Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Машварати корӣ бо роҳбарият ва муҳандисону бинокорони нерӯгоҳи Роғун

Машварати корӣ бо роҳбарият ва муҳандисону бинокорони нерӯгоҳи Роғун


26-07-2015, 19:30.
Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва шумораи зиёди муҳандисону бинокорони нерӯгоҳи Роғун машварати корӣ анҷом дод.

Зимни суханронии Сарвари давлат, аз ҷумла изҳор гардид, ки “корҳои назаррас анҷом ёфтаанд, вале фаъолияти оянда ҳанӯз ҷаҳду талоши зиёдро талаб мекунад”.

Машварати корӣ бо роҳбарият ва муҳандисону бинокорони нерӯгоҳи Роғун

Аз бинокорони матиниродаи нерӯгоҳ талаб карда шуд, ки корҳоро бо сифати баланд ва бо риояи тавсияҳои коршиносони муътабари байналмилалӣ, ки тайи 7 сол лоиҳаи сохтмони ин иншоот ва таъсири иҷтимоию экологии онро мавриди ташхису баҳодиҳӣ қарор додаанд, анҷом диҳанд.

Ҳамчунин талаб карда шуд, ки ҳар як сомонӣ маблағи барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҷудошуда самаранок ва сарфакорона истифода карда шавад.

“Ҳар як ширкати пудратӣ ва зерпудратӣ, ки корҳоро бо сифати баланд ва тибқи нақшаи календарӣ анҷом медиҳанд, соҳиби лоиҳаҳои нав ва ҳаҷми бештари корҳои сохтмону васлгарӣ хоҳад шуд”, - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Пас аз анҷоми суханронии Президенти кишвар ҳисоботи масъулини сохтмони нерӯгоҳ шунида шуд.

Машварати корӣ бо роҳбарият ва муҳандисону бинокорони нерӯгоҳи Роғун

Хайрулло Сафарзода, роҳбари идораи марказии сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Роғун зимни ҳисоботи худ бо эътимоду боварӣ таъкид дошт, ки навбати аввали ин иншооти муҳими гидроэнегетикӣ дар муддати муайяншуда ва бо сифати баланд ба поён расонда мешавад.

Изҳори бовар карда шуд, ки заҳмати софдилонаю баҳодуронаи бинокорони нерӯгоҳи Роғун самараи дилхоҳ оварда, боиси таъмини фардои дурахшону пурсаодати Тоҷикистони азиз хоҳад шуд.

Машварати корӣ бо роҳбарият ва муҳандисону бинокорони нерӯгоҳи Роғун

Ҳамчунин ба роҳбарияти шаҳри Роғун, ноҳияи Файзобод ва дигар ноҳияҳои ин минтақа доир ба нигоҳубини босифати роҳҳо ва ободу кабудизор кардани ду паҳлӯи шоҳроҳҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.
Вернуться назад