Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини Истиқлолияти Тоҷикистон»-китоби нав

«Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини Истиқлолияти Тоҷикистон»-китоби нав


29-03-2016, 14:13.
Чанде пеш нашриёти «ЭР-граф» китоби Аълочии маорифи ҷумҳурӣ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Рашиди Қодириёнро таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини Истиқлолияти Тоҷикистон» аз чоп баровард. Китоб зери таҳрири академик Раҳмонзода Абдуҷаббор омодаи нашр гашта, ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Муаллиф андешаву мушоҳидаҳои худро дар бораи истиқлолияти миллӣ ва пирӯзиҳои пай дар пайи он баён намуда, дурустии роҳи интихобнамудаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати навини тоҷикон бори дигар ба исбот мерасонад ва собит месозад, ки таъмини рафоҳияти аҳли мамлакат дар ҳоли ҳозир натиҷаи воқеии талошҳои аввалияи ин давлатмарди миллат аст.
Тавре ки нависанда Зафар Мирзоён дар пешгуфтори китоб менигорад: «муаллиф ҳамчун як шахси худогоҳ, некбин, ҳаммарому ҳамандешаи бозсозони давлати тоҷикон, аз созандагиҳои ҳамдиёрон дар даҳсолаҳои навин ба ваҷд омада, мехоҳад биниши худро бо беҳтарин гуфтори тоҷикӣ изҳор намояд. Ҳамин аст, ки ҳангоми бозгӯ намудани дарёфту пирӯзиҳои тоҷикон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон наметавонад аз эҳсосоти фараҳбор худдорӣ намояд».
Боби якуми китоб «Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари ҷасорати азалии тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» ном дорад. Рашиди Қодириён дар ин қисмат чунин нигоштааст: «Сарвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба майдони таърих вақте омад, ки тоҷик дар гирдоби гумроҳӣ гирифтор шуда буд. Дар ин бора гуфтанд, мегӯем ва боз хоҳем гуфт. Даҳҳо бор, садҳо бор, такрор ба такрор бояд гуфт,то ба ҳамаи мо, ба ҳамаи наслҳои ҳазор сол баъд аз мо меомада дарс шавад, сабақ шавад, сабақи таърихӣ шавад. Наслҳои пасин бояд бидонанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ин бало ва офати пурдаҳшатест, ки дар як они воҳид хуррамиҳоро ба хазон мубаддал месозад ва дар пушти худ коргардонҳое дорад бераҳму шафқат».
Муаллиф ҳамчунин дар бораи кӯшишҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ноил гаштан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, пойдории давлату давлатдорӣ, бунёдкориҳои даврони истиқлолият, баланд шудани ҳисси хештаншиносию ватандӯстии насли ҷавон маълумоти муфассал додааст. Ӯ аз ҷумла, дар хусуси ғамхориҳои Сардори давлат оид ба забони тоҷикӣ ёдовар шуда, навиштааст: «Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти забониро воқеан дар давлати навини тоҷикон таъмин намуда, барои густариши минбаъдаи он заминаи устувор муҳайё сохт. Ин шахсияти ватандӯст ва ҳимоятгари забони ноби тоҷикӣ ҳамеша таъкид менамояд, ки забонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, онро ғанӣ гардонем ва забонҳои дигарро низ аз бар созем».
Зимни таҳлили фаъолияти Сардори давлат дар даврони истиқлолият муаллиф ба хулосае омадааст, ки бояд дастоварду созандагиҳои ватанамон ҳарчӣ бештар дар адабиёт инъикос шаванд: «Бунёди нақбҳо, роҳҳо, сохтмонҳои азим инъикоси воқеиро дар адабиёт мехоҳанд. Адибон масъул ҳастанд, ки комёбиҳои диёрро васф намоянд, аз қаҳрамонии фарзандони халқ, аз ҷумла Пешвои миллат сухан гӯянд ва симои барҷастаи ӯро равшан гардонанд».
Муаллиф дар тақвияти суханони худ аз афкори мутафаккирони гузаштаву муосир истифода бурдааст, ки баёнгари пайвастагии андешаҳои ниёгони хирадмандамон бо андешаҳои донишмандони муосир мебошад.
Дар китоб инчунин саҳми аҳли ҷомеаи кишвар дар эҳёву барқарорсозӣ ва таъмини рушди ҳамаҷонибаи мамлакат бо ҷаҳонбинии хосса таҳлил шудааст.
Вернуться назад