Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба имзо расониданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба имзо расониданд


25-10-2019, 17:20.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» имзо гузоштанд.

Қонуни мазкур дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли равон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

Қонун «Дар бораи авф» ба зиёда аз 20 ҳазор шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, татбиқ мегардад. Аз ҷумла, нисбат ба ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон татбиқ карда мешавад.

Мақомоти дахлдор бояд дар муҳлати ду моҳ қонунро пурра татбиқ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.

Матни пурраи қонун дар матбуот нашр карда мешавад.


Вернуться назад