Главная > Қарорҳои ҳайати мушовара > Қ А Р О Р аз 14 июли соли 2017 №119 ш. Душанбе

Қ А Р О Р аз 14 июли соли 2017 №119 ш. Душанбе


18-07-2017, 13:10.
Дар бораи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи меъморӣ
ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018

Гузоришро оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, №177 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018” муҳокима намуда, ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

қ а р о р м е к у н а д:

1. Гузориши муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.Ю. дар бораи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Кумита оид ба омодагӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 ба инобат гирифта шавад.


2. Роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита:
- иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018-ро таъмин намоянд;
- аз натиҷаи ислоҳи камбудиҳо ва корҳои дар ин самт анҷомдодашуда то санаи 5-уми ҳар моҳ ба Раиси Кумита ахбор пешниҳод намоянд.
3. Аз натиҷаи ҷамъбаст ва иҷрои корҳои дар самти мазкур баанҷомрасида ахбори Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон охири ҳар моҳ омода ва пешниҳод карда шавад.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.Ю. вогузор карда шавад.



Раиси ҳайати мушовара Ҷамшед Аҳмадзода
Вернуться назад