Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон дар давраи садорати худ ба пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва беҳтарсозии мушорикат дар ин самт мусоидат хоҳад кард»

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон дар давраи садорати худ ба пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва беҳтарсозии мушорикат дар ин самт мусоидат хоҳад кард»


15-06-2019, 13:34.
Имрӯз дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар давраи садорати худ ба пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва беҳтарсозии мушорикати кишварҳоямон дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Дар ин росто, ба иттилои Пешвои миллат, аз ҷониби Тоҷикистон бо манзури шиносоии васеи намояндагони давлатҳои аъзои МҲТБО бо мероси фарҳангӣ-таърихӣ ва захираҳои ғании табиии мамлакат, инчунин таъсиси замина барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҷадиди ҳамкорӣ дар ин самт чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.

Зимни суханронии Сарвари давлат изҳори умед карда шуд, ки вохӯрии имрӯза ба иштирокдорон ҷиҳати табодули таҷрибаи тайи солҳои шарокат дар доираи Машварат андӯхта ва муайянсозии самтҳои асосии фаъолияти муштараки минбаъдаашон оид ба таҳкими ҳусни эътимод, амният ва пешбурди раванди МҲТБО имконият фароҳам меорад.

Дар фарҷоми суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки Саммит барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ ва таҳкими абзорҳои ҳамкории бисёрҷониба ва мушорикати васеъ дар доираи ҳалли масъалаҳои умдаи МҲТБО такони иловагӣ мебахшад.
Вернуться назад