Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд


1-05-2021, 13:39.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат сарони давлатҳо ҷараёни амалӣ гардонидани мувофиқаҳои байни ҷонибҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои домии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Президентҳо, ҳамчунин атрофи фаъолияти муштараки гурӯҳҳои кории ҷонибҳо дар ин ҷода ва оғози ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматии ҷонибҳо оид ба делимитсия ва демаркатсия ибрози андеша намуданд.


Вернуться назад