Главная > Қарорҳои ҳайати мушовара > ҚАРОР 14 апрели соли 2016 №105 ш. Душанбе

ҚАРОР 14 апрели соли 2016 №105 ш. Душанбе


19-04-2016, 13:18.
Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти кори раёсат, шӯъба, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2016

Ҳайати мушовара натиҷаи фаъолияти кори раёсат, шӯъба ва ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро дар семоҳаи якуми соли 2016 муҳокима намуда қайд менамояд, ки дар давраи ҳисоботӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, корҳои назаррасе ба анҷом расонида шудаанд.
Бо дарназардошти корҳои иҷрошуда ва таклифу пешниҳодҳо ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

қарор мекунад:

1. Ҳисоботи раёсат, шӯъба ва ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба инобат гирифта шавад.
2. Сардорони раёсат, шӯъба ва ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо баҳри амалгардонидани вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016 бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ аз рӯи принсипи “Равзанаи ягона” чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакашии системаи Кумита (Ишанов Б.М., Мализода Б.Ҳ., Худойдодов Н.Х.,Умаров У.Х., Султонзода М.С.) ва дигар ташкилотҳои лоиҳакашӣ, новобаста аз шакли моликияташон зарур аст, ки сифати корҳои лоиҳакаширо баланд бардошта, лоиҳаҳои ҷавобгӯй ба талаботи муосирро бо истифода аз унсурҳои меъмории хоси миллӣ ва таҷрибаи меъмории муосир роҳандозӣ намуда, таҳия намоянд.
5. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ (Ҳакимзода А.А.), Корхонаи воҳиди давлатии “Ташхисгар” (Давлатов А.) вазифадор карда шаванд, ки назорати риояи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро таъмин намуда, ба сифати лоиҳаҳо, махсусан харҷномаҳои онҳо, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохта мешаванд, диққати ҷиддӣ диҳанд.
6. Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ (Таваров Р.Ҳ.) ҷараёни иҷрои корҳои сохтмониро дар сохтмони иншоотҳо зери назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати таъмини иҷрои банди 23 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2014, №69 сохтмони иншоотҳои аз рӯи лоиҳаи нопурра, бе хулосаи ташхисӣ ва иҷозатнома ҷараёндоштаро боздошта, барои бо сифати баланд иҷро гардидани корҳои сохтмонӣ ва амалӣ намудани нақшаҳои генералӣ бо риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ чораҷӯӣ намояд.


6.1. Иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №429 “Дар бораи тартиби кори комиссияҳои давлатии қабул, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо” бо дарназардошти тағйиротҳои банди 24, ки аз қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2016, №153 бармеояд, таҳти назорат гирифта, дар кори комиссияҳои давлатӣ талаботи онро иҷро намояд.
6.2. Санҷиши сифати корҳои сохтмониро дар иншоотҳои НБО “Роғун” пурзӯр намуда, оид ба ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида тадбирҳои мушаххас андешад. Иҷрои амрномаҳои додашударо зери назорат қарор дода, аз натиҷаи он мунтазам ба Кумита ахборот пешниҳод намояд.
6.3. Санҷиши сифати корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати қатъӣ қарор дода шуда, аз натиҷаааш ҳар моҳ ба Кумита ахбороти муфассал пешниҳод карда шавад.
6.4. Оид ба рафти сохтмони иншоотҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегӣ дошта, инчунин иншоотҳои таъиноти дигар ҳар моҳа ба Кумита ахборот пешниҳод намояд.
7. Фармоишгарон ва ташкилотҳои пудратӣ новобаста аз шакли моликияташон, иҷрои корҳои сохтмониро бо сифати баланд, бо истифода аз технологияҳои навин ва дар мӯҳлатҳои пешбинишуда бо риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ амалӣ намоянд.
8. Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ (Файзуллозода Н.Қ.) вазифадор карда шавад, ки фаъолияти худро дар ташкили назорати риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ, аз ҷониби иҷозатномагирандагон беҳтар карда, оид ба сари вақт тамдид кардани иҷозатномаҳои мӯҳлаташон гузашта чораҳои зарурӣ андешад.
8.1. Нисбати ташкилотҳои лоиҳакашӣ, ки лоиҳаҳои онҳо ба талабот ҷавобгӯй нест ва беасос арзиши корҳоро ҳангоми таҳияи харҷномаҳо зиёд менамоянд, чораҷӯӣ намояд.
8.2. Сатҳи масъулиятнокии ҳамаи ташкилотҳои сохтмонии мӯҳлати амали иҷозатномаашон ба охир расидаро, бо риояи ҳатмии талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2014, №235 муайян созад.
9. Раёсати шаҳрсозӣ, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, Раёсати экспертизаи давлатӣ, Хадамоти иҷозатномадиҳӣ, Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ, дар якҷоягӣ бо сармеъморони шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомотҳои назоратӣ аз ҳисоби кормандони масъул, ки гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, гузаронидани санҷишҳои муштарак давом дода шавад ва аз натиҷаи санҷишҳо ҳар моҳ ба Раиси Кумита ахборот пешниҳод намоянд.
10. КВД “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” ( Каримов А.Р.) барои ба таври объективӣ муайян намудани арзиши корҳо ва нархи масолеҳҳо чораҷӯиҳои иловагӣ роҳандозӣ намуда, бо мақсади дастгирии корхонаву ташкилотҳои истеҳсолии ватанӣ барои ба Ахборотномаи ҳарсемоҳаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон ворид намудани маводҳои истеҳсоли ватанӣ чораҳои зарурӣ андешад.
10.1. Тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор вобаста ба масъалаҳои нархгузорӣ тибқи тартиби муқарраргардида омода ва пешниҳод карда шавад.
10.2. Ахборотномаи ҳарсемоҳаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон то охири сол ба забони давлатӣ пешниҳод карда шавад.
11. Корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” вазифадор карда мешаванд, ки барои бо сифати баланд таҳия намудани лоиҳаҳои тарҳу нақшаҳои рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, иҷрои кор ва расонидани хизматрасонӣ дар соҳаи меъморӣ ва лоиҳакашӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
12. Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии Сохтмон ва меъморӣ” тадқиқотро дар самти энергиясамаранокии биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ ба роҳ монда, лоиҳаҳои намунавии энергиясамараноки хонаи истиқоматӣ, бинои маъмурӣ ва мактаби таҳсилоти умумиро таҳия намояд.

12.1. Лоиҳаи Низомномаи омодасозии шартномаҳои пудратӣ дар фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти услубу талаботҳои байналмилалӣ (таҳти калид) ба Кумита то санаи 30 апрели соли 2016 пешниҳод карда шавад.
12.2. Барои ба роҳ мондани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои сармеъморони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва кормандони ташкилотҳои пудратӣ дар давоми семоҳаи дуюми соли ҷорӣ чораҷӯи намояд.
12.3. Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2016, №99 ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Таҷриба, проблема ва дурнамои баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ” дар ҳамбастагӣ бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июни соли ҷорӣ чораҳои мушаххас андешида шавад.
12.4. Таҳияи нормалҳои банақшагирии элементҳои биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ, албоми ҳаллҳои намунавӣ оид ба пайвасти пуркуниҳо аз масолеҳи майдадона ва иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзӯи “Мукаммалсозии ҷойи пайвасткунии меҳрварҳои арматурии сохтҳои оҳанубетонӣ дар шароитҳои зилзила” то нимсолаи аввали соли равон ба анҷом расонида шавад.
13. Роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор карда шаванд:
- тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи генералӣ, лоиҳаи биною иншоотҳо ва ҷобаҷогузории биноҳоро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот ва идораҳои дахлдори ноҳияҳо бо тартиби муқарраргардида амалӣ намоянд;
- дар якҷоягӣ бо Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, фаъолияти худро нисбати назорати сохтмони бино ва иншоотҳои сохташаванда ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд;
- маълумотро оид ба додани иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза, тибқи талаботи қисми 6 моддаи 66 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ мунтазам манзур намоянд.
- маълумотнома оид ба натиҷагирии фаъолияти корӣ ҳар семоҳа ба Раёсати шаҳрсозӣ пешниҳод намоянд.
14. Муовини якуми Раиси Кумита Саидзода Н.Ғ. ва сардори Раёсати шаҳрсозӣ Аминов Ш.Х. вазифадор карда шаванд, ки барои омода намудани меъморон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ҷалб намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
15. Сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита:
- ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафари корӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баён шудаанд, нақшаи чорабиниҳои омодагӣ барои таҷлили Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Кумита тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- ҳисоботҳои фаъолияти ҳар семоҳаро пурра ва мукаммал, бо таҳлили нишондодҳои иқтисодиву молиявӣ, дарҷи пешравиҳо ва камбудиҳои ҷойдошта манзур намоянд.
16. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовинони Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳияташон вогузор карда шавад.


Раиси ҳайати мушовара Ҷ.Аҳмадзода
Вернуться назад