Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ

Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ


13-08-2020, 18:16.
Имрӯз шоири маҳбуби мардуми тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ баён намуданд.


Вернуться назад