Главная > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон > Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд


10-06-2019, 12:15.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим-Жомарт Токаевро ба муносибати пирузии устувораш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон сидқан табрику муборакбодӣ намуда, ба ӯ комгорӣ ва фаъолияти самарбахшро дар ин маснади сермасъули давлатӣ орзу намуданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо атрофи ҳолати имрӯзаву дурнамои муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар тамоми ҷанбаҳои ҳамкорӣ масири рушди бомуваффақиятро касб кардаанд, мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ҳамчунин омодагии ҷонибҳо барои идомаи муколамаи эътимодбахшу шаффофи байнидавлатӣ оид ба тамоми мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид гардид.

Дар ин зимн масъалаҳои саммити қарибулвуқӯи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Душанбе мавзӯи суҳбати сарони ду давлат қарор дошт.


Вернуться назад