Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Қасри истиқлолият»-и Беларус

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Қасри истиқлолият»-и Беларус


28-06-2019, 15:18.
28 июн сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус оғоз ёфт.

Маросими истиқболи расмӣ дар «Қасри истиқлолият»-и Беларус баргузор шуд.

Ба хотири пазироии самимии меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Қасри истиқлолият» бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро дода шуд.

Горди фахрии президентӣ, оркести асбобҳои нафасӣ ва ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб саф оростанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти Сарвари давлати Тоҷикистон аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтиром ба Парчами давлати мизбон сурат гирифта, бо шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ва гузашти горди фахрӣ аз назди сарони кишварҳо ба анҷом расид.


Вернуться назад