Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Литва Гитанас Науседа барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Литва Гитанас Науседа барқияи табрикӣ ирсол намуданд


11-07-2019, 19:43.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Литва Гитанас Науседа барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ Шуморо, ба муносибати оғози фаъолиятатон дар мақоми Президенти Ҷумҳурии Литва самимона табрик ва муборакбодӣ менамоям.

Мо ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Литва ҳавасманд монда, ба дурнамои онҳо назари некбинона дорем.

Изҳори умед менамоем, ки бо саъю эҳтимоми муштарак ҳамёрии кишварҳои мо ба сатҳи сифатан нав бардошта хоҳад шуд.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу саодат ва дар фаъолияти кориатон комёбиҳои нав ба навро баҳри пешрафт ва шукуфоии бештари Литва орзумандам».


Вернуться назад