Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» дар ноҳияи Ёвон

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» дар ноҳияи Ёвон


22-04-2016, 12:22.

Дар ноҳияи Ёвон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ифтитоҳи як коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ дар саҳни ҳавлии он барои бунёди боз ду корхона оид ба истеҳсоли рангҳои гуногун ва маводи нигоҳдорандаи гармӣ – пахташиша бо таъсиси 150 ҷойи корӣ санги асос гузошт.
Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, барои сохтмони ин ду корхона аз ҳисоби сармояи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» 150 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Иқтидори солонаи корхонаи рангҳои эмулсионӣ 15 ҳазор тонна ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти гарминигоҳдорӣ 170 ҳазор метри мукааб мебошад. Соҳибкор уҳдадор шуд, ки корхонаҳоро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот то соли 2018 бунёд намояд.
Сипас дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” — ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд.
Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” дар майдони 5,2 гектар бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 10 ҳазор ва дар як сол дуюним миллион адад гаҷкартон мебошад. Дар корхона зиёда аз 200 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Маблағи умумии сохтмони корхона беш аз 130 миллион сомонӣ (баробар ба 18 миллион доллари амрикоӣ) – ро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки сохтмони корхонаи мазкур бо гузоштани санги асос аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 12 ноябри соли 2014 оғоз гардида буд.
Зимни шиносоӣ бо корхонаи нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ин иқдоми ибратбахш — бунёди корхонаи истеҳсолию саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба соҳибкори ватандӯст Акбар Ғуломов баҳои баланд дода, ба ӯ барору комёбӣ орзу намуд. Мавриди зикр аст, ки танҳо аз ҷониби ин соҳибкори ҷавону ботаҷриба дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аллакай корхонаҳои истеҳсоли семент бо иқтидори беш аз як миллион тонна семент ва бо садҳо ҷойи нави корӣ бунёд карда шуда, сохтмони якчанд корхонаи хурду бузурги саноатӣ дар ноҳияҳои дигар таҳти роҳбарии ӯ идома дорад. Сементи корхонаи «Ғаюр Суғд семент» ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва маҳсулоти корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот мешаванд.
Ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки таҷҳизоти истеҳсолӣ ба корхона ворид ва корҳои сохтмонию насби таҷҳизоти технологӣ пурра иҷро карда шудааст.
Аз 130 миллион сомонии маблағи бунёди корхона 35 фоизаш саҳми соҳибкори ватанӣ ва боқимонда 65 фоиз сармояи хориҷӣ мебошад.
Тавре намояндагони корхона иттилоъ доданд, дар ҳамин ҷо ба хотири мукаммал кардани хатти истеҳсолӣ боз дигар қисмҳои зарурӣ дар худи ҳамин коргоҳ бароварда мешаванд, аз ҷумла, як сехи махсус бо ҳафт дастгоҳ профилҳои гуногунро истеҳсол менамояд, ки дар вақти истифода дар корҳои сохтмонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи варақаҳои гаҷӣ мебошад. Тавре маълум аст, қаблан варақаҳои гаҷӣ ва профилҳои оҳанӣ аз хориҷи мамлакат ворид мешуданд.
Инчунин дар ҳудуди Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” як ташхисгоҳи хеле мукаммал бо 26 дастгоҳи муосири ташхиси масолеҳи сохтмонӣ ташкил карда шудааст. Коргарони ташхисгоҳ имкон доранд на танҳо масолеҳи худӣ, балки аз дигар корхонаҳои ҷумҳуриро низ таҳлилу ташхис карда, дар бораи сифати маводҳо хулосаи зарурӣ пешкаш намоянд.
Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар сол то сол шумораи корхонаҳои саноатии истеҳсолкунандаи маҳсулоти гуногуни воридотивазкунанда афзоиш меёбад. Бунёди Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” идомаи мантиқии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи ҳамкории босамари ҳукумат бо бахши хусусӣ амалӣ гардид.
Баъди ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони корхонаи саноатӣ ва фаъолони ноҳия суҳбати самимӣ доир кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ифтитоҳи корхонаро ба мардуми меҳнатқарини ноҳияи Ёвон муборакбод гуфта, иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ибратбахш арзёбӣ кард.
Вернуться назад