Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод маркази савдо ва хизматрасонии “Абубакр”-ро ифтитоҳ карданд

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод маркази савдо ва хизматрасонии “Абубакр”-ро ифтитоҳ карданд


24-06-2019, 14:14.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 5-уми шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Маркази савдо ва хизматрасонии ба номи “Абубакр” -ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муртазо Амонов бунёд карда шуда, аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки дар ин Маркази хизматрасонӣ ҳамчунин сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дорухона таъсис дода шудааст.

Бо ифтитоҳи он дар баробари таъмини 11 нафар аз сокини ноҳия бо ҷойи корӣ доимӣ ҳамзамон имкон фароҳам гардид, ки аҳолӣ маводи мавриди ниёзи аввалро аз ин маркази хизматрасонӣ харидорӣ намоянд.

Тибқи нақша дар таҳхонаи ин маркази хизматрасонӣ оянда фурӯши масолеҳи сохтмонӣ низ ба роҳ монда мешавад.

Дар ошёнаи сеюм бошад, маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхона дар назар аст.

Бунёди Маркази савдо ва хизматрасонӣ дар маҳаллаи 5-уми шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод соли 2015 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонии он даҳҳо нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси ватандӯстонаи соҳибкорӣ маҳаллӣ баҳои баланд дода, барои анҷом додани чунин иқдомҳои созанда ба хотири сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.

Дар навбати худ соҳибкор Муртазо Амонов иброз дошт, ки дар доираи дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳибкорони ватанӣ кӯшиш бар он менамояд, ки оянда низ дар пешрафту ободии ин гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ саҳмгузор бошад.

Бинои Маркази савдо ва хизматрасонӣ бо санъати баланди миллию меъморӣ бунёд карда шуда, ба маркази ноҳияи Нуробод-шаҳраки Дарбанд зебогии дигар зам намудааст, ки нишона аз татбиқи амалии “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад.


Вернуться назад