Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер


18-01-2017, 13:24.
Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Тавре таъкид гардид, дар давоми 23-соли шарикӣ Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, дастгирии буҷети давлатӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок ҳамкории манфиатбор ба роҳ монда, дар ин муддат қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмакҳои техникии зиёд пешниҳод намудааст.

Аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки дар айни замон лоиҳаҳои фаъоли Бонк ба маблағи зиёда 350 миллион доллар дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мавриди иҷро қарор доранд.

Ҷонибҳо доир ба татбиқи босамари Стратегияи панҷсолаи ҳамкориҳои дуҷониба, ки пеш аз ҳама самтҳои рушди бахши хусусӣ, иҷтимоӣ ва тақвияти робитаҳои минтақавиро дар бар мегирад табодули афкор карда, таҳрезӣ ва амалисозии лоиҳаҳои пешгирӣ аз хавфи офатҳои табиӣ, барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Тоҷикистонро низ дар доираи ин Стратегия муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷиҳати идомаи бобарори ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи КАСА-1000, таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқии обии Норак ва дарёфти маблағҳои иловагӣ дар татбиқи лоиҳаи мазкур, ҳамзамон рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкории самарабахш дар татбиқи барномаю стратегияҳои рушди миллии Тоҷикистон ва мусоидат ба пешгирии шиддати бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вернуться назад