Главная > Қарорҳои ҳайати мушовара > Қ А Р О Р аз 9 январи соли 2018 №123 ш. Душанбе

Қ А Р О Р аз 9 январи соли 2018 №123 ш. Душанбе


16-01-2018, 12:31.
Қ А Р О Р

аз 9 январи соли 2018 №123 ш. Душанбе


Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти кори раёсату шуъбаҳо,
воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018

Ҳайати мушовара натиҷаи фаъолияти кори раёсату шуъбаҳо, воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро дар соли 2017 муҳокима намуда, қайд менамояд, ки дар давраи ҳисоботӣ оид ба иҷрои супоришҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуданд.
Бо назардошти корҳои иҷрошуда мутобиқи Нақшаи кории Кумита дар соли 2017 ва таклифу пешниҳодҳо ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

қ а р о р м е к у н а д:

1. Ҳисоботи раёсату шуъбаҳо, воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд.
2. Сардорони раёсату шуъбаҳо, воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баҳри амалӣ намудани вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
- Оид ба таъмини иҷрои саривақтии супоришҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чораҷӯӣ намуда, аз натиҷаи корҳои баанҷомрасонидашуда охири ҳар моҳ гузориш пешниҳод намоянд.
3. Муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Абдуалимзода А.), Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.), Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” (Аминов Ш.Х.) вазифадор карда шаванд:
- дар якҷоягӣ бо мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ маълумотҳои заруриро оид ба таҳия, тасдиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва амалигардонии он бо мақсади пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинг ҷамъ оварда, ҳамзамон дар ин самт бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд;
- вобаста ба таҳия ва пешниҳоди Тартиби ташкили кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинг чораҳои зарурӣ андешанд;
- бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта (ҷумҳуриҳои Белорус ва Қазоқистон) дар масъалаи додани иҷозати дахлдор барои пешбурди корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ, мувофиқасозӣ ва додани иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ, оиди амалигардонии равзанаи ягона дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ (Табарзода Р.Ҳ.) ҷараёни иҷрои корҳои сохтмониро дар сохтмони бино ва иншоотҳо зери назорати доимӣ қарор дода, оиди қатъиян манъ кардани сохтмони иншоотҳое, ки бе хулосаи экспертиза, аз рӯи варақа ё лоиҳаҳои нопурра сохта мешаванд, чораҳои таъхирнопазир андешад:
- оид ба баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохташавандаи ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;
- иҷрои талаботи Тартиби кори комиссияҳои давлатии қабул, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, таъмин намуда, дар кори комиссияҳои давлатии қабул риояи ҳатмии муқаррароти тартиби мазкурро дар ҳамкорӣ бо роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ амалӣ намояд;
- назорати сифати иҷрои корҳои сохтмону васлгариро дар иншооти НБО “Роғун” пурзӯр намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида чораҳои зарурӣ андешад. Иҷрои амрномаҳои додашударо зери назорати қатъӣ қарор дода, аз натиҷаи иҷрои корҳо ҳар моҳ ба Кумита ахборот пешниҳод намояд;
- оид ба рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар объектҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратеги дошта ҳар моҳ ба Кумита ахборот манзур намояд;
- якҷоя бо КВД “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ”, тибқи Нақшаи кории муштарак барои соли 2018 оид ба назорат ва санҷиши сифати корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои шаҳри Душанбе чораҳои мушаххас андешида, охири ҳар моҳ маълумот пешниҳод намоянд.
5. Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ (Файзуллозода Н.Қ.) вазифадор карда шавад:
- фаъолияти худро дар таъмини назорати риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби иҷозатномагирандагон беҳтар намуда, оид ба саривақт тамдид намудани амали иҷозатномаҳои муҳлаташон ба охир расида чораҳои зарурӣ андешад;
- тибқи талаботи қонунгузорӣ нисбати ташкилотҳои лоиҳакашӣ, ки лоиҳаҳои онҳо ба талабот ҷавобгӯй набуда, беасос арзиши корҳоро ҳангоми таҳияи харҷномаҳо зиёд менамоянд, якҷоя бо Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ чораҷӯӣ намояд;
- омӯзиши фаъолияти корхонаҳои лоиҳакашӣ ва сохтмониро бо таъсиси базаи ягона дар қаламрави ҷумҳурӣ ба роҳ монда, оид ба ҳаҷми корҳои аз ҷониби онҳо анҷомдодашуда дар охири сол ахбороти муфассал манзур намояд;
6. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ (Саъдуллозода С.), Корхонаи воҳиди давлатии “Ташхисгар” (Нурзода Р.) вазифадор карда шаванд, ки назорати риояи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро таъмин намуда, ба сифати лоиҳаҳо, махсусан харҷномаҳои онҳо, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохта мешаванд, чораҳои таъхирнопазир андешанд;
- оиди ҳалли фаврии масъалаҳои сохтмони иншооти НБО “Роғун” чораҷӯӣ намуда, лоиҳаҳои кории пешниҳодшавандаро саривақт баррасӣ карда, хулоса пешниҳод намояд;

- қабули лоиҳаҳои сохтмони иншоотро бо назардошти технологияҳои каммасрафи барқӣ ва пайвастшавӣ бо хатҳои муттамаркази гармитаъминкунӣ ба роҳ монад;
- барои иҷрои супориши протоколи машварати корӣ аз 12 июли соли 2016 оид ба масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ ва ташхиси лоиҳаҳо чораҳои мушаххас андешад.
7. Муовини Раиси Кумита (Мирзозода Н.Ю.), Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ (Назаров А.С.), Комиссияи доимамалкунандаи Кумита оид ба ҳалли фаврии масъалаҳои техникии НБО “Роғун” ҷиҳати иҷрои супоришҳои Шӯрои нозирон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани иқтидорҳои НБО “Роғун”, Нақшаи тақвимии бакорандозии иқтидорҳои аввали нерӯгоҳ, ҳал намудани масъалаҳои бамеъёрдарории техникию нархгузорӣ ва дигар масъалаҳо, ки барои ба истифода додани агрегати навбати аввал мусоидат менамоянд, чораҳои зарурӣ андешанд;
8. Фармоишгарон ва ташкилотҳои пудратӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ иҷрои корҳои сохтмониро бо сифати баланд, бо истифода аз технологияҳои муосир ва дар муҳлатҳои пешбинишуда бо риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ амалӣ намоянд.
9. Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.), Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон (Табарзода Р.Ҳ.) назорати татбиқи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишинро тибқи ҷадвали тасдиқшуда ба роҳ монда, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ахбороти муфассал манзур намоянд.
10. Роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакашии системаи Кумита (Ишанов Б.М., Мализода Б.Ҳ., Худойдодов Н.Х.,Умаров У.Х., Султонзода М.С.) ва дигар ташкилоту корхонаҳои лоиҳакашӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ:
- барои баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ бо истифодаи таҷрибаи пешқадам, технологияҳои инноватсионӣ, унсурҳои меъмории миллӣ ва таҷрибаи меъмории муосир чораҷӯӣ намоянд;
- ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани таҳияи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дар асоси нақшаҳои генералии тасдиқшуда таҳия намудани нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- барои таҳияи лоиҳаҳои инфрасохтори сайёҳии ба талаботи муосир ҷавобгӯ чораҳои зарурӣ андешанд;
- истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетиро дар таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ зери назорати қатъӣ қарор диҳанд;
- барои ба кор ҷалб намудани мутахассисони болаёқат, баланд бардоштани малака ва савияи дониши кормандон, такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо чораҳои мушаххас андешанд.
11. Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон (Боев А.) ва Корхонаи воҳиди давлатии “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” (Умаров У.Х.) тадқиқотро дар самти энергиясамаранокии биноҳо ба роҳ монда, лоиҳаҳои намунавии энергиясамараноки биноҳои маъмурӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумиро таҳия намоянд;
- ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозии амалкунанда ба анҷом расонанд;
- барои таҷҳизонидани озмоишгоҳи масолеҳ, мавод ва конструксияҳои сохтмонии пажӯҳишгоҳ чораҳои мушаххас андешанд;
- маҷмӯаи нархҳои базавии корҳои лоиҳакаширо бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуда, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ мавриди амал қарор диҳанд;
- бюллетени “Иттилооти шаҳрсозӣ” мавриди истифода қарор дода шуда, дар он қонунҳо, қарорҳо, фармоишҳо, шарҳи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, мақолаҳо оид ба истифодаи мавод ва технологияи инноватсионӣ дар сохтмон нашр карда шавад.
12. Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” (Каримзода А.Р.) барои ба таври объективӣ муайян намудани арзиши корҳо ва нархи масолеҳ чораҳои иловагӣ роҳандозӣ намуда, бо мақсади дастгирии корхонаю ташкилотҳои ватанӣ барои ба Ахборотномаи ҳарсемоҳаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон ворид намудани маводҳои истеҳсоли ватанӣ бо корхонаю ташкилотҳои дахлдор ҳамкорӣ намояд;
- барои ворид намудани тағйиру иловаҳо дар системаи амалкунандаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон бо назардошти таҷрибаи муосир ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №324 «Дар бораи Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ» чораҷӯӣ намояд.
13. Корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” (Султонзода М.С.) вазифадор карда шаванд, ки барои бо сифати баланд таҳия намудани лоиҳаҳои тарҳу нақшаҳои рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
14. Роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд:
- татбиқи нақшаҳои генералӣ, нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва лоиҳаҳои банақшагирии ноҳиявиро дар асоси ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии мавҷуда ба роҳ монда, амалигардонии онҳоро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд;
- мувофиқасозии нақшаҳои генералии таҳияшударо то охири семоҳаи якуми соли ҷорӣ пурра ба итмом расонида, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;
- ҳангоми баррасии масъалаҳо вобаста ба интихоб ва додани қитъаҳои замин барои сохтмони иншоотҳои таъиноти гуногун хулосабарориро танҳо дар асоси талаботи нақшаи генералӣ, нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва лоиҳаҳои банақшагирии ноҳиявӣ бо назардошти риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ба роҳ монда, хулосаҳои дахлдори сохторҳои марбутаи шаҳру ноҳияро ба инобат гиранд;
- якҷоя бо Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ вобаста ба назорати сохтмони биноҳо ва иншоотҳои сохташаванда ва роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ фаъолияти худро пурзӯр намоянд;
- оид ба нишондодҳои соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар шаҳру ноҳия ҳар семоҳа ахбороти муфассал ба Кумита пешниҳод намоянд;
- маълумотнома оид ба додани иҷозат барои оғоз намудани иҷрои корҳои сохтмониро дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза, тибқи талаботи қисми 6 моддаи 66 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” мунтазам манзур намоянд.
15. Муовини якуми Раиси Кумита (Абдуалимзода А.) ва сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.) барои омода намудани меъморон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ҷалб намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
16. Муовини якуми Раиси Кумита (Абдуалимзода А.), сардори Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.) ва сардори Шуъбаи ҳуқуқ (Нурализода Ш.Ш.) ҷиҳати таҳти назорати қатъӣ қарор додани талаботи қонунгузории соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва мукаммал намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
17. Сардорони раёсату шуъбаҳо, бахшҳо, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо:
- ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Кумита тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- ҷиҳати бо сифати баланди меъморӣ бо назардошти инфрасохтори зарурӣ, ки ба талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ мутобиқ аст, таҳия намудани лоиҳаҳои замонавии бино ва иншоотҳоро бо истифодаи маводҳои сохтмонии баландсифат бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пурзӯр намудани назорати техникӣ ва муаллифиро дар ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ ба роҳ андозанд;
- ҳисоботҳои ҷамъбасти фаъолияти ҳар семоҳаро пурра ва мукаммал, бо таҳлили нишондодҳои иқтисодиву молиявӣ, дарҷи камбудӣ ва пешравиҳои ҷойдошта пешниҳод намоянд;
- то охири моҳи январи соли ҷорӣ обунашавиро ба «Рӯзномаи бинокорон» ва маҷаллаи “Меъморӣ” тибқи Нақша-супориши обунашавӣ таъмин намуда, аз натиҷааш ахборот пешниҳод намоянд.
19. Муовини Раиси Кумита (Мирзозода Н.Ю.), Раёсати корҳо (Сафарзода А.А.) барои густариш додани ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо баҳри барпо намудани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
20. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовинони Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳияташон вогузор карда шавад.



Раиси ҳайати мушовара Ҷамшед Аҳмадзода
Вернуться назад