Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


10-07-2020, 16:00.


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 июли соли 2020 №398
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи сардори Донишкадаи
олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Мирзоев Б.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 июли соли 2020 №399
ш. Душанбе

Дар бораи сардори Донишкадаи
олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Пиракзода Ҳикматулло

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Пиракзода Ҳикматулло сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 июли соли 2020 №400
ш. Душанбе

Дар бораи директори муассисаи давлатии қароргоҳи
«Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Нурализода Н.Ф.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Нурализода Нуриддин Файзиддин директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Вернуться назад