Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедовро ба ҳузур пазируфтанд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедовро ба ҳузур пазируфтанд


15-06-2019, 00:29.
Шоми рӯзи 14 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедовро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати ҳамкории байниҳукуматӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон изҳорӣ қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот муҳимтарин мавзуҳои марбут ба ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷонро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, нақлиёту инфрасохтори нақлиётӣ, гидроэнергетика, кишоварзӣ, алоқа, илму маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.
Вернуться назад