Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Таъиноти кадрӣ дар воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ дар воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


11-05-2020, 12:09.
Дар чанде аз воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиноти кадрӣ ба амал оварда шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуот Президенти Ҷумхурии Точикистон.

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод — сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Боймаҳмадзода Музаффар Қурбон — сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ва Умарзода Икром Ислом — сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.


Вернуться назад