Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонии собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонии собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I


2-09-2021, 14:13.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи сарфарозгардонии собиқ вазири
мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,
Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи
Масъуд бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз гардонида шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 сентябри соли 2021
№248(181)
Вернуться назад