати кироя анҷом дода мешавад, бо дархости хаттии худи довталабон метавонад аз 1 то 5 сол муқаррар карда шавад.
3. Мӯҳлати амали иҷозатномаро пеш аз ба охир расиданаш мувофиқи аризаи иҷозатномадор ба ҳамин мӯҳлат дароз кардан мумкин аст. Мӯҳлати амали иҷозатнома бо тартиби аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштани шахсро тасдиқ мекунад, дароз карда мешавад.

Моддаи 9. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани иҷозатнома
1. Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:
а) барои шахси ҳуқуқӣ – ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии корхона, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва шӯъбаи бонк;
б) барои соҳибкори инфиродӣ – ному насаб, ҷойи истиқомат шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он;
- намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ки соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ мақсади анҷом додани онро дорад ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин намуди фаъолият анҷом дода мешавад;
- барои шахси ҳуқуқӣ – нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ;
- барои соҳибкори инфиродӣ – нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз;
- ҳуҷҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунанд;
- маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома.
2. Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои мазкур дар низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ мувофиқ будани довталаби иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, пешбинӣ шуда метавонанд.
3. Аз довталаби иҷозатнома пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро, ки дар Қонуни мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият пешбинӣ нашудаанд, талаб кардан мумкин нест.
4. Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод мегарданд, тибқи рӯйхат қабул карда мешаванд ва нусхаи онҳо бо қайди рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти мазкур ба довталаби иҷозатнома фиристода (дода) мешавад.

Моддаи 10. Қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома
1. Мақоми иҷозатномадиҳанда қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатномаро дар мӯҳлати на зиёда аз сӣ рӯзи расидани аризаи довталаби иҷозатнома бо тамоми ҳуҷҷатҳои лозима қабул мекунанд. Қарори мазкур бо фармони мақоми иҷозатномадиҳанда ба расмият дароварда мешавад.
2. Мӯҳлати нисбатан кӯтоҳтари қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар карда мешавад.
3. Мақоми иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки довталаби иҷозатномаро аз қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати мазкур огоҳ намояд.
4. Хабарнома дар бораи додани иҷозатнома дар шакли хаттӣ ба довталаби иҷозатнома бо қайди реквизити суратҳисоби бонкӣ ва мӯҳлати пардохти ҳаққи иҷозатномагирӣ фиристонида (супорида) мешавад.
5. Хабарнома дар бораи надодани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкунӣ (супорида) фиристонида мешавад.
6. Мақоми иҷозатномадиҳанда баъди се рӯзи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи иҷозатномадиҳиро пешниҳод кардани довталаби иҷозатнома ба иҷозатномадор ҳуҷҷатеро, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, бепул медиҳад.
7. Иҷозатномадор ба гирифтани дубликати ҳуҷҷати мазкур бо пардохти маблағ ҳуқуқ доранд, ки он бо маблағи пардохт барои аз нав ба расмиятдарории ҳуҷҷате, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, баробар аст.
8. Асосҳои надодани иҷозатнома инҳо мебошанд:
- агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаби иҷозатнома дорои маълумоти нодуруст ё ғалат бошад;
- агар довталаби иҷозатнома, объектҳои ба ӯ тааллуқдошта ё аз тарафи ӯ истифодашаванда ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ номувофиқ бошанд;
- агар вобаста ба намуди пешбинишудаи фаъолият аз тарафи мақомоти дахлдор ҷиҳати мутобиқати шароити фаъолият ва талаботи ба онҳо пешбинишаванда хулосаи манфӣ дода шуда бошад.
9. Ҳаҷми маҳсулоте (кору хизматрасоние), ки довталаби иҷозатнома истеҳсол мекунанд (баҷо меоварад) ё истеҳсолашро (баҷо оварданашро) ба нақша гирифтааст, барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.
10. Довталаби иҷозатнома ҳуқуқ доранд нисбати надодани иҷозатнома аз тарафи мақоми иҷозатномадиҳанда ё барои бефаъолиятии вай ба суд муроҷиат намояд.

Моддаи 11. Ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатнома ва қарори додани онро тасдиқ мекунанд
Дар қарор оиди додани иҷозатнома ва ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани онро тасдиқ мекунанд, инҳо нишон дода мешаванд:
- номи мақоми иҷозатномадиҳанда;
- барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, суроғаи ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавии он;
- барои соҳибкори инфиродӣ - ному насаб, ҷои истиқомат, маълумоти ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунанд;
- намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда;
- рақами бақайдгирӣ, рӯз ва мӯҳлати амали иҷозатнома;
- рақами мушаххаси (идентификатсионии) андозсупоранда;
- рақами иҷозатнома;
-рӯзи қабул кардани қарор оиди додани иҷозатнома.

Моддаи 12. Аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд
1. Дар ҳолати дигар шудани шахси ҳуқуқӣ, тағйир ёфтани ном ё маҳалли ҷойгиршавӣ ва ё тағйир ёфтани ном ё ҷои истиқомати соҳибкори инфиродӣ, иҷозатномадор – шахси ҳуқуқӣ (вориси ҳуқуқии ӯ) ё соҳибкори инфиродӣ ӯҳдадор аст дар давоми на дертар аз понздаҳ рӯз барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштанашро тасдиқ менамояд, ариза диҳад ва ба он ҳуҷҷатҳоеро замима кунанд, ки тағйироти нишондодашударо тасдиқ менамоянд.
2. Ҳангоми аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, мақомоти иҷозатномадиҳанда ба феҳристи иҷозатнома тағйиротҳои дахлдор медароранд. Ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, дар давоми даҳ рӯзи аризаи дахлдорро гирифтани мақомоти иҷозатномадиҳанда аз нав ба расмият дароварда мешаванд.
3. Барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо музд ситонида мешавад, ки он ба буҷети давлатӣ ворид мегардад.

Моддаи 13. Амалӣ намудани назорат
1. Назоратро аз болои иҷозатномадор оиди риоя намудани шарту талаботи иҷозатнома, ки бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муайян гардидааст, мақоми иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ ба амал мебароранд.
2. Санҷиши фаъолияти шахси иҷозатномадор ҷиҳати муайян намудани мутоқибати он ба шарту талаботи иҷозатнома, аз ҷониби мақоме, ки иҷозатномаи дахлдорро додаст, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба амал бароварда мешавад.
3. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ надоранд оиди мавзӯъҳое, ки ба салоҳияти дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дахл доранд, санҷиш гузаронад.

Моддаи 14. Боздоштани иҷозатнома ва бекор кардани амали иҷозатнома
1. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ доранд ҳангоми такроран ошкор кардани камбудиҳо ё шарту талаботи иҷозатномадиҳиро дағалона вайрон намудани иҷозатномадор амали иҷозатномаро боздоранд.
Боздоштани амали иҷозатнома ҳамчунин дар ҳолатҳои истисноӣ, агар ин барои пешгирии хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногенӣ, расонидани зарари барқарорнашаванда ба объектҳои табиат ё ҳолати муҳити зист зарур бошад ва пешгирии ин ҳолатҳо бо дигар роҳҳо имконнопазир бошад, татбиқ карда мешавад.
2. Мақоми иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки мӯҳлати аз ҷониби иҷозатномадор бартараф кардани қонуншиканиро, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, муқаррар намояд. Мӯҳлати нишондодашуда набояд аз се моҳ зиёд бошад. Агар иҷозатномадор қонуншиканиҳои мазкурро дар мӯҳлати муқарраршуда ислоҳ накарда бошад, мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст ба суд муроҷиат намуда, бекор кардани иҷозатномаро талаб намояд.
3. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст мақоми иҷозатномадиҳандаро аз бартараф кардани қонуншиканиҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, хаттӣ хабардор намояд. Мақоми иҷозатномадиҳандае, ки амали иҷозатномаро боздоштааст, оиди барқарор намудани амали он қарор қабул мекунанд ва дар ин бора ба иҷозатномадор дар давоми се рӯзи баъди хабардор шуданаш ва санҷидани хатогиҳое, ки иҷозатномадор онро бартараф кардааст ва он боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, ба таври хаттӣ хабар медиҳад. Мӯҳлати иҷозатнома дар давоми боздоштани амали он дароз карда намешавад ва барои барқарор кардани амали он маблағ ситонида намешавад.
4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда метавонанд иҷозатномаро дар мавриди аз тарафи иҷозатномадор дар давоми понздаҳ рӯз напардохтани ҳаққи иҷозатнома бекор кунанд.
5. Агар иҷозатномадор шарту талаботи иҷозатномаро риоя накарда бошад ва бар асари ин ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, дифоъ ва амнияти давлат, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён расида бошад ва ё дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур иҷозатнома бо қарори суд дар асоси аризаи мақоми иҷозатномадиҳанда бекор карда мешавад. Инчунин иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ доранд зимни ба суд додани ариза амали иҷозатномаи мазкурро то рӯзи ба ҳукми қонун даромадани қарори суд боздоранд.
6. Қарори боздоштани амали иҷозатнома, бекор кардани иҷозатнома ва ё ба суд фиристодани аризаро оиди бекор кардани он мақомоти иҷозатномадиҳанда бо далелҳои асоснок баъди се рӯзи қабул шуданаш ба иҷозатномадор хаттӣ хабар медиҳад.
7. Нисбати қарори боздоштани амали иҷозатнома ва бекор кардани он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 141. Қатъ гардидани амали иҷозатнома
Амали иҷозатнома дар ҳолатҳои барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва қатъ гаштани амали шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани амали иҷозатнома, ба охир расидани мӯҳлати амали иҷозатнома, инчунин дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор қатъ карда мешавад.

Моддаи 15. Бурдани феҳристи иҷозатномаҳо
1. Мақоми иҷозатномадиҳанда феҳристи иҷозатномаҳоро мебарад.
2. Дар феҳристи иҷозатномаҳо ғайр аз маълумотҳое, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- маълумот оиди бақайдгирии иҷозатнома дар феҳристи иҷозатномаҳо;
- асосҳо ва санаи боздоштан ва барқарор кардани амали иҷозатнома;
- асос ва санаи бекор кардани амали иҷозатнома;
- маълумотҳои дигаре, ки дар низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муайян карда шудаанд.
3. Маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо буда, барои шиносонидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ кушода аст.
4. Маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо буда дар бораи иҷозатномадори мушаххас дар шакли иқтибос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо пардохти маблағ дода мешавад. Андозаи пардохти маблағ барои додани чунин маълумот як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ташкил медиҳад ва ба буҷети давлатӣ гузаронида мешавад.
5. Маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ бемузд дода мешавад.
6. Мӯҳлати додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо баъди қабули аризаи дахлдор набояд аз се рӯз зиёд бошад.

Моддаи 16. Маблағгузории иҷозатномадиҳӣ ва пардохти ҳаққи иҷозатнома
1. Иҷозатномадиҳӣ дар доираи маблағи аз буҷети дахлдор барои хароҷоти мақомоти иҷозатномадиҳӣ ҷудогардида маблағгузорӣ мешавад.
2. Барои баррасии ариза оид ба додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад, ки онҳо пас гардонида намешаванд.
3.Барои додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад. Андозаи ҳаққи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолияти дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардидаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳар намуди фаъолият дар Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият муайян мекунад.
4. Маблағҳои пардохтҳои ҳаққи иҷозатнома ба буҷети давлатӣ гузаронида мешаванд.
5. Ҳангоми дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома аз довталаб маблағи ба ҳаққи иҷозатномадиҳӣ баробар ситонида мешавад.
Дар сурати мутобиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 8 Қонуни мазкур кам кардани мӯҳлати амали иҷозатнома маблағи пардохти ҳаққи иҷозатномадиҳӣ мутаносибан ба мӯҳлати амали иҷозатнома кам карда мешавад.

Моддаи 17. Номгӯи намудҳои фаъолияте, ки барои амалӣ намудани онҳо иҷозатнома зарур аст
Мутобиқи Қонуни мазкур барои намудҳои зерини фаъолият иҷозатнома зарур аст:
1-фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои рақамии имзои электронӣ, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои рақамии электронӣ, хизматрасонӣ вобаста ба истифодаи имзоҳои рақамии электронӣ ва тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои рақамии электронӣ;
2-фаъолият оид ба ошкор намудани таҷҳизоти электроние, ки барои махфӣ қабул намудани маълумот дар биноҳо ва воситаҳои техникӣ таъин гардидаанд (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфироди анҷом дода шавад);
3-фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли намудҳои маълуми воситаҳои ҳифзи маълумоти махфӣ;
4-фаъолият оид ба ҳифзи техникии маълумоти махфӣ;
5-фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли воситаҳои махсуси техникие, ки барои ба даст овардани иттилооти махфӣ истифода бурда мешаванд, фурӯши ин воситаҳо ва инчунин хариди онҳо бо мақсади фурӯш дар ҳолатҳое, ки ин намудҳои фаъолият аз тарафи соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқии ба соҳибкорӣ машғулбуда амалӣ гардонида мешаванд;
6-фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакори муҳофизатшаванда, аз ҷумла коғазҳои қиматнок, инчунин савдои маҳсулоти мазкур;
7-фаъолият оид ба фурӯши яроқи ғайринизомӣ ва хизматӣ, қисмҳо ва лавозимоти он;
8-фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
9-фаъолият оид ба истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва химиявӣ доранд;
10-фаъолият оид ба истеҳсол, коркард, истихроҷи нафт, газ, ангишт ва истифодаи шабакаҳои иншооти нафтӣ ва газӣ;
11-фаъолият оид ба нигоҳдорӣ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
12-фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
13-фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ;
14-фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;
15-фаъолият оид ба истеҳсол ва паҳн намудани маҳсулоти тарфгарӣ (пиротехникӣ), ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд;
16-фаъолият оид ба иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳо;
17-фаъолият оид ба истеҳсол, додан ва тақсим кардани энергияи барқ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
18-фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда;
19-фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншоотҳои роҳ;
20-фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ;
21-фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ;
22-фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд, аз ҷумла иҷрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту раванди обуҳавосанҷӣ ва геофизикӣ;
22-фаъолияти фарматсевтӣ (тайёр ва истеҳсол кардани доруворӣ ва воситаҳои косметикӣ, истеҳсоли молу техникаи тиббӣ, фурӯши доруворӣ ва молҳои тиббӣ, истеҳсол ва фурӯши ғизои иловагии табобатию профилактикӣ);
23-фаъолияти хусусии тиббӣ;
24-фаъолият оид ба хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
25-фаъолият бо истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда;
26-фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ;
27-фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;
28-фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот);
29-фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;
30-фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактивӣ;
31-фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;
32-фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад); (ҚҶТ аз 5.01.08 №349)
33-фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад ва набаромадан ба роҳи оҳани истифодаи умум);
34-фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан;
35-фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ;
36-фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ҳангоми парвози нақлиёти ҳавоӣ;
37-фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ;
38-фаъолият оид ба ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок;
39-фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории тотализаторҳо ва қиморхонаҳо;
40-фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ);
41-фаъолияти туристӣ;
42-фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга;
43-фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
44-фаъолияти аудиторӣ;
45-фаъолияти ломбардҳо;
46-фаъолият дар соҳаи биржа;
47-фаъолияти суғуртавӣ;
48-фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок;
-49фаъолият оид ба истеҳсол, воридот ва содироти маҳсулоти тамоку;
50-фаъолияти хусусии байторӣ;
51-фаъолияти адвокатҳои ваколатдор;
52-фаъолияти соҳаи маориф (ба истиснои муассисаҳои давлатии таълими томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ);
53-фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот, холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо, аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо);
54-фаъолияти кормандони масъули патентӣ;
55-фаъолияти соҳаҳои телевизион, радиошунавонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ;
56-фаъолияти ба даст овардан, фурӯш, истифода, партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамоӣ, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд;
57-фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва тайёр намудани ашёи хоми доруворӣ;
58-фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа.

Моддаи 18. Номгӯи махсуси намудҳои фаъолияте, ки барои амалӣ намудани онҳо иҷозатнома зарур аст
1. Тибқи Қонуни мазкур тартиби махсуси иҷозатномадиҳӣ намудҳои зерини фаъолиятро дар бар мегирад:
59-фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ;
60-фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ;
61-фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор;
62-фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ;
63-фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;
-64фаъолият оид ба истифодабарии объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд;
65-фаъолият, кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атом.
2. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ва амалиёт бо асъори хориҷӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ, танзими асъор ва назорати асъор ба танзим дароварда мешавад.
3. Номгӯи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаро танҳо дар ҳолати даровардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур тағйир додан мумкин аст.
Моддаи 181. Амали санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
1. Агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари иҷозатномадиҳӣ ё намудҳои дигари фаъолияти иҷозатномадодашаванда муқаррар гардида бошанд, ин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мавриди амал қарор дода мешаванд.
2. Иҷозатномаҳои дар дигар давлатҳо гирифташуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти мавҷуд будани санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо ин ҳолат қайд гардидааст, эътироф карда мешаванд.

Моддаи 182. Додани иҷозатнома дар асоси озмун
Иҷозатномаҳо барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ ва фаъолияти истифодаи сарватҳои зеризаминӣ метавонанд дар асоси озмун дода шаванд. Тартиби гузаронидани озмунро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 183. Додани иҷозатнома дар асоси созишнома оид ба тақсими маҳсулот
Иҷозатномаҳо барои фаъолияте, ки аз созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни давлат ва сармоя гузор бармеояд, пас аз 30 рӯзи ба имзо расонидани созишномаи мазкур бе талаб кардани ҳуҷҷату маводи иловагӣ ва бе мувофиқасозии иловагӣ дода мешавад.

Моддаи 19. Қоидаҳои гузариш
1. Қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби иҷозатномадиҳиро танзим менамоянд, дар қисмате, ки ба Қонуни мазкур мухолифат надоранд, амал мекунанд.
2. Иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои фаъолияте, ки дар моддаҳои 17 ва 18 зикр наёфтаанд, аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур қатъ мегардад.
3. Иҷозатномаҳое, ки пеш аз интишори расмии Қонуни мазкур дода шудаанд, то мӯҳлати дар онҳо нишон додашуда эътибор доранд.

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 21. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 17 майи соли 2004
№ 37




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво