Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд


25-10-2021, 16:10.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон самимона табрик гуфта, ба манзури ривоҷу равнақи Узбекистони дӯст дар фаъолияти минбаъдаи давлатиашон дастовардҳои нав ба нав орзу намуданд.

Зимни суҳбат ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон мавриди гуфтугӯ қарор гирифта, дурнамои таҳким ва таъмиқи минбаъдаи онҳо дар руҳияи анъанаҳои бисёрасраи созандаи робитаҳои неки ҳамҷавории мардумони ду кишвар баррасӣ шуданд.

Пешвои миллат, зимни ёдоварӣ аз ҷараёни рушди бомароми ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Узбекистон, ба саҳми арзандаи муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар пешбурди ин раванд баҳои баланд доданд.

Ҷонибҳо оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ изҳори боварӣ намуда, омодагии худро барои ғанӣ гардонидани муносибат ва ҳамкориҳои дӯстонаи ду кишвар бо мазмуну мундариҷаи бештару созанда таъкид намуданд.

Президентҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.


Вернуться назад