Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > «Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун» – нашри китоб-албомҳо доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ

«Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун» – нашри китоб-албомҳо доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ


5-01-2017, 09:02.
Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се самти стратегии тараққиёт муайян гардид, ки миёни онҳо истиқлолияти энергетикӣ мавқеи намоён дорад. Имрӯз ин вазифаи хеле муҳим қариб дар ҳадди иҷрост ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бар он нуқтаи фараҳ хоҳад гузошт.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бе НБО «Роғун» рушду тараққиёти босуръат ва ояндаи пурсаодати давлати Тоҷикистонро тасаввур кардан мушкил аст. Маҳз ба ҳамин хотир Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҳаёту мамоти Тоҷикистон вобаста ба Роғун аст».
Ин вазифаи пуршараф, яъне бунёди бузургтарин кохи нури минтақа ва бениёз гардидан аз барқи дилафрӯзу манзилафрӯзро кулли мардуми Тоҷикистон амиқ эҳсос кард ва бо истифодаи имкониятҳои хеш аз дилу ҷон баҳри иҷрояш кӯшид. Аз ҷумла, гурӯҳҳои ҳассосу соҳибдили ҷомеа – адибон ва зиёиёни мамлакат бо тамоми ҳастӣ, тавассути ҳама воситаҳои табъу нашри сухани бадеӣ ба тафсиру тавсиф ва ташвиқу тарғиби ин неругоҳи беназири барқ партохтаанд.
Бахшида ба ин иншооти бузурги аср — Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» китоб-албомҳои тоза таҳти унвонҳои «Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун» ва «Роғун», инчунин маҷмӯаи «Нури Раҳмон (Роғуннома)» дар соли 2016 ба табъ расиданд.
«Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун» – нашри китоб-албомҳо доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ

«Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун»

Китоб-албоми «Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун» дар асоси таърихи мухтасари энергетикаи Тоҷикистон, корҳои азнавбарқароркунӣ ва сохтмони НБО Роғун, дастовардҳои истиқлолияти энергетики кишвар, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Неругоҳ, андешаҳои сиёсатмадорону коршиносони ҷаҳонӣ, ҳисботҳо, ташхисҳо ва хулосаҳои Бонки ҷаҳонӣ мураттаб шудааст.

Китоби мазкур бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шуда, аз мундариҷа, оғоз, бобҳои «аз таърихи гидроэнергетикаи Тоҷикистон», «Роғун ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон», «Таърихи мухтасари бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун», «Роғун сарчашмаи ифтихори миллати тоҷик», «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун», «Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон аз 5 январи соли 2010», «Мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва ширкатҳои машваратӣ», «Неругоҳи барқи обии Роғун аз нигоҳи созандагони он», «Андешаҳои сиёсатмадорон, коршиносон ва олимон», «Бонки ҷаҳонӣ ва ташхиси лоиҳаи Неругоҳи барқи обии Роғун», анҷом ва замимаҳо иборат мебошад.
Муаллифи китоб-албоми «Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун» Сафарзода Хайрулло Амиралӣ буда, он таҳти роҳбарии Назруллои Абдулваҳҳоб ва муҳарририи Саидқул Қурбон бо теъдоди 5 ҳазор нусха ба табъ расидааст. Дар китоби мазкур аксҳои аксбардорон Нақиб Муродзода, Мақсудҷон Муҳиддинҷонов, Аминҷон Азимов, Сафарбег Валиев, Ғафор Исматов, Владимир Оглоблин ва Ҷалолиддин Ҳомидов истифода шудаанд.

«Нури Раҳмон (Роғуннома)»

Маҷмӯаи «Нури Раҳмон (Роғуннома)» ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, фидокориҳову ҷоннисориҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди НБО «Роғун» инъикос мекунад. Дар маҷмӯа навиштаҳои манзуме, ки бо эҳсоси баланди муҳаббату садоқат дар бораи иншооти бузурги аср ва ситоиши эҳёгари устувори он ба қалам омадаанд, дарҷ гардидаанд.
«Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун» – нашри китоб-албомҳо доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ
Навиштаҳое, ки тавассути ин маҷмӯа манзури хонанда мегарданд, танҳо қисме аз таълифоти адибон – чакидаҳои хомаи шоиронро дар бораи НБО «Роғун» ташкил медиҳанд. Зимни ин сабку услубҳои гуногун мушоҳида мешаванд, бадеияту ҳунармандӣ низ яксон нест, вале ҷиҳати хоси ин ҳама ашъор дарки амиқи моҳияти ин кохи бузурги нур, эҳсоси шарафу ифтихори шаҳрвандиву ватандорӣ ва самимияти бозгӯи онҳост, ки дар ҳар пора шеър равшан ба назар мерасад.

Аксарияти шоирон асли воқеиятро сурудаанд ва яке аз ҷиҳатҳои барҷастаи асли воқеияти кохи нури Роғун рамзи аёни он – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки чун ташаббускори илҳомбахш ва ҳидоятгару ташкилотчии ин амали бузурги таърихӣ дар ин маврид ҳам нисбати халқу Ватан хираду дурандешӣ, қатъияту устуворӣ, дилсӯзиву ғамхории амиқи инсонӣ ва муҳаббату садоқати ҳақиқии сарвариву фарзандӣ нишон дод. Ва ин ҳама дар бисёре аз ашъори ин китоб воқеӣ, амиқ ва самимона суруда шудаанд.

Дар маҷмӯа манзумаҳои Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Низом Қосим, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Озарахш ва дигарон дарҷ гардида, он зери назари Асадулло Раҳмон ва мураттибии Хайрулло Сафарзода бо теъдоди 2 ҳазор нусха ба табъ расидааст. Дар китоб ҳамчунин аксҳои аксбардорон Нақиб Муродзода, Мақсудҷон Муҳиддинҷонов ва Аминҷон Азимов истифода шудаанд.

«Роғун»

rogunДар китоб-албоми «Роғун» порчаҳо аз тасмимгариҳои сарнавиштсозу ибтикороти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эҳёи сохтмони НБО «Роғун», Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон аз 5 январи соли 2010, боздидҳову шиносоии пайвастаи Сарвари давлат аз ин иншооти аср, мулоқотҳои Президенти мамлакат бо роҳбарону намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва ширкати «Салини Импраҷило»-и Италия, гуфторҳои Пешвои миллат ва сиёсатмадорону намояндагон ва фаъолони кишварҳои хориҷа дар васфи Роғун, аз он ҷумла гуфтаҳои собиқ президенти Федератсияи Россия Елсин Борис Николаевич, собиқ Котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон, роҳбари байнигурӯҳии Парлумони Аврупо оид ба масоили об Доктор Кристина Гутиерис-Кортинес ва шореҳи маъруфи амрикоӣ, муаллифи китоби машҳури «Пеш аз чархиш» Ҳилари Креймер оварда шудаанд.
«Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун» – нашри китоб-албомҳо доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ
Китоб таҳти муаллифии Сафарзода Хайруллои Амиралӣ бо теъдоди 2 ҳазор нусха рӯи чоп омада, дар он аксҳои аксбардорон Нақиб Муродзода, Мақсудҷон Муҳиддинҷонов ва Аминҷон Азимов истифода шудаанд.



«Эмомалӣ Раҳмон ва Роғун»
emomali-rahmon-va-rogunМавриди зикр аст, ки китоб-албоми «Эмомалӣ Раҳмон ва Роғун» соли 2013 бахшида ба 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расида буд. Дар он дар бораи таърихи мухтасари гидроэнергетикаи Тоҷикистон, неругоҳҳои хурд, НБО «Қайроққум», «Бойғозӣ», «Шаршара», «Сарбанд», «Марказӣ», «Норак», «Сангтуда-1», «Сангтуда-2», «НБО Роғун ва истиқлоли энергетикии Тоҷикистон» ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ маълумот ҷамъоварӣ шудааст.
Муаллифони китоби мазкур доктори илмҳои таърих, профессор Абдуфаттоҳ Шарифзода ва Заробиддин Қосимӣ буда, зери таҳрири Анвар Асадов бо теъдоди 5,5 ҳазор нусха ба табъ расидааст ва дар он аксҳои аксбардорон Мақсудҷон Муҳиддинҷонов, Аминҷон Азимов, Геннадий Ратушенко ва Нақиб Муродзода истифода гардидаанд.
Вернуться назад