Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ


12-05-2016, 17:14.
Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро, ки ҳайати ҳукумати кишварашро дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшидати барқи КАСА-1000 роҳбарӣ кард, ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои иштироки фаъоли ҷониби Афғонистон дар расми мавриди татбиқ қарор додани тарҳи КАСА-1000 изҳори сипосу минатдорӣ карда, омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои саҳмгузории муштарак дар дигар тарҳу лоиҳаи бузурги энергетикӣ, роҳу нақлиёт ва транзитӣ таъкид намуд.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба раванди таҳкиму сулҳу субот дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва вазъияти марзи байнидавлатӣ табодули афкор карда зарурияти таҳкими ҳамкории сохторҳои марбутаи ду кишварро дар ин самт махсус таъкид намуданд.
Бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд, ки миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ вобаста ба вазъи минтақа ва таҳаввулоти байналмилалӣ, масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа, мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамкории сатҳи баланд ба роҳ монда шуда дар оянда низ ҳарду кишвар дар ин самт мавқеи ягонаи худро нигоҳ хоҳанд дошт.
Зимни мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба ҳамкории байниҳукумати дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла бозомӯзӣ ва омодасозии мутахассиони соҳаҳои гуногун барои ҷониби Афғонистон ва дигар мавзуҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Вернуться назад