Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо ба имзо расонида шуданд

Аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо ба имзо расонида шуданд


2-01-2020, 11:52.

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳо ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, “Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об”, “Дар бораи хазинадорӣ” ва “Дар бораи ниҳолпарварӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои ба имзорасида ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, низоми молия ва андоз, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, муқовимат ба коррупсия, экстремизм ва дар маҷмӯъ, барои беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодии инсон равона карда шудаанд.

Қонунҳои баимзорасида дар матбуот интишор карда мешаванд.
Вернуться назад