Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Боздиди Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардуми ноҳияи Сангвор

Боздиди Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардуми ноҳияи Сангвор


25-09-2016, 09:11.

Дар маркази ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.
Сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суббот ва имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ баҳри фаровонии дастурхон ва ғановати бозори дохилӣ бо анвои гуногуни маҳсулоти худдӣ пурсамар меҳнат мекунанд.
Дар соҳаи кишоварзии ин ноҳияи кӯҳистон аз нисф зиёди аҳолии қобили меҳнат фаъолият доранд. Соҳаи кишоварзӣ манбаи ягона ва хуби даромади сокинон дониста мешавад.
Дар намоишгоҳ анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумла, картошка, сабзӣ, каду, себ, нок ва асали хушсифати истеҳсоли занбурпарварони ноҳия пешниҳод карда шуд.
Тавре зикр гардид, кишоварзони ноҳияи Сангвор имсол бо истифода аз тухмиҳои маҳаллӣ каду кишт намуданд, ки таҷрибаи аввал буда, ҳосилнокиаш хуб арзёби мегардад.
Бодарназардошти ин Пешвои миллат ба кишоварзон ва роҳбарияти ноҳия дастур доданд, ки имкониятҳои фаррохи ин бахшро мақсаднок истифода баранд, зеро бо ин роҳ метавон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум саҳми муносиб гузошт.
Ҷамъи умумии заминҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор 173 ҳазору 916 гектарро ташкил медиҳанд. Аз заминҳои умумии кишоварзӣ 2141 гектар заминҳои корам мебошад, ки 1635 гектар замини обӣ арзёбӣ мегардад.
Ноҳияи Сангвор аз ноҳияҳое мебошад, ки дар он вобаста ба шароити табиию ҷуғрофӣ истеҳсоли асали хушсифат мувофиқ аст ва бо назардошти ин сол то сол оилаи замбури асал зиёд карда мешавад.
Вернуться назад