Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд


12-10-2020, 13:25.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарвари Қазоқистони бо мо дӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба бинобар аз нав интихоб шудан ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, ба Пешвои миллат беҳтарин таманниёти худро баён намуд.

Муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев саҳми бузурги Пешвои миллатро дар таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими нуфузашон дар арсаи байналмилалӣ ба таври хосса таъкид намуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табрикоти самимӣ ба Президенти Қазоқистон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ба аҳамияти иқдоми муштараки минбаъда дар роҳи таҳким ва таъмиқи муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар робита ба ҳавасмандии аслии ду давлат ишора карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо камоли хоҳиш аз Пешвои миллат даъват намуд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Қазоқистон сафари расмӣ анҷом диҳанд. Замони сафар тариқи роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.


Вернуться назад