Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз аз Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз аз Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд


27-09-2021, 09:52.

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи якчанд иншооти дорои таъйиноти гуногун, суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолон бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Бадахшон аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз нахуст аз Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.

Намоишгоҳ аз 2 қисми асосӣ — намоишгоҳи асал ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ иборат буд. Деҳқонони ризқофари кишвар маҳсули дастранҷи худро бо ороишоти гуногун ба намоиш гузоштанд, ки хеле дилкаш ва бошукӯҳ буд.

Дар ин майдони фарох дар масоҳати 50 садяк замин кишоварзони зарофар аз 9 шаҳру ноҳияи мамлакат, аз ҷумла вилоятҳои Бадахшон, Хатлон ва Суғд ширкат варзида, анвои гуногуни маҳсулоти занбӯри асал ва меваю сабзавоти шаҳдбори худро ба маъраз гузоштанд.

Дар фестивал беш аз 300 оилаи занбӯр ба намоиш гузошта шуд.

Ба фестивал 40 тонна маҳсулоти соҳа, аз ҷумла 15 тонна навъҳои гуногуни асал, мум, гарди гул, шираи занбӯр ва ғайра бо банду баст тибқи талаботи меъёрҳои тасдиқгардида пешниҳод шуд. Дар ҷойи баргузории намоиши асал хаймаҳо, нуқтаҳои гирифтани асал, ташкили корҳои мубориза бар зидди касалиҳои занбӯри асал ба назар мерасид.

Табиат ва боду ҳавои ноҳияи Дарвоз бо гулу гиёҳҳои зиёди шифобахш барои парвариш ва зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал бисёр созгор мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ таъкид намуданд, ки бо истифода аз имконияти фарохи дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз мавҷудбуда метавон рушди соҳаро таъмин ва сатҳу сифати зиндагии аҳолиро баланд бардошт.

Занбӯриасалпарварӣ ва истеҳсоли асал соҳаи камхарҷу сердаромад ба шумор меравад. Тавре зикр гардид, аз соли 2005 то ин ҷониб, яъне аз давраи қабули Барномаи давлатии рушди занбӯри асал шумораи оилаҳои занбӯр, занбӯрпарварон ва ҳаҷми маҳсулоти он маротибаҳо афзудааст.

Қобили зикр аст, ки соли равон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занбӯрпарварони ноҳия шумораи қуттиҳои занбӯри асалро ба 4 ҳазору 330 расониданд, ки ин шумора назар ба соли қаблӣ зиёд мебошад.

Занбӯрпарварони ноҳияи Дарвоз ҳамасола кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо зиёд намудани шумораи оилаҳои занбӯри асал аҳолиро бо ин навъи маҳсулоти табобатии аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ таъмин намуда, ба ин васила дар ғанӣ гардидани буҷа, таъсиси ҷойҳои кории мавсимӣ ва муаррифии асали тозаи ватанӣ саҳм гузоранд.

Дар 4 гӯшаи дигари намоишгоҳ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, анвои гуногуни маҳсулоти соҳа, аз қабили картошка, пиёз, каду, меваҳои хушк ва тар, навъҳои гуногуни себ ва дигар намуди сабзавоту полезиҳо, ки дастранҷи заҳматкашони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Дарвоз мебошанд, ба намоиш гузошта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз фаровонии маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, ки аксаран содиротӣ мебошанд, изҳори хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди саноатии он бояд сол аз сол афзун гардад ва аз ин ҳисоб иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шавад.
Вернуться назад