Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қисми якуми бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қисми якуми бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ намуданд


21-08-2020, 07:32.
Боздиди кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ аз ифтитоҳи қисми якуми бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 оғоз гардид.

Қисми якуми бинои нави мактаб, ки барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, аз 13 синфхона ва 7 кабинети фаннӣ, аз ҷумла кабинетҳои компютерӣ, химияву физика, биология, дифои ҳарбӣ ва утоқҳои таълими меҳнат барои писарону духтарон иборат аст. Дар утоқҳои таълими меҳнат духтарон ба омӯзиши касбҳои дӯзандагиву пазандагӣ ва писарон ба ҳунарҳои кандакориву харротӣ фаро гирифта мешаванд.

Бинои нави муассиса воқеан ҳам намои бисёр зебо дорад, зеро дар бунёди он, дар баробари истифодаи масолеҳи коркардшудаи сохтмонӣ, аз ҷумла қуму шағал ва сементу арматура, ҳамчунин аз сангҳои ороишии маҳаллӣ истифода шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ, ки қариб як сол идома ёфтанд, 220 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Мактаб дар оғози соли нави хониш бо тарҳи зебо мавриди истифодаи муҳассилин қарор дода шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба коргарону сохтмончиён барои анҷоми корҳо дар муҳлатҳои муайяншуда изҳори сипос карданд.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ШС-Шариф” анҷом додаанд.

Бояд зикр намуд, ки бинои кӯҳнаи мактаби рақами 8-и шаҳри Хоруғ соли 1958 бунёд шуда буд ва бо гузашти солҳо иншоот кӯҳнаю фарсуда шуда, шароиту имкониятҳои илмомӯзии он ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набуд. Вобаста ба ин, бо дастури бевоситаи Пешвои миллат дар заминаи мактаби пешина бунёди мактаби нав ба нақша гирифта шуд. Акнун дар бинои нав барои омӯзгорону хонандагон беҳтарин ва муосиртарин шароити кор ва илмомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки мактаби нав пурра бо аёнияти дарсӣ ва технологияи муосири таълимӣ таъмин карда шудааст. Дар синфхонаи компютерии муассиса, ки дар як вақт имконияти ғунҷоиши 24 хонандаро дорад, 24 адад компютери насли нав насб гардидааст. Дар ин мактаб ба ҳар як хонанда 1 адад компютер рост меояд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин на танҳо дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ ҳам ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин зикр карда шуд, ки шароиту имкониятҳои илмомӯзӣ дар ин мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таълимгоҳҳои махсус, аз ҷумла литсей ва мактабҳои Президентӣ баробар аст. Ҳайати омӯзгорону хонандагон барои фароҳам овардани чунин шароити созгори таълимӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Сарвари давлат хонандагонро ба истифодаи босамари имкониятҳои фароҳамшуда ва омӯзиши амиқи илму донишҳои замонавӣ ҳидоят карданд.

Дар мактаби нави рақами 8-и шаҳри Хоруғ 28 нафар омӯзгор, ки ҳама дорои маълумоти олии касбӣ мебошанд, ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.

Бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” таълими ин фанҳо дар мактаби номбурда ба таври махсус ба роҳ монда шудааст.

Ба иттилои омӯзгорон, то ҳол чандин нафар хонандагони онҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии фанҳои дақиқ иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Тибқи нақша, ду қисми боқимондаи муассисаи таълимии рақами 8-и шаҳри Хоруғ то ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Пас аз пурра ба истифода додани муассиса имкон пайдо мегардад, ки ҳамаи кӯдакону наврасони маҳаллаҳои Хоруғи Боло, Андарситез, Эмомобод ва Дашти Боло дар як баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Вернуться назад