Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Суханронии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи агрегати дуюми НБО «Роғун»

Суханронии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи агрегати дуюми НБО «Роғун»


9-09-2019, 11:41.
09.09.2019, шаҳри Роғун

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам бунёдкорони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”!

Ҳозирини арҷманд!

Бо арзи эҳтирому ифтихори зиёд ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ – солгарди бистуҳаштуми истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор оғоз кардани агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун — иншооти тақдирсози халқамон сидқан табрик мегӯям.

Нерӯгоҳи “Роғун” самара, яъне фарзанди истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо буда, ба кор оғоз кардани агрегати дуюми он дар рӯзи таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ туҳфаи олӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Баъди ба истифода додани агрегати якуми ин кохи нур, ки 16-уми ноябри соли гузашта баргузор гардида буд, вақти зиёде нагузаштааст ва аллакай, то имрӯз дар нерӯгоҳ 570 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол гардида, ба низоми энергетикии кишвар интиқол дода шуд.

Ва имрӯз тамоми сокинони Тоҷикистон шоҳиди рӯйдоди навбатии хурсандиовар – бакорандозии агрегати дуюми ин манбаи рӯшноӣ гардиданд, ки бо иродаи қавӣ, шуҷоату матонат ва заҳмати шабонарӯзии шумо – мутахассисону сохтмончиёни ватандӯсту шуҳратманд таъмин карда шуд.

Ба ҳамаи шумо миннатдории бепоёни Ҳукумат ва халқи Тоҷикистонро баён намуда, бори дигар хотирнишон месозам, ки номи ҳар яки шумо — фарзандони бонангу номуси Ватан — мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос ва шарикони гиромӣ дар таърихи Тоҷикистони навин бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Ба роҳбарону мутахассисони ҳамаи ширкатҳои хориҷӣ барои ҳамкории софдилона ва заҳмати аҳлона бо муҳандисону коргарони Тоҷикистон аз номи Ҳукумат ва халқи тоҷик изҳори сипос менамоям.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» афзалияти махсус медиҳад.

Мехоҳам махсус зикр намоям, ки то имрӯз яке аз иншооти муҳимми нерӯгоҳ – нақби обпартои сеюм — яке аз тавсияҳои асосии коршиносони байналмилалӣ дар самти таъмин намудани бехатарии фаъолияти нерӯгоҳ ҳангоми серобии эҳтимолӣ бо насби дарвозаҳои сегментии таъмирӣ, садамавӣ ва асосӣ бунёд карда шуд ва мо чанд лаҳза пештар шоҳиди ба истифода додани он гардидем.

Ин нақб бо қутри 15 метр ва дарозии 1,8 километр дар як сония имконияти гузаронидани 3500 метри мукааб обро дошта, ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар қатори дигар нақбҳо ин нахустин нақбе мебошад, ки дар доираи бунёди нерӯгоҳ дар даврони истиқлол сохта шудааст.

Бояд таъкид намоям, ки мо ба маблағгузории нерӯгоҳи “Роғун” эътибори аввалиндараҷа медиҳем.

Роҳбарияти нерӯгоҳ, ширкатҳои пудратчӣ ва дигар ширкатҳои бо сохтмони ин иншоот алоқаманд вазифадоранд, ки маблағҳои ҷудошударо мақсаднок ва самаранок истифода баранд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Такроран хотирнишон менамоям, ки ин иншооти ҳаётан муҳим мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии сифату бехатарӣ ва бо истифода аз технологияҳои навтарин бунёд шуда истодааст ва дар ояндаи наздик на танҳо хонадони сокинони Тоҷикистонро нурафшон мекунад, балки ба кишварҳои минтақа низ хизмат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба марҳалаи бисёр масъулиятнок ворид гардида, корҳои боз ҳам бузург дар пешанд. Барои иҷрои ин корҳо кӯшишу ғайрати ҳамарӯза ва андешидани тадбирҳои зиёд зарур мебошад.

Бинобар ин, Ҳукумати кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро ҷиҳати бомаром татбиқ намудани лоиҳаи нерӯгоҳи “Роғун” равона созад.

Ҳамзамон бо ин, аз роҳбарият то корманди одии ҳамаи ширкатҳои ба сохтмони нерӯгоҳ ҷалбшуда барои вусъат бахшидани корҳои бунёди ин иншооти аср равона намуда, бояд масъулияти худро ба пуррагӣ дарк намоянд.

Ҳукумати мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.

Татбиқи чандин лоиҳаи муҳим дар самти рушди соҳаи энергетика нишонаи ҳамин кӯшишҳои пайваста буда, имрӯз ба болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат карда истодааст.

Бо мақсади рушди соҳаи энергетика ҳоло бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16 миллиард сомонӣ идома дошта, дар доираи онҳо то ба имрӯз 7,6 миллиард сомонӣ аз худ гардидааст.

Илова бар ин, вақтҳои охир бо шарикони рушд як қатор созишномаҳо ба имзо расонида шуданд, ки ҳадафи онҳо таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда, яъне “Норак”, “Қайроққум” ва “Сарбанд” мебошад.

Яъне мо дар баробари бунёди иншооти нави энергетикӣ таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳҳои амалкунандаро низ босуръат пеш бурда истодаем.

Маблағи ҷалбшуда барои татбиқи лоиҳаҳои “Азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим” – 200 миллион, марҳалаи аввали барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии ”Норак” — 350 миллион ва нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” беш аз 136 миллион доллари амрикоӣ, дар маҷмӯъ, 7 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, марказҳои барқу гармидиҳӣ, бунёди хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ, инчунин, ислоҳоти соҳаи энергетика дар солҳои охир имкон дод, ки таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ ва фаъолияти инфрасохтори энергетикӣ ба таври назаррас беҳтар гардида, содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар мавсими гармо афзоиш дода шавад.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки рушди соҳаи энергетика ба тараққиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан, дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар нақши калидӣ мебозад.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон инфрасохтори энергетикии кишвар куллан тағйир ёфта, бо татбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ имконият фароҳам гардид, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода, бо барқ таъмин намудани соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пурра аз истеҳсолкунандагони дохилӣ ба роҳ монда шавад.

Дар ин давра бо бунёд гардидани нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва силсилаи нерӯгоҳҳои хурд зиёда аз 1900 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.

Ҳамчунин, тавассути сохтмони хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», «Роғун-Душанбе», «Лолазор-Хатлон», «Геран-Румӣ», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Айнӣ-Рӯдакӣ», «Қайроққум-Ашт», «Қайроққум-Суғд» ба дарозии зиёда аз 1100 километр, 4 зеристгоҳи барқии 500 — киловолта, 10 зеристгоҳи барқии 220 — киловолта ва дигар иншооти барқӣ фаъолияти устувори низоми ягонаи энергетикӣ таъмин карда шуд.

Дар ин лаҳзаҳои таърихӣ бо қаноатмандиву ифтихор иброз медорам, ки бунёди нерӯгоҳи “Роғун” ҳамчун иншооти тақдирсоз натиҷаи орзуву омоли нек, азму иродаи қавӣ, дастгириву пуштибонии самимӣ ва саҳми ватандӯстонаи халқи шарафманди Тоҷикистон мебошад.

Бо итминони комил изҳор менамоям, ки мо бо заҳмати содиқонаи мардуми сарбаланди тоҷик ва корномаи баҳодуронаи фарзандони бонангу номуси миллат дар ояндаи наздиктарин ҳамаи ниятҳои нек ва нақшаҳои созандаамонро амалӣ мегардонем.

Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри мо ба як давлати нерӯманду пешрафта ва Ватани маҳбуби тоҷикон ба мулки боз ҳам ободу осуда табдил меёбад.

Бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо — диловарони ҷабҳаи заҳмат — бунёдкорони “Роғун”- ро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ – 28 – солагии истиқлолу озодӣ ва бо комёбии навбатӣ — ба кор даромадани агрегати дуюми ин нерӯгоҳи бузург самимона табрик гуфта, бароятон хонаободӣ ва барори кору пирӯзиҳои бештар орзу менамоям.

Пояндаву ҷовидон бод, истиқлолу озодии давлати навини тоҷикон!

Шараф ба сохтмончиён ва муҳандисону мутахассисони диловари нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”!

Шараф ба мардуми бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, заҳматкашу ободгар ва сулҳдӯсту фарҳангсолори тоҷик!

“Роғун” барои мардуми шарафманди Тоҷикистон сохтмони сарнавиштсоз, майдони нангу номус ва ҷабҳаи заҳмати ҷавонмардона мебошад!

“Роғун” ояндаи ободи халқи тоҷик, сари баланду рӯи сурхи ҳар фарди Ватан ва кафили болоравии нуфузу обрӯи давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон аст.

Роҳат сафеду иқболат баланд бод, Тоҷикистони азизи ман!

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!
Вернуться назад