Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Пешвои миллат: «Дар натиҷаи ҳушёриву зиракии сарҳадбонони ҷасури отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат зиёда аз 25 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст»

Пешвои миллат: «Дар натиҷаи ҳушёриву зиракии сарҳадбонони ҷасури отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат зиёда аз 25 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст»


16-07-2021, 12:31.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ёдовар шуданд, ки дар давоми чанд соли охир дар натиҷаи ҳушёриву зиракии сарҳадбонони ҷасури отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат зиёда аз 25 тонна маводи мухаддир, 1200 мил силоҳ ва 6300 адад муҳиммоти ҷангӣ мусодира карда шудааст.

Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар даврони истиқлол 2800 нафар ҷавонони мо, аз ҷумла 1500 нафар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1300 нафар донишкадаҳои олии хориҷи кишварро хатм намуда, ҳоло дар вазифаҳои афсарии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ содиқона хизмат карда истодаанд. Имрӯз дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 500 нафар ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар 300 нафар ҷавонони дигари мо таҳсил доранд.

Президенти мамлакат махсус ёдовар шуданд, ки «дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳаёти осудаи сокинон ва оромиву суботи мамлакат, инчунин, ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ 148 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро қурбон кардаанд ва изҳор намуданд, ки «мардуми шарифи тоҷик ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард».
Вернуться назад