Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб аз боғи ба номи Сайдалӣ Вализода боздид намуданд

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб аз боғи ба номи Сайдалӣ Вализода боздид намуданд


10-09-2019, 12:49.

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти умҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар кӯчаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб, боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализодаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттиллоъ дода шуд, ки корҳои сохтмону барқарорсозии боғи мазкур. дар давоми чор моҳ бо ҷалби бинокорони маҳалӣ, бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Боғи ба номи Сайдалӣ Вализода дар масоҳати беш аз 3-гектар замин бунёд гардида, дар ҳудуди он майдончаи мошинронии кӯдакон, 4 адад атраксионҳои замонавӣ, 2 майдончаи бозӣ барои кӯдакон, 2 фаввора, амфитеатри хурд бо 136 ҷойи нишаст, қаҳвахонаи «Ҷавонон» барои қабули 20 нафар мизоҷон дар як вақт, майдончаи варзишӣ бо дарозии 40 ва паҳноии 20метр сохта шуда, атрофи муҷассамаи модару кӯдак ва гаҳвора бо гулҳои мавсимӣ орову зебо гардонида шудаанд.

Ҳамчунин масоҳати 1,2 гектари боғ пурра сабзкорӣ гардонида шуда, дар атроф ва дохили сабзазор беш аз 150 ҳазор гулҳои мавсимию ороишӣ ва 300 бех арчаҳои гуногун шинонида шудаанд, ки ба ҳусни боғ шукуҳи дигар, зам намудаанд. Роҳраву атрофи сабзазор ва иншооти дохилии боғи ба номи Сайдалӣ Вализода 170 адад чароғпояҳо ва чароғҳои ранга, инчунин атрофи муҷассамаи модар ва танаи дарахтони азимро симтурҳои чароғон, равшан гардонидаанд. Инчунин тамоми роҳрав ва мавзеъҳои истироҳатию фароғатии дохили боғ сафолакпӯш гардида, дар канори роҳравҳо ҷойҳои нишаст ва қутиҳои партов насб карда, шудаанд. Атрофи боғ бошад, дар масоҳати 30 420 метри мурабба бо панҷараҳои оҳанин маҳкам карда шуда, роҳравҳои ду канори Боғ аз қисмати берун низ, сафолакпуш гардидаанд.

Дар атрофи боғи мазкур 4 дарвоза ва саҳни дарвозаи асосии боғ, баландиаш 8,5 метр мебошад, ки он низ мумфарш гардида, ду канори дарвоза барои таввақуфгоҳи нақлиёти шаҳрвандон муқаррар ва дар қисмати поёнии боғ бошад, ташноби зеризаминӣ, бо 8 нуқтаи хизматрасонӣ, тавассуи чоҳи амудии аз чуқурии 120 метр, ҳавзи захираи об бо ғунҷоиши 75м кубӣ ва трансфарматори алоҳида бо таъмини неруи барқи 400 кв бо обу барқ таъмин, бунёд гардиданд.

Инчунин зимни боздид зикр гардид, ки дар ҷараёни корҳои азнавсозӣ, барқароркунӣ ва сохтмони боғ, ниҳолҳои арча, ки дар масофаи хеле зич шинонида шуда буданд, ба қитъаи таҷрибавӣ- истеҳсолии Парки технологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рудакӣ кучонида шуда,65 бех дарахтони калони сояафкани боғ нигоҳ дошта шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду азнавсозии чунин боғҳои фарҳангӣ фароғатиро дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ инчунин истиқболи сазовор аз ҷашни бузургӣ миллӣ, 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаи арзанда ва намунаи ибрат номида, ба сокинони Кулобшаҳри бостонӣ табрику муборакбод намуданд.

Ҳамчунин баҳри ҷалби таваҷуҳи шаҳрвандон, меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва дилхушии кӯдакон болои марғзорону сабзаҳои боғ композитсияҳои бадеӣ – китоби кушода, ҳайкалҳои палангу шутур, гавазну оҳу, санҷобакҳо, кабкҳову товуси хиромон насб карда шудаанд. Инчунин аз дохили кузаву хумҳои сафолин ва руи пару қаноти товус фавҷи гулҳои мавсимии гуногунрангу хушбӯ бинандаро мафтуни ин манзараҳои зебову дилкаш мегардонад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудани боғи мазкур аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, бо мақсади нигоҳубини гулу буттаҳо ва хизматрасониҳои гуногун 16 воҳиди корӣ ҷудо гардид.

Дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, адибон ва дигар намояндагони аҳли зиёи шаҳри Кӯлоб суҳбати самимию созанда анҷом доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ҷашни бузурги миллӣ-28 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногунро дар шаҳри Кӯлоб муборакбод гуфтанд.

Сарвари давлат омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълим, тарбияи донишҷуён дар руҳияи хештаншиносӣ ва аҳли зиёро ба васфи зебоиҳои сарзамин, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳидоят карданд.

Таъкид намуданд, ки дар замони зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар як фарди худогоҳ зиракии сиёсӣ ва ақлу ҳуши бедор талаб карда мешавад.

Мардум бояд ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти сарзамин арҷгузорӣ намуда, барои насли оянда як кишвари пешрафтаро ба мерос гузоранд.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат таваҷҷуҳи аҳли зиёро ҳамчунин ба татбиқи қонунҳои амалкунанда, дар амал ҷорӣ кардани нақшаву ниятҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тадбирҳои нек ҳидоят карданд.

Дар навбати худ аҳли зиё ба Пешвои миллат барои ҳамаи дастгириҳо ва таъмини зиндагии шоиста изҳори сипоси беандоза намуданд.


Вернуться назад