Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот намуданд


11-10-2021, 11:10.
11 октябр дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимӣ изҳори сипос карда, бо итминон изҳор доштанд, ки натиҷаҳои музокирот ба тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо такони ҷиддӣ мебахшанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, зерсохтор, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карда, барои баҳрабардорӣ аз имконияти истифоданашудаи он табодули андеша намуданд.

Омода намудан ва ба имзо расонидани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо ба нафъи ҳарду ҷониб хоҳад буд ва татбиқи ҳадафмандонаи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва нақши Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2021-2027 ҷиҳати амалисозии ниятҳои ҳамгироӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо инчунин тавсеаи муносибатҳоро дар бахшҳои ояндадори энергетика, захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, робитаҳо дар бахши маориф ва ҳамкории дуҷонибаро дар бахши амният мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн, ҷонибҳо ҳангоми мулоқот ба масоили доғи минтақа, ки Афғонистон дар меҳвари он қарор дошт, таваҷҷуҳи хосса намуданд.

Дар фарҷоми суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.
Вернуться назад