Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Гулистон ифтитоҳ намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Гулистон ифтитоҳ намуданд


7-04-2021, 15:30.
7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ифтитоҳ карда, бо шароити таълим дар иншооти нав шинос шуданд.

Нахуст дар саҳни ҳавлӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти кишоварзии хоҷагии ёрирасони Маркази таълимӣ ва намунаи сару либоси мавсимии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот муаррифӣ карда шуд.

Масоҳати умумии заминҳои ин мавзеъ 4,7 гектарро ташкил дода, дар масоҳати 16 садяк замин 4 гармхонаи парвариши сабзавот, лиму ва дар майдони 1 гектар боғи дарахтони зардолу, олуча, олу ва себ бунёд шудааст.

Маркази таълимӣ ва заминҳои кишт дар соҳили «Баҳри тоҷик», дар як мавзеи дилфиреб ҷойгир мебошад. Дар хоҷагии ёрирасон 10 нафар машғули коранд. Ҳосили ба дастоварда аз хоҷагии ёрирасон барои таъмини кормандони мақомот бо маводи мавриди ниёзи аввал равона карда мешавад.

Баъди шиносоӣ бо дастовардҳои хоҷагидорон ба Президенти мамлакат намунаи сару либоси мавсимии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ки бо тарҳи миллӣ ва аврупоӣ тайёр карда мешаванд, муаррифӣ гардид.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат бо сару либос, таҷҳизоти техникии низомӣ, манзили зист, ҷойҳои кории муосир ва маводи ниёзи аввал пурра таъмин мебошанд.

Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз 4 ошёна, толорҳои машғулият, ҳуҷраҳои корӣ, 6 ҳуҷраи истироҳатӣ, ошхона ва дар саҳни ҳавлӣ аз майдончаи варзишӣ оид ба футбол иборат мебошад.

Акнун баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоот барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд баҳри такмили ихтисос ва омӯзиши донишҳои муосир шароити замонавӣ муҳайё гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншоотро ба кормандони мақомот муборакбод гуфта, онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят карданд.
Вернуться назад