Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи тасаллият ирсол намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи тасаллият ирсол намуданд


27-12-2019, 19:26.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич,

Бо андӯҳи гарон хабари ҳузнангези суқути ҳавопаймои мусофирбарро дар наздикии фурудгоҳи Алмаато дарёфтам.

Ба наздикону пайвандони қурбониён изҳори тасаллияти амиқ намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонем».


Вернуться назад