Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Адибони ҳавзаи Наврӯз аз Панҷакенту Дарвоз боздид хоҳанд кард

Адибони ҳавзаи Наврӯз аз Панҷакенту Дарвоз боздид хоҳанд кард


12-02-2016, 13:25.
Интизор меравад, ки меҳмонони Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯз дар Тоҷикистон доир мегардад, ба шаҳри бостонии Панҷакент сафар карда, оромгоҳи падари шеъри форсӣ, сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро зиёрат намоянд. Ҳамзамон иштирокдорони ин чорабинии фарҳангии сатҳи баланд ба ноҳияи Дарвоз сафар намуда, аз осорхонаи шоири шинохтаи тоҷик Мӯъмин Қаноат боздид хоҳанд кард. Ба ифтихори Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз нусхаи филми «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз» барои меҳмонон дар шакли фита (СD) омода мегардад. Дар доираи баргузории ин ҳамоиш намоиши асарҳои рассомон ва намоиши китобҳо ташкил мешавад.
Мавриди зикр аст, ки 19 марти соли равон дар Душанбе Симпозиуми илмии байналмилалӣ оид ба Наврӯз ва 20 март дар «Кохи Борбад»-и Душанбе Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор мегардад, ки ба ин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ адибон, олимону муҳақиқони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз даъват гардидаанд.
Дар ин росто барои дар сатҳи баланд доир намудани ин чорабинии фарҳангӣ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки маҳфилҳои шеъру адаб, шабнишиниҳои наврӯзӣ бо иштироки шоирони шинохтаи тоҷик ва ҷаласаҳои илмӣ доир ба мақоми Наврӯзро гузаронад. Инчунин Вазорати фарҳанги кишвар дар ҳамкорӣ бо Анҷумани «Пайванд» муваззаф шудаанд, ки нашри китобҳои ашъори шоирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯзро ба роҳ монанд.
Бояд тазаккур дод, ки идеяи баргузории Ҳамоиши адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар Тоҷикистон соли гузашта зимни мулоқоти анъанавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар аз ҷониби шоираи шинохтаи тоҷик -Гулрухсор Сафиева пешниҳод гардид.


Вернуться назад