Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин


7-10-2019, 13:00.
7 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбати самимӣ ва дӯстона Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози беҳтарин таманниёт Владимир Путинро бо зодрӯзаш сидқан табрик намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузурги Владимир Путинро дар раванди рушди комёби муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории босамар миёни Тоҷикистон ва Россия таъкид карданд.

Зимнан омодагӣ ба талошҳои муштараки ҳадафманд ба хотири таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия дар маҷрои манфиатҳои аслии мардумони ду давлат ва ба хотири таъмини суботу амнияти минтақа баён гардид.

Қаблан Сарвари давлати Тоҷикистон ба унвони Президенти Федератсияи Россия барқияи табрикотӣ ирсол намуданд.
Вернуться назад