Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд дар ҷашни Сада иштирок карданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд дар ҷашни Сада иштирок карданд


5-02-2021, 15:03.

5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷашни Сада ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни чойхонаи Муассисаи давлатии Қасри Арбоб, ки макони асосии тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори таҷлили иди бостонӣ интихоб шуда буд, сокинони вилоят бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, Сада аз зумраи ҷашнҳои миллии мо буда, асосан ба кишоварзон рабт дорад, зеро марди деҳқон бо таҷлили ин иди ниёгон ба кишту кори баҳорӣ омодагӣ мебинад ва шаш сол аст, ки дар саросари кишвар баргузор карда мешавад.

Сада бо фазилатҳои некаш аз наздик омадани фасли баҳор ва фарорасии Наврӯз мужда мерасонад.

Дар тантанаҳои идона аҳли заҳмати вилояти Суғд иштирок карда, дастоварди меҳнатӣ ва маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Иштироки васеи сокинон дар ҷашни Сада гувоҳӣ аз арҷгузории мардум нисбат ба иди бостонӣ мебошад. Ин ид, ки дар аҳди қадим, махсусан замони Сомониён бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол гирифта мешуд, дар даврони соҳибистиқлолӣ рукну оинҳои он аз нав эҳё гардид ва халқи тоҷик онро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории чунин ҷашнҳои оммавии бошукӯҳро, ки тайи солҳои охир дар мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтани роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ намуданд.

Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ арзёбӣ карданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли мева ва содироти он ба хориҷи мамлакат дар хоҷагиҳои боғпарварии вилоят соли сипаришуда иловатан 657 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст ва ҳаҷми истеҳсолот сол то сол зиёд карда мешавад.

Давоми як соли охир дар ҳудуди вилоят 207 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд гардидаанд, ки ин қадами устуворе дар самти рушди соҳаи боғпарварӣ ва истеҳсоли меваи аз лиҳози экологӣ тозаю табиӣ дар мамлакат мебошад.

Дар намоишгоҳ аз ҷониби кормандони Иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот намоиши маҳсулоти нонӣ ташкил гардида, корхонаҳои хӯроквории вилоят навъҳои гуногуни шириниҳоро ба маъраз гузоштанд.

Дар намоишгоҳи идона аз ҷониби Ассотсиатсияи занбӯрпарварони вилояти Суғд асали хушсифати табиӣ пешниҳод гардид. Ба иттилои масъулин, бо дарназардошти зиёд будани талаботи аҳолӣ ба асал ҳамасола дар хоҷагиҳои занбӯриасалпарварӣ оилаҳои занбӯр зиёд ва ҳаҷми истеҳсол низ бамаротиб боло бурда мешавад.

Зимни суҳбат бо занбӯрпарварон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо ворид кардани зотҳои серҳосили занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли асалро ҳам барои содирот ва ҳам барои таъмини бозори дохилӣ бештар намоянд. Ба ақидаи занбӯрпарварон, бо татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дар ҳамин замина муқаррар намудани имтиёзҳо барои фаъолияти пурсамар шумораи оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли асали аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки имрӯз дар бозори дохил ва хориҷ талабот ба он бештар аст, зиёд гардида, дар ноҳияҳои кӯҳистон мардум ба ин шуғли манфиатовар бештар машғул мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаровонии маҳсулоти асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот ва полезию лубиёгиҳо, ки аксаран маҳсулоти содиротӣ мебошанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди он дар корхонаҳои саноатӣ бояд афзун гардад ва аз ин ҳисоб иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шавад.

Ҳоҷагиҳои тухмипарварӣ, Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии “Тухмиҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд” дар ҷашни Сада навъҳои гуногуни тухмиро ба намоиш гузоштанд. Мусаллам аст, ки навъҳои тухмии маҳаллӣ, ки ба иқлим мутобиқанд, ҳосилнокиашон баланд аст.

Истифодаи васеи тухмии босифати ватанӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ дар вақти кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ба он боис мегардад, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳосили дилхоҳ рӯёнида, дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ, даромади хуби иқтисодӣ ба даст оранд. Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ кормандони Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд” неъматҳои табииро муаррифӣ намуданд. Муассисаи мазкур дар баробари ҳифзи олами ҳайвоноту наботот ба ҷамъоварӣ ва коркарди гулу гиёҳҳои шифобахш ва меваҷоти кӯҳсор машғул мебошанд ва имрӯз дастоварди худро ба маъраз гузоштанд.

Номгӯи зиёди ниҳоли дарахтони ороишии ҳамешасабз аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд муаррифӣ карда шуд. Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба таҷриба ва фаъолияти самарабахши аҳли заҳмати вилоят аҳсан гуфта, иштироки онҳоро дар ҷашни Сада барои рушди минбаъдаи бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои иқдомҳои бобарори Ҳукумати ҷумҳурӣ мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ бирасем ва бо ин восита сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.

Кишоварзони соҳибтаҷрибаи вилояти Суғд зимни суҳбатҳои самимӣ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки бо шарофати маслиҳату тавсияҳои судманди Роҳбари оқилу ғамхор бобати истифодаи босамари ҳар қитъа замин, хусусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ сатҳу сифати зиндагии сокинон ба маротиб беҳтар шуда, дар оилаҳо ба миқдори зарурӣ маҳсулоти ғизоӣ захира карда мешавад. Дар ҷашни Садаи имсола, ки дар саҳни чойхонаи Муассисаи давлатии Қасри Арбоб бо шукӯҳу шаҳомати баланд таҷлил гардид, намоиши техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Ҷашни Сада барои хоҷагидорони ноҳияҳои Шаҳристон ва Деваштичи вилояти Суғд хотирмону фаромӯшнашаванда боқӣ мемонад, зеро даҳҳо адад техникаи наву замонавии кишоварзӣ аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо туҳфа карда шуд. Намояндагони филиали Суғдии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон башаклдарории дурусти ниҳоли дарахтони мевадиҳандаро намоиш доданд. Ниҳоли даҳҳо намуд дарахти ҳосилдеҳ, ки аксари онҳо навъҳои маҳаллӣ мебошанд, ба маъраз гузошта шуд. Ҷашни Сада воқеан ба иди ҳақиқии кишоварзон, деҳқонон ва дар маҷмуъ аҳли заҳмат табдил ёфт.

Ошпазони моҳир ва кадбонувон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳунари волои худро муаррифӣ карда, дар дегҳои бузургҳаҷм як тонна оши палав ва як тонна ҳалво омода карда, пешниҳод намуданд.

Барои шодию фараҳи иштирокдорон гурӯҳи ҳунармандони хушсалиқаи вилоят намоиши театрикунонидашударо ба ифтихори ҷашни Сада пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Саҳнаҳои ҷолибу диданӣ аз рӯзгори ниёгони мо бо мақсади таҷлили ин ҷашни нуру гармӣ дар сатҳи баланд таҳия ва пешниҳод шуд, ки далели воқеии иди қадима ва таърихӣ будани Садаро бозгӯ мекард. Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба ифтихори ҷашни Сада ҳунармандони чирадасту соҳибзавқи 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта, дар гӯшаҳои алоҳида дастовардҳои меҳнатии худро ба таври шоиста муаррифӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иштироки онҳо дар ҷашни бошукӯҳи Сада изҳори қаноатмандӣ намуданд. Сарвари давлат ҷиҳати дастгирии ҳунармандон ва рушду равнақи бештари ҳунарҳои мардумӣ ба масъулон дастур доданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бунёди коргоҳу гӯшаҳои фурӯши армуғон ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумиро таъсис дода, барои фаъолияти васеи ҳунармандон шароити зарурӣ фароҳам оранд.

Ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъанаю суннатҳои мардумӣ мебошад. Дар ҷашни Сада кишоварзони вилояти Суғд маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла зироати ғалладонагӣ, сабзавоту полезӣ, ҳафт навъи картошкаи маҳаллӣ, ниҳоли дарахтони ороишию сояафканро ба намоиш гузошта, бо ифтихору сарфарозӣ ин иди ниёгонро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд.

Воқеан, ҷашни Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба нуру гармӣ, рӯ овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқат мебошад, ки аз ҷониби мардуми шарафманди тоҷик бо риояи тамоми суннату анъанаҳои хос иҷро мегардад.


Вернуться назад