Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карданд


14-06-2019, 23:41.
14 июн дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карданд.

Дар ҷарёни мулоқот масоили муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар баррасӣ карда шуд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар барои рушду пешрафти муносибатҳои байнидавлатӣ аҳамияти муҳим дорад. «Итминон дорам, ки вохӯрии навбатии мо низ ба ин раванд такони ҷиддие хоҳад бахшид», изҳор доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, татбиқи амалии санадҳои қаблан имзошуда, ҳамкории ниҳодҳои ду кишвар дар роҳи густариши муносибатҳои гуногунҷанба ва тавофуқоти дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ ба дастомада, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.
Вернуться назад